Jump to content

Завоид ва фавоид-ул-ашара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Завоид ва фавоиду-л-ашара» («Даҳ фоида, даҳ дастур») — рисолаи илмӣ ва амалии мусиқӣ мансуб ба Хоҷа Абдулқодири Мароғӣ Гӯянда (, 1356-1435) буда, соли таълифаш тахм. 1428-29, настаълиқи хоно, чанд бор нусха бардорӣ шудааст. Нусхаҳои комили он:

  • Мадрасаи сипаҳсолор (Теҳрон), ш: 565: 1 141:5, хаттот Фатҳулло ибни Абӯязиди Шобиронӣ, с. 845 ҳ.; Китобхонаи мулк (Теҳрон), Ш: 1476, 14-моҳи сафари 1283;
  • Китобхонаи миллии фарҳанги Теҳрон (сурат-филм, Ш: 2927);
  • Китобхонаи Нури Усмония (Туркия, сурат-филм, Ш:491), забонаш форсии-тоҷикӣ.
  • Рисолаи «З.» аз таълифоти муҳиму назарии Хоҷа Абдулқодири Мароғӣ буда, доир ба масоили шакл, анвоъ ва жанрҳои шеърию мусиқӣ, сохту таркиботи онҳо, усули эҷод, қавонини эҷоду иҷроии мусиқӣ ва ғ. баҳс менамояд. Аз лиҳози тафсиру баррасии мавзӯоти мусиқӣ «З.» нисбат ба таълифоти мусиқии Хоҷа Абдулқодир мураккабӯ фаннитар буда, дар ин рисола ӯ то ҷое бисёр масоили мусиқиро ҷиддитар тавзеҳ додааст, ки ин равиши таҳқиқӣ дар Муқаддимаи «З.» зикр ёфтааст. Бинобар ба нус-хаҳои маҳфузмондаи «З.» он аз муқаддима, ки се асл таркиб ёфта, дар асли аввал («Дар маънии лафзи мусиқӣ») бештар шарҳи вожаи мусиқӣ мӯҷазу фаннӣ омада, дар асли дуввум («Дар баёни мавзӯи мусиқӣ») тавсифи мусиқӣ чун илм, ки масоили савт, эҷоди савт, усули эҷоди он ва ғайра баррасӣ шуда, дар асли саввум («Дар баёни мабодии мусиқӣ») асосан он идомаи асли дуввум буда, хулосаҳои таҳлилӣ ва амалии муаллиф дар иртибот ба масоили эҷоди мусиқист. Дар «мақола», ки дар ду фасл буда, мавзӯоти муҳими назарию амалии созу овозро («Дар шарҳи нағамот ва адвор», «Дар шарҳи овоз, иқоъот» ва ҳар як аз ин мавзӯот ба чанд асл табақабандӣ шудаанд) дарбар гирифта, ҷараёни эҷоду иҷрои жанр, шакл, анвои мусиқӣ, таркиботи лаҳнӣ, усули тадриси таркиботи мусиқӣ, махсусиёти нағмаҳои қавлию феълӣ, зарб ва маҷмӯи зарбӣ дар мусиқӣ, таносубҳои зарбию вазнӣ дар шеъру мусиқӣ, усулҳои маъмул ва ғайримаъмул, тарз ва равиши эҷоду иҷрои зарбҳои мусиқӣ, маҳорати иҷроӣ, ҳофизаи мусиқӣ ва иҷроӣ, дарки матн ва истифо-даи ифодаю тасвироти бадеӣ дар ҷараёни иҷро, ниҳодҳои ҳунарӣ, хуниёгарии устодона ва ғайри-устодона, тазмин ва назираи мусиқӣ, мизон ва таносубҳои назираи мусиқӣ, бадоҳа ва бадоҳаса-роӣ (бадоҳанавозӣ), нигаҳдошти меъёри бадоҳа-сароӣ, таъсиру бардошти инсонҳо аз мусиқӣ, гурӯҳбандии сомеъон, диди мусиқӣ ва масоили ди-гар мавриди таҳлилу баррасӣ шудаанд. Хоҷа Абдулқодир, ки ба таҳаввулоти эҷодию иҷроӣ, таҳқиқии ҳавзаҳои ҳунарӣ, мактаб ва сабкҳои эҷодии Самарқанд, Ҳирот, Марву Балх, Шероз, Табрез ва ғ. тасаввурот дошт, дар ҷараёни ниго-риши рисолааш «З.» ин дастоварду диду бардош-тҳои ҳунарии ас. 14-15 натиҷагирӣ шуда, дар иртибот масоили амалию назарии созу овоз нуктаҳои тозаи таҳқиқӣ додааст. Дар ҷараёни нусхабардорӣ, китобати «З.» хаттотон онро ба асари дигари Хоҷа Абдулқодир «Шарҳи Адвор», «Ҷомеъу-л-алҳон» омехта намуда, баъзан чун илҳоқ нусхабардорӣ кардаанд. «З.» то имрӯз чун асари алоҳида тадвину таҳия ва нашр нашудааст.

Муҳаммадтақии Донишпажӯҳ, Садусианд асари форсӣ дар мусиқӣ, Теҳрон, 1350: Абдулқодири Мароғӣ, Мақосиду-л-алҳон, Теҳрон, 1354; Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1376; Абдулқодири Мароғӣ, Завоиду-л-фавоид, дастхат, ш: 565:1. Китоб. Мадрасаи Сипаҳсолор (Теҳрон).[1]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 70 ISBN 978-99947-49-13-3