Jump to content

Закии Мароғаӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Закии Мароғаӣ

Латифуддин Закии Мароғаӣ (форсӣ: لطیف الدین زکی مراغه‌ای‎; ? — 1210) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ниёгонаш аз мардуми Мароға буданд, аммо ӯ худ дар Кошғар ба дунё омад, дар ҳамон ҷо ба камол расидаас. Азбаски гузаштагонаш аз Мароға будаанд, ба ин шаҳр нисбат ёфтааст. Ситоишгари Санҷри Салҷуқӣ ва Муизуддин Муҳаммад ибни Соми Ғурӣ буд[1].

Закии Мароғаӣ

Бо Абулфараҷи Рунӣ ва Заҳири Форёбӣ ҳамаср ва дар сурудани қасида устоди тавоно будааст. Афвии Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» чанд қасидаи мадҳии Закии Мароғаиро ба тариқи намуна дарҷ кардааст, ки аз маҳорати баланди шоирии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Байти зериЗакии Мароғаӣ ба Абулфараҷи Рунӣ бахшида шудааст:

Соҳибқирони олами кофӣ туӣ, ки ҳаст
Гулзори дори хулд намудори шеъри ту...

Абулфараҷ дар ҷавоб қитъае бо ин матлаъ барои ӯ навишт:

Султони назму наср – Закӣ, он-к дар ҷаҳон
Доди сухан бидод ба меъёри шеъри хеш...

Дар тазкираи «Субҳи гулшан» ин рубоии Закии Мароғаӣ оварда шудааст:

Гӯӣ, ки бигӯ, чӣ гуна ашкат хун шуд?
Чун нест диле, бигӯ, чӣ гӯям, чун шуд?
Дар дидаи ман хаёли рухсори ту буд,
Ашкам чу гузар кард бар он, гулгун шуд.