Jump to content

Елизавета Чистова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Елизавета Чистова
Таърихи таваллуд: 31 август 1915(1915-08-31)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1999
Маҳалли даргузашт:
Касб: ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо:

Елизаветта Дмитриевна Чистова (31 августи 1915, Петроград — 1999, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1956), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1967).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи театрии ба номи М. Горкийи шаҳри Маскавро соли 1937 хатм намуда, ба Тоҷикистон омад ва дар Театри навтаъсиси драмаи русии ба номи В. Маяковский ба кор шурӯъ кард, то соли 1982 саҳнаашро обод гардонд, дар беш аз 130 намоишнома ҳунар озмуд. «Мешанҳо», «Хонума», «Егор Буличев ва дигарон», «Фарзандони Ванюшин», «Машаҷон», «Ишқи маккорона», «Ҳайвонотхонаи шишагин», «Бархезу бихон», «Ба оянда роҳ кушо», «Соли даҳшатовар», «Мерос», «Мазҳакаи куҳна», «Гунаҳкорони бегуноҳ», «Муфтхӯрон», «Хонадоршавӣ», «Қаториҳо», «Сенздаҳум», «Дили сагона», «Ҳукми ҷаҳолат» аз зумраи спектаклҳоанд, ки номрафта дар онҳо яке аз нақшҳои марказиро бозидааст. Хидматаш дар тарбияи актёрони ҷавон калон аст.

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.