Jump to content

Забони рошорвӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Забони рошорвӣ
Вазъ 4 severely endangered[d]
Таснифот
забонҳои ҳиндуаврупоӣ
забонҳои ҳиндуэронӣ
забонҳои эронӣ
забонҳои эронии шарқӣ
Забони рошорвӣ
Atlas of the World’s Languages in Danger 1436
LINGUIST List sgh-oro
ELCat 5866
Glottolog oros1238
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Забони рошорвӣ ё орошорӣ (rošorvi ziv) — забони гуфтугӯии сокинони мавзеи Рошорв дар соҳилҳои болооби рӯди кӯҳии Бартанг мебошад, ки ба забони бартангӣ наздик аст ва аз ин рӯ, онро таҳти истилоҳи «бартангӣ-рошорвӣ» низ ҳамчун яке аз забонҳои гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ тавсиф намудаанд. Бархе аз муҳаққиқон онро ҳамчун забони алоҳидаи гурӯҳи шуғнӣ-рӯшонӣ шарҳ додаанд. Деҳоти саргаҳи водии Бартанг, ки сокинонаш бо гӯиши наздик ба рошорвӣ такаллум мекардаанд, бар асари зилзилаи соли 1911 зери об монда, дар ин мавзеъ кӯли Сарез пайдо шудааст. Аз ин рӯ, сокинони ин деҳот ба дигар маҳалҳои Помири Ғарбӣ ва аксаран ба мавзеи Сариқӯли музофоти Шингони Чин кӯч баста буданд. Гуфтори зодагони деҳоти минтақае, ки бар асари зилзилаи соли 1912 зери об монд ва дар ҷои он кӯли Сарез (sarez) пайдо шуд, низ яке аз гӯишҳои забони рошорвӣ будааст[1][2].

  • Пахалина Т. Н. Памирские языки. — М.: Наука (ГРВЛ), 1969. — 164 с. — (Языки народов Азии и Африки).
  • Языки и этнография «Крыши мира». СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2005. — 112 с.
  • Payne, John, «Pamir languages» in Compendium Linguarum Iranicarum, ed. Schmitt (1989), 417—444.
  • Эдельман Д. И. Памирские языки // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: СЭ, 1990.
  • Мирзоуддинова С. Шеваи Хуфи забони рӯшонӣ.– Душанбе, 1988.
  • Соколова В.С. Рушанские и хуфские тексты и словарь. – М.-Л., 1959; Генетические отношения язгулямского языка и шугнано-язгулямской языковой группы. – Л., 1967.
  • Карамхудоев Д. Бартангский язык (фонетика и морфология). – Душанбе, 1973.
  • Зарубин И.И. Орошорские тексты и словарь // Памирская экспедиция 1928, вып 6. – Л., 1930; Курбанов Х. Рошорвский язык. – Душанбе, 1976.