Авруосиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Евросиё)
Авруосиё
Нигора
Аҳолӣ евразиец, евразийка, Eŭraziano, Eurasian, eurasien, eurasienne, eurasiático, eurasiática, eurasiatici, ユーラシア人, 유라시아인, Euraziano, Evrazijec, Evrazijka ва Avrasya
Мавқеият Дунёи кадим
Баландтарин нуқта Ҷамолунгма
Нуқтаи чуқуртарин Баҳри мурда
Шумораи аҳолӣ
Ҳаммарз бо Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Австралия
Омӯхта мешавад дар Eurasian studies[d]
Масоҳат
  • 54 759 000 км²
Тасвири нақшаи мавқеият
Maximum temperature record 53,9 °С[2]
Minimum temperature record −67,7 °С[2]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Авруосиё

Авруосиё — материки калонтарини курраи Замин. Масоҳаташ қариб 54 млн км. кв. (зиёда аз сеяки тамоми хушкӣ). Дар мамлакатҳои Авруосиё қариб аз се як ҳиссаи тамоми аҳолии дунё зиндагӣ мекунад. Авруосиё аз ду қитъаи олам — Аврупо ва Осиё иборат аст. Пайдарҳамии массивҳои хушкӣ, ягонагии бисёр протсесҳои иқлимӣ, умумияти инкишофи олами органикӣ ва ғайра зарурияти бо як ном ифода кардани материкро ба миён овард. Мафҳуми «Авруосиё», км гелоги Австриягӣ Э. Зюсс соли 1883 ба геология ва география дохил кард, аз ҳар ҷиҳат мувофиқ буд. Ба Авруосиё ҷазираҳои сершумор дохил мешаванд, ки масоҳати умумиашон ба 2,75 млн.км.кв. мерасад. Табиати Авруосиё, аз сабаби дар байни арзҳои экваторию арктикӣ ҷойгир шуданаш, хеле гуногун аст. Дар Авруосиё қуллаи баландтарини ҷаҳон — қуллаи Ҷомолунгма (8848 метр баландӣ дорад), ҷойи аз ҳама пастии хушкӣ — Майит (-395 метр), кӯли калонтарин — Каспий (371 ҳазор км.кв), кӯли аз ҳама чуқур — Байкал (1620 метр), ҷойи аз ҳама сернами Замин — Черапунҷӣ дар Ҳиндустон (бориши солонааш қариб 12 ҳазор мм) ва биёбонҳои беоби нимҷазираи Араб воқеъанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]