Jump to content

Завқии Тунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Завқии Тунӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Мавлоно Муҳаммадамин Завқии Тунӣ (форсӣ: ذوقئ تونی‎; ? — 1571/72, Лоҳиҷони Эрон) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тазкираҳо аз Завқии Тунӣ чун шахси таҳсилкарда, донишманд, огоҳ аз илмҳои расмии давр ёд шудааст. Баъди таҳсили илм ӯ дар қатори «уламои киром» ва «фузалои изом» ҷо гирифт. Ӯ чун донандаи илмҳои ҳикмату калом шуҳратманд гардида буд. Дар шеъру шоирӣ Мавлоно Ҳузнии Исфаҳониро устоди худ медонист. Муддате дар ш-ҳои Кошону Гелон зиндагӣ кардааст. Шоири нуктасанҷу нозукадо буд. Дар сурудани анвои гуногуни шеър, махсусан, ғазалҳои ишқӣ маҳорат доштааст. Ашъори Завқии Тунӣ бо сабки «вуқӯъгӯӣ» (реализм) ба тарзи восӯхт нигошта шудаанд. Абёти зер аз ӯянд:

Метавонам, ки пайи он гули раъно наравам,
Бо тағофул чу зи ман бигзарад, аз ҷо наравам.
Ончунон нестам акнун, ки чу аз ман гузарад,
Дилам ором нагирад, зи паяш то наравам.
Аз ҷафоҳош чунонам, ки ба бозор имрӯз
Юсуф ар ҷилва намояд, ба тамошо наравам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]