Журналистикаи радио
Зоҳир
Журналистикаи радио – 1) навъи фаъолияти журналистие, ки асосаш маҳорати гузоришгарӣ (репортёрӣ) ва истифодаи моҳиронаи воситаҳои техникии радиошунавонӣ аст; 2) маҷмӯи барномаҳои радиоӣ, натиҷаи фаъолияти журналистони радио. Хусусияти асосӣ ва фарқкунандаи журналистикаи радиоӣ аз навъҳои дигари эҷоди журналистӣ чунин аст: сатҳи нисбатан баланди фаврият, хислати махсуси таъсири эҳсосӣ ба аудитория, рангорангии сохтории ҳалли композитсионии маводи журналистӣ, усулҳои махсуси ҷалби аудитория, формат ва амсоли ин. [1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 84. ISBN-978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |