Jump to content

Зайнулъобидин Шарифии Қазвинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зайнулъобидин Шарифии Қазвинӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис

Зайнулъобидин Шарифии Қазвинӣ (форсӣ: زین‌العابدین شریفی قزوینی‎; зод. Қазвин) — хушнавис ва настаълиқнависи эронӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зайнулобидин Шарифии Қазвинӣ навъҳои хатти настаълиқ ва хафиро хубу зебо менавишт. Чанд муддат дар доруттаълифи вазорати Носируддиншоҳ (1831—1895) ва Музаффаруддиншоҳ (1852—1906) вазифаи котибиро иҷро кардааст. Аз рӯи хатти Зайнулобидин Шарифии Қазвинӣ китобҳои «Қонуну-р-риёзиёт фӣ сабили-л-ҳидоят» (бо хатти настаълиқ, 1893), «Девон»-и Ҳофизи Шерозӣ (1896), «Бустону-с-саёҳат»-и Зайнулобидини Шервонӣ, «Девон»-и Ҳаким Сурӣ (бо хатти хафӣ, 1904), «Ибдоъу-л-бадоеъ»-и Шамсулуламо Қариб (1910), «Номаи Аҳмадӣ», «Аҳсану-л-ахлоқ» (1913), «Таърихи оламоро»-и Аббосӣ (1957, Теҳрон) ва ғ. чопи сангӣ шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]