Замини дамдода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Замини дамдода — киштзори дамдода, заминест, ки бо мақсади аз алафҳои бегона тоза кардан ва нигоҳ доштани намии он муддати муайян дар он чизе намекоранд. Дам додани замин омили самараноки агротехникии баланд бардоштани ҳосилхезии хок, захираи оби он, беҳтар шудани сифати зироатҳои кишоварзӣ мебошад. Замини дамдодаро хушсифат шудгор карда, тибқи меъёр аз нуриҳои минералӣ ва органикӣ ғанӣ мегардонанд ва агар зарур бошад, ба он гербитсидҳо низ мепошанд. Замини дамдода холӣ ва банд мешавад. Замини дамдодаи холиро баҳор ё тирамоҳ пас аз ғундоштани ҳосил ё тобистони соли оянда шудгор карда, бо мақсади нигоҳ доштани барф дар он ҷуворимакка, офтобпараст ва дигар рустаниҳои қадкаш кишт мекунанд. Дар Замини дамдодаи банд нимаи аввали тобистон рустанӣ ва зироатҳои қадпаст мекоранд. Замини дамдодаи холӣ бештар дар ноҳияҳои иқлимашон хушк ва Замини дамдодаи банд дар ноҳияҳои сернам истифода мешавад. Дар шароити Тоҷикистон ҳар ду навъи Замини дамдода истифода мешавад. Дам додани замин қисми таркибии киштгардони зироат мебошад. Таҷрибаҳои илмӣ нишон додаанд, ки дар Замини дамдода ҳосилнокӣ то ду баробар меафзояд. Истифода аз ин усул бахусус дар хоҷагиҳои тухмипарвар муфид аст. Ҳоло дар Тоҷикистон замин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим шудааст ва хоҷагидорон заминҳои худро ихтиёран дам медиҳанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]