Jump to content

Забеҳулло Нуруллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Забҳулло Нуруллоев)
Забҳулло Нуруллоев
Нуруллоев Забҳулло Хайруллоевич
Таърихи таваллуд 14 сентябр 1960(1960-09-14) (64 сол)
Зодгоҳ деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1982)

Забеҳулло Нуруллоев (Нуруллоев Забҳулло Хайруллоевич; тав. 14 сентябри 1960, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, номзади илмҳои иқтисодӣ (2004), дотсент. Мудири кулли ҶСП «Евразия»[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Забҳулло Нуруллоев 14 сентябри 1960 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи деҳа, факултети иқтисодии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда соли 1982 онро бо ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ» хатм намудааст.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1982—1983 лаборанти калони кафедраи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ», 1983—1986 ассистенти кафедраи «Ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ»-и Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1986—1990 аспиранти Академияи кишоварзии ба номи К. А. Тимирязеви шаҳри Маскав, 1990—1994 ассистент, 1994—2004 муаллими калони кафедераи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит»-и Донишгоҳои аграрии Тоҷикистон буд. Аз моҳи ноябри соли 2004 ба ҳайси дотсенти ҳамин кафедра фаъолият дорад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2004 дар мавзӯи «Таъминоти сармоягузории рушди корхонаҳои пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»[2] рисолаи номзади илмро ҳимоя кардааст.