Ноҳияи Файзобод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Файзобод
Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, соли 2017
Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, соли 2017
38°33′ с. ш. 69°19′ в. д.HGЯO
Кишвар Тоҷикистон
Тобеъи НТҶ
Шомили 2 шаҳрак, 7 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Файзобод
Роҳбар Мансур Каримзода
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 14 июни соли 1931
Масоҳат 874,11 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 111 700[2] нафар (2022)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа FA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.FA
Коди телефон +992 3135
Нишонаи почта 735413
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ08
Вебгоҳи расмӣ
Ноҳияи Файзобод дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Файзобод (форсӣ: ناحیۀ فیض‌آباد‎) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон. 14 июни соли 1931 таъсис ёфтааст. Аҳолиаш 94 500 нафар (соли 2016), тоҷикон, масоҳаташ 874,11 км². Маркази маъмуриаш — шаҳраки Файзобод, ки 50 км шарқтар аз шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст.

Мавқеи ҷуғрофиёӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳудуди ноҳия дар ҳавзаи болооби дарёи Элок (шохоби чапи Кофарниҳон) ва соҳили рости дарёи Вахшу обанбори Норак дар водии Рашт ҷой гирифта аст. Дар шимол ва ғарб бо ноҳияи Ваҳдат, дар шарқ — бо ноҳияи Роғун, дар ҷануб — бо ноҳияҳои Норак ва Балҷувони вилояти Хатлон ҳаммарз аст.

Иқлим[вироиш | вироиши манбаъ]

Релефаш кӯҳист. Қисми шимоли ғарбиро нишебиҳон ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Қаротегин (баландиаш то 300 — 3500 метр) ва қисми ҷануби шарқиро Сурхкӯҳ (2500 — 3000 метр) ишғол кардаанд. Дар байни ин кӯҳқо ҷамоатҳои деҳоти Қалъаидашт, Мискинобод (баландиаш аз сатҳи баҳр 1100—1700 метр) воқеъ гаштаанд. Дар ноҳия чашмаҳои обашон аз пайвастгиҳои химиявӣ бой (Файзобод, Қӯруғ) мавҷуданд. Оби чашмаи деҳаи Меҳробод (номи пештарааш Гумбулоқ) ҳамчун оби минералии нӯшокии «Файзобод» машҳур аст. Иқлими ноҳия вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Сардии ҳаво зимистон (феврал) 20° — 26° буда, тобистон 33° — 38° (июл) гарм аст.

Табиат[вироиш | вироиши манбаъ]

Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод
Боғи себ дар айни шукуфоӣ. Деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод

Калонтарин рӯди ноҳия Элок аст. Сарҳади ҷанубию шарқии ноҳия қад-қади дарёи Вахшу обанбори Норак мегузарад. Дар заминҳои болооби ҳудуди деҳоти Қалъаидашту Мискинобод эфемерҳо, шутурхор, ҷорӯбак, ғеша, шӯраю шибоғ мерӯянд. Дар Мискинобод ва дараҳои Хамисавра, Яккабед, Тахтаҳо, Ҷавчӣ ва ғайра чормағз, олӯча, дӯлона, бодоми талхак, санҷид, себ, туғ, настаран, камол, ангури сагак, рӯян, сияҳхор ва ғайра бисёранд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Даромадгоҳи ноҳияи Файзобод
Даромадгоҳи ноҳияи Файзобод
Эмомалӣ Раҳмон
Ноҳияи Файзобод таърихи бою рангине дорад ва табиати зебо, 
касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ёдгориҳои таърихии он дар бисёр 
сарчашмаҳои илмӣ аз ҷониби сайёҳону таърихнигорон ба некӣ 
ёд шудаанд. Дар домани ин куҳандиёр манзараҳои зебову камназир 
зиёд буда, захираҳои сайёҳии ҳудуди ноҳия ба тарғибу ташвиқ 
ва сохтмони инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ниёз доранд. Чунонки 
медонед, дар наздикии маркази ноҳия мақбараи Ҳотами Асам ҷойгир 
аст. Доир ба шахсият ва мақоми ирфонии ин шахсияти шинохта 
Фаридаддини Аттор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мавлавӣ Ғулом Сарвари Лоҳурӣ 
маълумоти ҷолибе додаанд. Мақбараи мазкур ба садаи XV тааллуқ дошта, 
аз ҷониби олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ мавриди таҳқиқ ва омӯзиши 
ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Ғайр аз ин, дар қаламрави ноҳия шаҳри 
бостонии Вашгирд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, мавҷуд буда, 
то ҳол дар сатҳи зарурӣ омӯхта нашудааст. Ободсозии мақбара ва 
омӯзиши амиқи шаҳри куҳани Вашгирд боз як саҳифаи таърихи 
ватанамонро равшан намуда, метавонад ба мавзеи ҷолиби сайёҳон ва 
ҳаводорони таърих табдил ёбад. Дар робита ба ин, Вазорати фарҳанг 
ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор 
карда мешаванд, ки ҷиҳати идомаи корҳои таҳқиқотӣ ва ободу зебо 
гардонидани гирду атрофи ёдгориҳои таърихии дар ҳудуди ноҳия 
кашфшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
10 апрели соли 2014

Дар китоби қиматарзиши Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» омадааст, ки шаҳри Вашгирд, ки миёни дарёҳои Кофарниҳону Вахш ҷой доштааст, баробари Чағониён, Аҳорун, Шумон, Кумод дар он замонҳо як ҳукумати ба сари худ мустақили сиёсиро ташкил мекардааст.

Бостоншинос Юсуф Ёқубов баъди таҳқиқи харобаҳои Вашгирд чунин хулоса мебарорад: «Возеҳ гардид, ки ин шаҳр дар аввали асри яки мелодӣ ба вуҷуд омада дар асрҳои IХ — ХII яке аз марказҳои калонтарини маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва савдо дар Бохтари Шимолӣ ба шумор мерафт. Шаҳр аз се қисмат иборат буд: диз (қалъа), шаҳристон ва работ. Дизи шаҳр ҳоло ба номи „Қалъаи сангин“ машҳур аст. Дар охир таъкид мекунам, ки дар Тоҷикистон ба монанди харобаҳои Вашгирд шаҳри қадиму калон нест».

Тазкиранавис Ал — Истахрӣ Вашгирдро шаҳре медонад баробари Тирмиз ва аз Ҳисор бузургтар. Ҳамчунин аз маълумоти ӯ равшан мегардад, ки дар асри Х Пули Сангин (дар Норак) сарҳади табиии байни Хуталон ва Вашгирд будааст. Бостоншинос Давлатхоҷа Довудӣ бошад, баъди ҳафриёти харобаҳои Вашгирди куҳан ба чунин хулоса омадааст: «Дар асрҳои миёна дар Бохтари қадим се вилояти бузургу бонуфуз буд — Хатлон, Чағониён ва Вашгирд. Аммо дар замонҳои қадим аз ҳама бонуфузтарин вилояти ин минтақа маҳз Висагард (Вашгирд) будааст. Хулоса, аз асри III—II то милод ва то асрҳои VI — ХVI шаҳри Вашгирд обод буда, Қалъаи сангин, Қалъаи Фотимаи Зуҳро ва шаҳристону работ дошт. Ба ҳайати вилояти Висагирди қадим на танҳо ноҳияи имрӯзаи Файзобод, балки ноҳияҳои гирду атроф — аз Кабудҷар то Душанбею Ҳисор дохил мешуданд. Шояд вилояти Сурхандарё ва Тирмиз низ ба ҳайати Висагард дохил буданд ва ё ин ки аз лиҳози сиёсӣ тобеи шоҳи Висагард -Пирон ва авлодони ӯ буданд».

Устоди зиндаёд шоир ва мутафаккир Усмон Шарифзода нигоштааст: «Коваи Виштосп дар садаи VI-и пеш аз мелод шаҳре бо номи Вишгард (Висагард) бунёд кард. (Вис — ошиқ, гард ё гирд шаҳр гуфтан аст. „Шаҳри ишқ“ ё „Ошиқшаҳр“). Коваи Виштосп бошад, шоҳи Эронзамин буд, маънои номаш Вис ё Виш — Ошиқ мебошад… Бешубҳа, Вишгард ё Вашгирдро ҳамрадиф ва ҳаммаънои номи худ гузошта…

Дар садаи VI-и пеш аз мелод, пеш аз ислом, дар диёри Вишгард хат вуҷуд дошт. То Ислом ин ҷо ҳуруфе буд маълум ва марбут дар кутуб, мардумаш зардуштӣ буд. Инро олими тадқиқотчӣ бо номи Самъонӣ дар садаи XII исбот кардааст».

Оид ба қисми дуюми калимаи Вашгирд (гард, гирд) хаминро зикр кардан ба маврид аст, ки калимаҳо низ мисли мурғони осмонӣ метавонанд аз манзиле ба манзиле, аз диёре ба диёре, аз шаҳре ба шаҳре, аз забоне ба забони дигар кӯчанду парвоз кунанд ва омезиш ёбанду маскан гиранд. Бад-ин маънӣ метавон гуфт, ки калимаҳои русии город — шаҳр, градостроение — шаҳрсозӣ аз ҳамин калимаи гард (ё гирд) гирифта шуда, дар қисми дуюми калимаҳои шаҳрҳои русӣ, ба мисли Петро-град, Сталин-град, Ленин-град ва ғайра фаровон истифода шудааст.

Замони Шӯравӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро ва ташкил гардидани Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро, Файзобод яке аз туманҳои водии Ҳисор маҳсуб мешуд. Вақте Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон (соли 1924) ва Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) ташкил ёфтанд, ҳудуди имрӯзаи Файзобод (ба ғайр аз ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод) дар тобеияти ноҳияи Янгибозор (ҳоло шаҳри Ваҳдат) қарор дошт. Мустақилияти ноҳияи Файзободро Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон бо қарори № 32 аз 14 июни соли 1931 қонунӣ гардонд. Зери ин қарор Раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва котиби КИМ ҶШС Тоҷикистон А. Зиннатшоев имзо гузоштаанд. Ба тобеияти ноҳияи Файзобод нуҳ шӯродеҳот Файзобод, Гумбулоқ, Хоҷамард, Дубеда, Диишо, Шолипая, Норак, Чакалӣ, Меҳрозӣ, ва қисми деҳаҳои ҷамоати Якабед дохил мешуд. Маркази ноҳияи Файзобод деҳаи Дарагиён муқаррар карда шуд.

Бинои ҳукумат (солҳои 2008)
Бинои ҳукумат (солҳои 2008)

Моҳи январи соли 1963 ноҳияи Файзобод дубора бо ноҳияи Орҷоникдзеобод ҳамроҳ карда мешавад. Моҳи январи соли 1969 ҳамчун ноҳияи мустақил ташкил ёфта, то имруз арзи вуҷуд дорад. Ҳамзамон маркази маъмурии ноҳия аз Дарагиён ба Файзобод тағйири ном карда шуд.

Замони истиқлол[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2000 деҳаи Файзобод Шаҳрак эълон шуд.

Соли 2011 80-солагии таъсисёбии ноҳияи Файзобод ҷашн гирифта шуд. Мардуми Файзобод бо ҳунармандии худ дар тамоми мамлакат шуҳрат доранд. Намудҳои ҳунарманди кулолгарӣ, чубкорӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, гулдузӣ ва ғайраҳо мардум шуғл меварзанд.

Файз хезад доимо аз хоки Файзободи ман
Файзи Файзобод бошад хонаи ободи ман!

Ёдгориҳои меъморӣ ва таърихию фарҳангӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақбараи Хоҷаи Ҳотам
Мақбараи Хоҷаи Ҳотам

Файзобод, ки дар гузаштаи сеҳазорсола Вашгирд ном дошт, бо таъриху фарҳанги худ ифтихор менамояд. Оромгоҳи имрӯзаи деҳаи Саричашма, ки сатҳи як қисми масоҳати шаҳри қадим аст, дар қатори 27 мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин мақбараи Хоҷаи Ҳотам, Доробқалъа (воқеъ дар Қалъадашт), дахмаи хиштапазии асри Х (дар канортари соҳили дарёи Элок, рӯ ба рӯи деҳаи Қанғелӣ), масҷиди куҳнаи деҳаи Файзобод (асри 19), нимпайкараҳои Ҳикмат Ризо ва Дӯстмурод Алиев, ҳайкали барқади В. И. Ленин (дар маркази шаҳрак) ҳамчун ёдгориҳои меъморӣ, таърихию фарҳангӣ шинохта шудаанд.

Мақомоти идорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод.
Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, соли 2017

Сарвари ноҳияи Файзобод Раиси ноҳияи он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Файзобод — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Файзобод ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Тақсимоти марзию маъмурӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳудуди марзию маъмурии ноҳияи Файзобод ба 8 ҷамоати деҳот (Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд, Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон Чашмасор, Қалъаидашт) ва 2 ҷамоати шаҳрак — Файзобод ва 30-солагии истиқлол тақсим мешавад.[3]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Файзобод
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳраки Файзобод 9 600 нафар (2016)[4]
шаҳраки 30-солагии истиқлол 15 878 нафар (2010)
Бӯстон 6 280 нафар (2010)
Вашгирд 4 590 нафар (2010)
Дӯстмурод Алиев 11 287 нафар (2010)
Қалъаи Дашт 10 948 нафар (2010)
Меҳробод 9 031 нафар (2010)
Чашмасор 5 522 нафар (2010)
Ҷавонон 11 339 нафар (2010)

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Суҳбати мӯйсафедон. Чойхонаи ноҳияи Файзобод
Суҳбати мӯйсафедон. Чойхонаи ноҳияи Файзобод

Бино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳия 94 500 ҳазор тан бошанда доштааст. Сокинони шаҳраки Файзобод 9 600 нафар ва аҳолии деҳоти ноҳия ҳамагӣ 85 000 нафар аҳолиро дар бар мегирад[4]. Мардуми ноҳияи Файзобод ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Аҳолӣ мусалмон буда, ҳамагӣ аҳли сунат ва ҳанафимазҳаб ҳастанд.

сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
89,9 92,3 101,4 103,6

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар иқтисодиёти ноҳия соҳаи кишоварзӣ мавқеи асосӣ дорад. Махсусан, чорводорию мурғпарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, боғу токдорӣ, ғаллакорӣ рушд дорад.

Корхонаҳои саноатии ноҳия ҶСК «Хидмат», ду сехи нонпазӣ, заводи хишт, заводи шарбати Файзобод, ҶДММ «Гулоб», ҶДММ «Оби Файзобод», заводи коркарди шири «Суҳроб-2010», заводи коркарди ғалладона мебошанд. Дар ҳудуди ноҳия идораҳои хоҷагии ҷангал, стансияи таҷрибавии ниҳолпарварӣ, Пойгоҳи Института хокшиносии назди Академияи илмҳои кишоварзи ҶТ, стансияи обу ҳавосанҷӣ ҷой гирифтаанд.

Бинои Филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳияи Файзобод
Бинои Филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳияи Файзобод

Маориф[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли хониши 2010 дар ноҳия 40 муассисаи миёнаи умумӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 12 мактаби ибтидоӣ, 1 мактаби варзишӣ, 3 муассисаҳои таълимии томактабӣ, маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, литсейи касбҳои техникии № 24, муассисаи давлатии «Гимназияи Файзобод», филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Вахдат, Маркази корҳои берун аз мактаб фаъолият доранд. Ба 19323 нафар хонандагон 192 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.

Тандурустӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Маркази саломатии ноҳияи Файзобод

Дар ноҳия як беморхонаи марказӣ ва ду беморхонаи минтақавӣ (Мискинобод ва Меҳробод) 200 кат маҷуд аст. Дар 46 муассисаи тандурустӣ (аз ҷумла 8 маркази саломатӣ, 29 хонаи саломатӣ, 5 маркази соҳавӣ) 80 нафар духтурони дорои маълумоти олӣ ва 316 нафар бародари шафқат ва ҳамшираҳои тиббӣ ба мардум хидмати тиббӣ мерасонанд.

Фарҳанг[вироиш | вироиши манбаъ]

Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод

Дар ноҳия 17 китобхона, 5 хонаи фарҳанг, осорхона, театри халқӣ, Мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев, Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод ба номи Нигина Рауфова, боғи фарҳангу фароғатӣ ба сокинони ноҳия хидмати фарҳангӣ мерасонанд. Захираи умумии китоб дар китобхонаҳо 81000 адад мебошад, ки беш аз 30 ҳазор нусхааш тоҷикӣ аст. Инчунин дар ноҳия театр — студияи ҳаҷвии «Шаҳрошуб», ансамбли мақомсароён, ансамбли фалаксароён, ансамбли этнографии карнайнавозон фаъолият доранд.

Дар ноҳия истироҳатгоҳи бачагонаи «Дурахшон» амал мекунад, ки дар он дар ду баст 200-нафарӣ хонандагон истироҳат мекунанд.

Варзиш[вироиш | вироиши манбаъ]

Замони истиқлол дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия 20 майдони варзишии футбол, 10 майдончаи волейбол ва дар назди муаасисаҳои таълимӣ 40 майдончаи футбол, 41 майдончаи волейбол ва 6 майдончаи баскетбол сохта ба истифода дода шуд. Шумораи толорҳои варзишӣ дар ноҳия ба 22 адад мерасад.

Дар мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳия намудҳои варзиши  волейбол, гӯштини ҷудо, самбо, гӯштини миллӣ, шоҳмот, футбол ва тениси рӯи миз дар 41  гурӯҳ таълим дода мешавад. Ҷаъман  450 нафар варзишгар, аз ҷумла  21 нафар духтарон дар ин муассиса ба машқу тамрин машғуланд.

Варзишгарони ноҳия дар 25 соли истиқлол имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилӣ  иштирок намуда, 20 медали тило, 34 медали нуқра ва 112 медали биринҷӣ ба даст оранд. Варзишгарон Мавлуда Саъдуллоева, Азизулло Икромов, Умед Қаландаров, Ҳукумзода Саидмаҳмуд, Раҳмоналӣ Чақалов, Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Алидод Рабиев, Наврӯз Ҳомидов, Одиназода Азмиддин, Амриддин Абдуллоев, Маҳмадулло Қаландаров, Шарифзода  Исфандиёр, Маҳмадалӣ Мирзоев, Нематулло Икромов, Саидбек Ганҷов ва даҳҳо нафари дигар дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардида эътибори ноҳияро баланд бардоштаанд[5].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]