Зайнулъобидини Мароғаӣ
Таърихи таваллуд: | 1840 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1910 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | румоннавис, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Зайнулъобидини Мароғаӣ (форсӣ: زینالعابدین مراغهای; 1840, Мароға, Устони Озарбойҷони шарқӣ — 1910, Мароға, Устони Озарбойҷони шарқӣ) — нависанда ва маорифпарвари эронӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1854 баъди хатми мактаби миёна дар дукони падараш ба тиҷорат машғул буд. Ҳамчун тоҷири мустақил ба ш-ҳои Ардабил ва Тифлис сафар кардааст. Дар Тифлис тиҷораташ равнақ ёфт. Баъдтар муовини консул дар ш. Кутаисии Гурҷистон таъйин гардид. Ӯ нахуст ба Қрим ва аз он ҷо ба ш. Ялта сафар карда, бо номи «тоҷири боинсофи эронӣ» машҳур шуд. Дар Ялта беш аз 20 сол зиста, забони русиро омӯхт ва ба афкори фалсафию маорифпарварии Руссияву Аврупо ошно шуд. Ӯ бо аҳли хонаводааш соли 1904 ба Истанбул рафта, бо рӯзномаҳои «Шамс»-и Истанбул ва «Ҳаблу-л-матин»-и Калкатта ҳамкорӣ ва мақолаҳои тезутунде оид ба вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Эрон нашр кард. Зайнулъобидини Мароғаиро романи интиқодӣ-иҷтимоиаш «Саёҳатномаи Иброҳимбек ва балои таассуби ӯ» (дар се ҷилд доир ба ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии Эрони охири қарни XX) маъруф кард. Романи ӯ зери таъсири реализми рус эҷод шудааст ва як падидаи тозае дар насри нави форсии Эрон дониста мешавад. Ҷилди аввал ва дуввуми он солҳои 1887, 1906 (бидуни зикри номи муаллиф) дар Истанбул нашр ва ба зудӣ дар тамоми қаламрави кишварҳои форсизабон паҳн гардид. Аммо хондани ин роман дар Эрон аз тарафи ҳукумат манъ карда шуд. Ҷилди севвуми роман соли 1909 дар Калкатта (бо зикри номи муаллиф) ба табъ расид. Романи «Саёҳатномаи Иброҳимбек» ба вазъи фарҳангии Эрон таъсири амиқ гузошт ва муҳаққиқон онро «аз авомили муҳимми шаклгирии наҳзати Машрута» донистанд. Романи мазкур барои рушди ояндаи насри достонии навини форсӣ заминаи мусоид гардидааст. «Саёҳатномаи Иброҳимбек» на танҳо дар Эрон, балки дар Афғонистону Осиёи Марказӣ низ шуҳрат пайдо карда буд. Ба гувоҳии устод Айнӣ ва Ҷалол Икромӣ ин китоб дар ибтидои қарни XX дар Бухоро паҳн гардида, онро равшанфикрони тоҷик бо иштиёқи беандоза мутолаа мекарданд. Ин роман соли 1988 ба тоҷикӣ низ баргардон ва чоп шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зайнулъобидини Мароғаӣ / О. Хоҷамуродов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.