Жан Гужон
фр. Jean Goujon | |
Таърихи таваллуд | 1510[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 1567[2] |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Жан Гужо́н (фр. Jean Goujon; 1510[1][2], Руон[3] — 1567[2], Болоня) — бузургтарин ҳайкалтароши фаронсавии даврони Эҳё, муҷассамасози дарбори Ҳенрӣ II.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маълумоти ибтидоии ҳунариро дар Фаронса гирифта, эҳтимолан, ҳайкалтарошии антиқиро дар Итолиё омӯхтааст. Пардозкории Жан Гужон бо нафосату латофат аз шигарфии эҳёӣ фарқ мекунад. Бо номи ӯ чанд асарро марбут медонанд, ки маъруфтарини онҳо пас аз ҳамкории муштарак бо меъмор П. Леско ба вуҷуд омадаанд. Яке аз беҳтарин асарҳои Жан Гужон «Фаввораи бегуноҳон» (1547-49) дар Порис; ороиши муҷассамаии намоди ғарбии Лувр ва дохили он мебошад. Дигар корҳои маъруфи Жан Гужон: «Диана», пайкара дар дижи Ан; «Славаи парвозкунанда», нақши муқарнаси калисои хурд дар Экуан; нақшҳои муқарнаси меҳмонхонаи Линери (ҳоло Карнавал) дар Порис; санги мазори Луи де Брезе дар Руана ва ғ. Жан Гужон дар ороиши рисолаи Витрувий, ки соли 1547 дар Фаронса мунташир шуд, ширкат кардааст. Ӯ, ки протестант буд, соли 1560 аз бими таъқиб Порисро тарк кард ва сарнавишти баъдияш маълум нест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France Record #135078966 // BnF catalogue général (фр.) — Paris: BnF.
- ↑ LIBRIS — National Library of Sweden, 2018.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — 660 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Гужон Ж //Энциклопедический словар Брокгауза и Ефрона. В. 86 тт. (82 т. и 4 доп.). СПб., 1890—1907;
- Европейское искусство. Живопись. Скульптура. График. Энциклопедия. М., 2006.