Jump to content

Замини хироҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Замини хироҷӣ – як шакли заминдории хусусӣ дар Осиёи Миёна, ки дар раванди истилои араб пайдо шудааст. Замини хироҷӣ мулкест, ки халифа баъди забти минтақаи нав мувофиқи табъ ихтиёрдорӣ мекард. Ӯ метавонист ин заминҳоро ба мерос диҳад, ба касе абадӣ ё муваққатӣ бахшад ё фурӯшад. Заминҳое, ки моликашон дар ибтидои истилои араб исломро қабул карда буданд, инчунин заминҳои холию бикр, ки аз ҷониби шахсони алоҳида кишт мешуданд, аз ҷумлаи замини хироҷӣ буданд. Дар ҳама мавридҳо соҳиби Замини хироҷӣ ба хазина хироҷ ва ушр (нигар Даҳяк) пардохт мекарданд ва давлат шарики заминдор ба шумор мерафт. Замини хироҷиро мерос гузоштан, вақф кардан, фурӯхтан ва ба гарав мондан мумкин буд. Ҳангоми тақсими Замини хироҷӣ дар байни давлат ва заминдор ё фурӯхтани он 2,3 ҳисса ба соҳибмулк ё харидор расида, 2,3 қисми он ба моликияти давлатӣ табдил меёфт. Замини хироҷӣ пас аз сарнагуншавии Аморати Бухоро барҳам хӯрд.