Jump to content

Замини Иштар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Замини Иштар (аз лот. Ishtar Terra) — яке аз минтақаҳои асосии кӯҳии Зуҳра, ки аз рӯи андоза баъд аз Замини Афродита ҷой гирифтааст. Иттиҳоди байналмилалии ас­­­трономҳо соли 1979 онро ба шарафи илоҳаи Иштар (бузургтарин давлати асрҳои 24–22 то м., ки дар қисмати миёнаи Байнаннаҳрайн, марзи Ироқи имрӯза қарор дошт) ном гузоштааст. Кӯҳҳои баландтарини сайёра дар ҳамин минтақа ҷойгиранд. Замини Иштар дар нимкураи ба самти Замин нигарони Зуҳра (ҳангоми ба Замин наздик буданаш), дар наздикии Қутби шимол ҷойгир аст. Он аз шимол ба ҷануб дар ҳудуди 2500 км ва аз ғарб ба шарқ дар масофаи 8000 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ ба 8,5 млн км2 баробар буда, аз масоҳати Австралия бузургтар ва аз масоҳати Амрико хурдтар мебошад. Дар маркази Замини Иштар баландтарин кӯҳи сайёра – кӯҳи Максвелл (баландиаш 11 км) воқеъ аст. Дар самти ғарбии он пуштакӯҳи баланди Лакшми ҷой гирифтааст, ки онро аз шимол кӯҳи Фрейи, аз шимолу ғарб кӯҳи Акна ва аз ҷанубу шарқ кӯҳи Дану иҳота кардааст. Дар ташаккули релефи сатҳи Замини Иштар равандҳои тектонӣ, вулканӣ ва ба ҳам бархӯрдани астероидҳо мақоми хосса доранд. Пуштакӯҳи Лакшми эҳтимол пайдои ши вулканӣ дошта бошад, зеро вулканҳои азими Сакаҷавеи ва Колетт дар он ҷо қарор доранд. Дар кӯҳи Максвелл танӯраи зарбатии бо ҷинсҳои гудохташуда пӯшидашудаи Клеопатра ҷойгир шудааст, ки то 100 км тӯл кашидааст.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]