Замини корам
Замини корам — замине, ки барои кишти зироат мувофиқ буда, барои ба даст овардани ҳосил мунтазам кишт мешавад. Ба Замини корам замини дамдода, киштгардон, навкорам, полизӣ ва умуман замине, ки дар он метавон ҳама намуди зироати ба иқлим мувофиқро кишт кард, дохил мешавад. Замини корам аз ҳисоби аз худ кардани заминҳои нокорам, ҷангалҳои камарзиш, қитъаи ботлоқзорҳои хушконидашуда ва ғ. васеъ карда мешавад. Аз соли 2008 то соли 2015 дар ҷумҳурӣ 3199 га замини нав мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳосилнокии Замини корам бештар ба нами таркиби хок вобаста аст. Аз ин рӯ, илми кишоварзӣ барои афзудани ҳосилнокӣ бештар ба обёрии заминҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Майдони Замини корам маҳдуд буда, бо сабабҳои зиёд коҳиш меёбад. Яке аз сабабҳои дигари кам шудани Замини корам афзоиши босуръати аҳолӣ мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ дар зарфи ду даҳсолаи охир ҳудуди 100 ҳазор га замин шӯр шудааст. Ҳамчунин додани замин ба истифодаи касоне, ки қоидаҳои агротехникиро намедонанд, сабаби дигари коҳиши Замини корам дар кишвар гардидааст. Аз соли 1990 то соли 2016 дар Тоҷикистон Замини корам 150164 га кам шудааст, ки бештар аз 45 ҳазор га-и он заминҳои обӣ мебошанд. Тибқи маълумоти омории Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали соли 2017 дар кишвар 661471 га Замини корам ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 461155 га-и он заминҳои обӣ, боқӣ заминҳои лалмӣ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Замини корам // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 7. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.