Жанрҳои фотожурналистика
Жанрҳои фотожурналистика – навъи инъикоси олами атроф тавассути ороишгарӣ.
Аз рӯйи вазифаҳои мушаххас фарқ мекунад. Масалан, асоси акси хабар – факти воҳид, фоторепортаж – воқеа ва очерк – зуҳурот аст. Аломати дигар характери инъикос аст. Дар акси хабарӣ факт аксар дар шакли маҳдуд бо ҷудо кардани ҷузъи асосӣ пешниҳод мешавад, ки боиси ҷалби хонанда ба тамоми факт мегардад. Репортёри суратгир фактро ташреҳ медиҳад. Дар акси очерк лаҳзаи шахсӣ нисбатан пурра баён шуда, воқеият дар навъи ташреҳӣ нишон дода мешавад. Аломати сеюмро рангорангии композитсионии асари фотожурналистӣ ташкил медиҳад. Сохти композитсионии репортаж тарзи баргузории ҳодисаро нишон медиҳад, воқеияти онро собит месозад, аммо дар очерк акс ҳамчун аломати бавуҷудорандаи дараматизми сужа хидмат мекунад. Дар фотожурналистика ду навъи жанрҳо – ахборӣ ва публитсистиро ҷудо намудан мумкин аст. Ба навъи аввал акси хабарӣ, акси репортажӣ ва ба навъи дуюм – акси мухбирномаӣ, акси очеркӣ, фотомонтаж дохил мешаванд. [1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 77. ISBN-978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |