Замини Нав (галаҷазира)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Замини Навгалаҷазира дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар вил. Архангелски Руссия. Дарозиаш аз ҷанубу ғарб ба шимолу шарқ 925 км, дар байни б-ҳои Баренс ва Кара тӯл кашидааст. Галаҷазираи аз ду ҷазираи калон (Шимолӣ ва Ҷанубӣ) иборат буда, онҳоро (то 3 км) гул. танги Маточкин Шар ва ҷазираҳои хурд аз ҳамдигар ҷудо кардаанд. Дар ҷануб галаҷазираро гул. Дарвозаҳои Кар аз ҷазираи Вайгач ҷудо мекунанд. Масоҳати умумии ҷазираҳо 83 ҳазор км² (аз ҷумла ҷазираи Шимолӣ 48,9 ҳазор км², ҷазираи Ҷанубӣ 33,3 ҳазор км² ва ҷазираҳои хурд тақр. 1000 км² ). Бузургтарин нимҷазираи – Замини Гусин. Галаҷазира асосан кӯҳсор аст. Нуқтаи баландтарини Замини Нав дар ҷазираи Шимолӣ аз қисми ҷанубӣ то хал. Норденшелд то 1547 м, дар ҷазираи Ҷанубӣ то 1292 м мебошад. Замини Нав аз таҳнишастҳои давраи палеозой (регсанг, варақсангҳои гилӣ, оҳаксанг), баъзан интрузияҳои санги хоро (гранитӣ) таркиб ёфтааст. Ҷазираи Шимолӣ ва қисми ҷазираи Ҷанубӣ ба минтақаи биёбони арктикӣ мансубанд. Ботлоқзораш зиёд буда, 25 дарсадаш яхпӯш аст. Дарёҳо каманд, калонтаринашон: Безимянная, Гусиная, Митюшина, Промисловая, ки то умқашон ях мебанданд. Иқлими Замини Нав арктикии баҳрӣ, сард. Зимистонаш дуру дароз, шамоли сахт мевазад. Ҳарорати сардӣ ба –400 С мерасад. Ҳарорати миёнаи март (сардтарин моҳ) дар соҳили ғарбӣ то –150 С, дар соҳилҳои шарқӣ то –200 С; август аз 2,50 С, дар ҷануб то 60 С. Миқдори боришоти солона дар ғарб 200 мм, дар шарқ то 700 мм. Дар як сол зиёда аз 9 моҳ барфпӯш аст. Қариб 65 дарсади масоҳати ҷазираи Шимолиро пирях пӯшондааст ва дар ин ҷо бузургтарин сипари яхин дар Руссия ба вуҷуд меояд, ки дарозиаш 413 км, паҳнояш 95 км ва ғафсиаш то 300 м мешавад. Дарёи бузургтарини ҷазираи Ҷанубӣ – Безимянная. Кӯли калонтаринаш Гусиное. Дар ҳар ду ҷазира рустаниҳои гулдор, аз ҷумла лолаи қутбӣ ва ушна, дар водиҳо ва нишебиҳо дарахтони бед ва тӯс мерӯянд. Аз ҳайвоноти ширхор рӯбоҳи шимолӣ, лемур, гавазни шимолӣ ва хирси сафед, аз ҳайвоноти баҳрӣ нерпа, харгӯши баҳрӣ, тюлени греландӣ, морж, делфини қутбӣ (белуха), косатка (навъи наҳанг); аз моҳиҳо равғанмоҳӣ, шӯрмоҳӣ ва ғ. мавҷуданд. Дар нишебиҳои соҳили ғарбӣ дар давраи тобистон парандаҳои бисёр, аз қабили моҳихӯрак, ғоз, кайра, мурғобиҳои шимолӣ ва ғ. вомехӯранд. Дар Замини Нав пойгоҳҳои қутбӣ (Малые Камракулы, Русская Гаван, Мыс Желания) фаъолият доранд. Солҳои 1955–90 дар Замини Нав озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ ва ҳидрогенӣ (водородӣ) доир шуд. Замини Навро дар охири асри 11 ва аввали асри 12 муҳаққиқони рус кашф карданд. Дар Замини Нав бори нахуст дар нимаи дуввуми асри 19 ва аввали асри 20 аҳолӣ сокин шудааст. Аҳолии маҳаллӣ ненесҳо баъди таъсиси машқгоҳ ба дигар ҷойҳо кӯчонда шуданд. Тибқи маълумоти Барӯйхатгирии аҳолӣ (соли 2010) дар Замини Нав 2429 нафар сокин буда, танҳо дар ду маҳал – Белушя Губа ва Рогачёво зиндагӣ мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]