Евгений Гросс
Таърихи таваллуд | 8 (20) октябр 1897 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 4 апрел 1972 (74 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Dmitry Rozhdestvensky[d] |
Ҷоизаҳо |
Евгений Фёдорович Гросс (8 [20] октябр 1897, Колпино, губернияи Санкт-Петербург[d] — 4 апрел 1972, Санкт-Петербург) — физикдони шӯравӣ, узви вобастаи АИ ИҶШС (1946).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишгоҳи Ленинградро хатм карда (1924), дар ҳамон ҷо ба фаъолияти корӣ оғоз намудааст (аз 1938 профессори). Ҳамзамон корманди илмии ин-тҳои физика ва техника (1944) ва нимноқилҳои ИҶШС (1964). Таҳқиқоти Евгений Гросс ба оптика ва спектроскопияи ҷисмҳои сахт бахшида шудааст. Дар натиҷаи пажӯҳиши парешхӯрди рӯшноӣ дар системаҳои конденсатсияшуда сохтор (структура)-и нозуки хатти парешхӯрди Рэлейро дар кристаллҳо ва моеъҳо (онро Л. И. Манделштам ва Л. Бриллюэн пешгӯӣ карда буданд), ки ба он парешхӯрди мавҷҳои ҳиперсадоӣ мусоидат мекунанд, кашф намуд (1930). Соли 1935 якҷо бо М. Ф. Вукс тайф (спектр)-и парешхӯрди басомадҳои хурдро дар кристаллҳо, ки ба лапишҳои байнимолекулавии панҷараҳои кристаллӣ вобастаанд, ошкор сохт («басомадҳои Гросс»). Евгений Гросс алоқаи байни парешхӯрди рӯшноӣ ва зуҳуроти релаксатсиониро дар моеъҳо таҳқиқ намуда, усули тавассути тайфи рӯшноии парешхӯрда муқаррар сохтани муддати релаксатсияи молекулаҳоро пешниҳод кард (1940), ки дар моеъҳои ғайриқутбӣ татбиқ мешавад. Ӯ тайфҳои электронии кристаллҳоро таҳқиқ намуда, дар кристаллҳои нимноқилӣ мавҷуд будани экситонҳои Ванйе-Моттаро исбот кард. Минбаъд хосиятҳои экситонҳо ва мавқеи онҳоро дар зуҳуроти физикӣ (фотоноқилият, люминессенсия ва ғ.) дақиқ таҳқиқ намуда, дар онҳо мавҷуд будани диамагнетизм, ионизатсияи майдони электрии беруна, инверсияи майдони магнитӣ ва ғ., инчунин тайфи оптикии биэкситонҳоро ошкор сохт.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1946), Мукофоти ленинӣ (1966). Бо ордени Ленин ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Спектр возбуждения экситонов в кристаллической решетке// Успехи физических наук. Т. 63. Вып.3 1957;
- Экситон и его движение в кристаллической решетке// Успехи физических наук. Т. 76. Вып.3. 1962.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гросс Евгений Фёдорович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Новиков Б. В. Судьба двух открытий: Очерк о Е. Ф. Гроссе. Л., 1988;
- Воспоминания о Гроссе (к 100-летию со дня рождения): [Сб.]. СПб., 1997.
- Зодагони 20 октябр
- Зодагони соли 1897
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 4 апрел
- Даргузаштагони соли 1972
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Ленин
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо