Замингиёҳшиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Замингиёҳшиносӣ (форсӣ: زمین‌گیاه‌شناسی‎), геоботаника (юн.-қад. γῆ «замин» + βοτανικός «марбут ба гиёҳ»), ё фитосенология, ё фитососиология — як шохаи гиёҳшиносӣ, ки сохтор, инкишоф ва густариши рустаниҳоро дар рӯйи Замин таҳқиқ мекунад.

Таърих[вироиш]

Истилоҳи замингиёҳшиносиро соли 1866 олими олмонӣ А. Гризебах ба илм ворид кардааст. Оид ба мафҳуми замингиёҳшиносӣ фикру ақидаҳо гуногун мебошанд. Баъзе олимон (В. В. Алёхин, В. Н. Сукачёв ва дигарон) онро муродифи фитосенология, олимони дигар (мас., В. Б. Сочава) маҷмӯи ҷуғрофияи ботаникӣ меҳисобанд. Бархе аз олимон ба замингиёҳшиносӣ ҳамчунин экологияи рустаниро мансуб медонанд. Дар давраҳои аввали рушди замингиёҳшиносӣ намудҳо ва ба шароити муҳит тоб овардани наботот, инчунин хусусиятҳои фитотсеноз таҳқиқ карда шуданд. Набототшиноси лаҳистонӣ И. К. Пачоский (1891) замингиёҳшиносиро флорология, сипас фитосотсиология номид. Баъди ба илми мустақил табдил ёфтан (нимаи дуюми садаи XIX — аввали садаи XX), замингиёҳшиносӣ ба ду бахш — умумӣ ва махсус ҷудо шуд. Замингиёҳшиносии умумӣ қонунмандиҳои сохтори фитотсенозҳо (намудҳои рустаниҳо, таносуби намудҳо вобаста ба табақабандии амудию уфуқӣ, ҳамзистии намудҳои гуногуни наботот, хусусиятҳои синнусолӣ ва ғ.)-ро таҳқиқ мекунад. Тағйироти даврӣ ва бебозгашт, инчунин таснифи фитотсенозҳо низ мавзӯи пажӯҳиши замингиёҳшиносии умумӣ аст. Замингиёҳшиносии махсус қитъаҳои мушаххаси густариши наботот ва ошкор сохтани гуногуншаклии фитотсенозҳо дар онҳо, инчунин ҷойгирии ҷуғрофиёии рустаниҳо, таснифоти маҳалли (ҷузъи)-и фитотсенозҳо ва ғ.-ро меомӯзад. Замингиёҳшиносии махсус ба бешашиносӣ, марғзоршиносӣ ва ботлоқшиносӣ ҷудо мешавад.

Таърихи замингиёҳшиносӣ аз се давра иборат аст. Дар давраи якум (охири садаи XVIII — охири садаи XIX) тасаввурот дар бораи сохтор, гуногунӣ ва робитаи фитотсенозҳо бо муҳит пайдо шуд. Аввали садаи XIX табиатшиноси олмонӣ А. Ҳумболдт оид ба наботот ҳамчун унсури табиат ақидаи ҷолиб баён намуд. Чанде баъд набототшиноси швейтсарӣ О. Декандол назарияи мубориза баҳри ҳаёт дар рустаниҳо ва таъсири як рустанӣ ба рустании дигарро ба вуҷуд овард. Дар рушду тараққии замингиёҳшиносӣ натиҷаи пажӯҳишҳо дар соҳаҳои марғзоршиносию бешашиносӣ кумаки беандоза расонданд. Дар давраи дуюм (охири садаи XIX — аввали садаи XX) таҳқиқоти асосии замингиёҳшиносӣ аз дарёфти усулҳои тавсифу таснифи фитотсенозҳо иборат буд. Дар ин давра мафҳуми ассотсиатсия чун воҳиди таснифи рустаниҳо ба вуҷуд омад, аломат ва усулҳои омӯзиши фитотсенозҳо, муносибати тарафайни фитотсенозҳо ва муҳит, тағйироти куллии қабати набототи рӯйи Замин вобаста ба дигаргунии иқлим, хусусан яхбандиҳо дар Нимкураи шимолӣ, мавриди пажӯҳиши мутахассисон қарор гирифтанд; мактабҳои замингиёҳшинохтӣ (русӣ, фаронсавию швейсарӣ, англисию амрикоӣ, скандинавӣ) ташаккул ёфтанд, ки дар ривоҷи замингиёҳшиносӣ таъсири назаррас гузоштанд. Дар давраи сеюми рушди замингиёҳшиносӣ, ки аз солҳои 30 садаи XX оғоз меёбад, таснифоти нахустини тарзҳои таъсири рустаниҳо ба якдигар ба вуҷуд омад (В. Н. Сукачёв, 1956).

Имрӯз замингиёҳшиносӣ ба яке аз илмҳои пешрафта табдил ёфтааст. Харитаҳои гуногуни замингиёҳшинохтӣ таҳия карда шудаанд. Пажӯҳишҳои замингиёҳшинохтӣ вобаста ба мақсадҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Бисёр вақтҳо онҳо масоҳати бузургро фаро мегиранд; дар мавридҳои дигар фақат ба таҳқиқи киштзор ё ниҳолзорҳо иктифо карда мешавад. Замингиёҳшиносӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷуғрофия, экологияи рустанӣ, марғзоршиносӣ, бешашиносӣ, агрофитомелиоратсия пеш меравад. Арзёбии роҳҳои афзун гардонидани маҳсули наботот ва ташкил намудани фитотсенозҳои сунъӣ вазифаи асосии замингиёҳшиносӣ мебошад. Маълумоти замингиёҳшинохтӣ баҳри истифодаи пурсамари минтақаҳо муҳим аст.

Замингиёҳшиносӣ дар Тоҷикистон[вироиш]

Дар Тоҷикистон пажӯҳишҳои замингиёҳшинохтӣ ба нимаи аввали садаи XX рост меоянд. Соли 1930 дар ғарби ҷумҳурӣ Экспедитсияи маҷмӯии Тоҷикистону Помири АИ СССР таҳқиқоти нахустини замингиёҳшинохтӣ анҷом дод. Соли 1933 дар шарқи ҷумҳурӣ ва ВМКБ Экспидитсияи помирии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таҳқиқоти замингиёҳшинохтӣ анҷом дод. Пажӯҳишҳои В. Л. Комаров, Б. А. Федченко, Н. Ф. Гончаров, П. А. Баранов, А. И. Райкова, П. Н. Овчинников, К. В. Станюкович, замингиёҳшиносӣ замингиёҳшиносӣ Сидоренко ва дигарон дар бунёд ва истифода намудани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ аҳаммияти бузург доранд. Пажӯҳишҳои замингиёҳшинохтӣ дар Институти ботаника, биохимия ва физиологияи рустаниҳо, инчунин факултаҳои биологияи мактабҳои олии ҷумҳурӣ сурат мегиранд. Замингиёҳшиносҳои тоҷик харитаи набототи Помир ва кулли Тоҷикистонро тартиб додаанд, баҳри беҳтар намудани сифати чарогоҳҳои табиӣ тадбирҳо меандешанд, биология, фенология ва экологияи набототи минтақаҳои гуногуни ҷуғрофиёии ҷумҳуриро омӯхта, китобҳои зиёд нашр намудаанд, мас., «Беҳтар намудани чарогоҳ ва дарави алафзори водии Олой ва Помир» (Х. Юсуфбеков, 1968), «Бутта ва дарахтони мевадори Тоҷикистон» (В. И. Запрягаева, 1964), «Захираҳои ҷангали Помиру Олой» (В. И. Запрягаева, 1976), «Набототи кӯҳсори Тоҷикистон» (К. В. Станюкович, 1973) ва ғ.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Флора Таджикской ССР. Т. 5, 1. М. — Л., 1937;
  • Воронов А. Г. Геоботаника. М., 1963;
  • Основные проблемы современной геоботаники. Л., 1968;
  • Станюкович А. В. Растительность гор СССР. Д., 1973;
  • Наука Советского Таджикистана. Д., 1984;
  • Жуковский П. М. Ботаника. М., 2002;
  • Тихомиров Ф. К. Ботаника. М., 2008.

Сарчашма[вироиш]