Зайнуддин Махдуми Нишопурӣ
Намуди зоҳирӣ
Зайнуддин Махдуми Нишопурӣ |
|---|
Зайнуддин Махдуми Нишопурӣ (форсӣ: زین الدین مخدوم نیشاپوری; ?, Ҳирот — 1513) — хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аслан зодаи Ҳирот буда, яке аз муқаррабони Алишери Навоист. Нозукиҳои санъати хаттотиро аз Султоналии Машҳадӣ омӯхтааст. Дар навиштани хатҳои сулс, тавқеъ, риқоъ, райҳон, зулф, насх ва настаълиқ шуҳрат пайдо карда буд. Асарҳои зиёди донишмандону бузургони гузашта ва муосиронашро китобат карда, дар инкишофи санъати хаттотӣ саҳми бузург гузоштааст. .
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- айнуддин Махдуми Нишопурӣ / С. Султонов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.