Заминсанҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Заминсанҷӣ (форсӣ: زمین‌سنجی‎), геодезия (юн. γεωδαισία — тақсимоти замин, аз γῆ — Замин ва δαΐζω — тақсим мекунам) — илмест, ки шакл, андоза, сохтори дохилӣ, ҳаракатҳои уфуқӣ ва амудии қитъаҳо, майдони ҷозибаи Замин, усулҳои дар сатҳи Замин гузаронидани ченкуниҳои муҳандисиву хоҷагӣ ва дар барномаҳою харитаҳо тасвир намудани онҳоро меомӯзад.

Заминсанҷӣ маҷмӯи фанҳоро дар бар мегирад. Заминсанҷии назариявӣ ба таҳияи назария ва усулҳои муайян кардани шаклу андозаҳои Замин, шакл ва майдони ҷозибаи беруна ва тағйироти онҳо дар замон машғул буда, аз андозагириҳои дақиқи астрономию геодезӣ, ҷозибасанҷӣ (гравиметрӣ), радифҳои маснӯъ истифода мебарад. Заминсанҷии сфероидӣ (куравӣ) геометрияи эллипсоиди Замин, усулҳои ҳалли масъалаҳои заминсанҷиро дар сатҳи Замин ва дар фазои сечена, назарияи инъикоси онро дар сатҳи кура ва дар ҳамворӣ бо мақсади ворид намудани қиматҳои координатаҳои ҳамворӣ меомӯзад. Фанни «Амалҳои асосии геодезӣ» воситаю усулҳои андозагириҳои фавқуддақиқи геодезӣ, инчунин усулҳои коркарди математикии натиҷаҳои андозагириҳоро бо мақсади сохтан ва дар маҳал устувор намудани шабакаҳои геодезӣ дар бар мегирад (ин се фан маъмулан, мавзӯи асосии заминсанҷии олиро ташкил медиҳанд). Заминсанҷии кайҳонӣ (заминсанҷии радифӣ) масоили истифодаи мушоҳидаҳои радифҳои маснӯи Замин ва дигар ҷисмҳои кайҳониро барои ҳалли масъалаҳои илмӣ ва илмию техникӣ таҳқиқ менамояд. Топография воситаву усулҳои андозагирии заминсанҷиро бо мақсади тасвири сатҳи Замин дар нақшаҳо ва харитаҳои топографӣ меомӯзад. Заминсанҷии баҳрӣ масъалаҳои геодезиро дар ҳудуди Уқёнуси олам ҳаллу фасл менамояд. Заминсанҷии амалӣ усулҳои андозагириҳои геодезиро, ки ҳангоми ҷустуҷӯ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи иншооти муҳандисӣ, васлкунии таҷҳизот, инчунин истифодаи захираҳои табиӣ иҷро карда мешаванд, меомӯзад. Кори нақшбардорӣ (маркшейдерӣ) соҳаи заминсанҷӣ дар илми кӯҳкорӣ ва техника буда, бо андозагириҳои фазоию геометрӣ дар қаъри Замин ва инъикоси он дар нақшаҳо, харитаҳо ва дигар санадҳо машғул аст. Заминсанҷӣ масъалаҳои худро дар ҳамкорӣ бо илмҳои нуҷум ва гравиметрия (ҷозибасанҷӣ) ҳал мекунад (фаслҳои ин илмҳоро, ки масъалаҳои мувофиқи андозагириҳоро ба манфиати заминсанҷӣ таҳия менамоянд, масъалаҳои геодезӣ меноманд) ва бо харитасозӣ, геоиттилоот, фотограмметрия, зондгирии масофагӣ, илмҳои оид ба Замин, математика, физика ва ғ. робитаи зич дорад.

Олими машҳури Шарқ Абурайҳонӣ Берунӣ дар асари «Таҳдиду ниҳоёти-л-амокин ли тасҳеҳи масофати-л-масокин», ки мухтасаран «Заминсанҷӣ» меноманд, дар бораи усулҳои муайян кардани арзу тӯли географӣ, таърихи муайян кардани ҳаҷми Замин ва ғ. маълумоти зиёди ҷуғрофиёӣ овардааст. Ӯ бо усулҳои анъанавӣ ва кашфиёти худ беш аз шашсад мавзеъро чен карда ҷадвале сохта, андозаи Заминро хеле саҳеҳ чен кард. Дар инкишофи заминсанҷӣ олимони рус, аз ҷумла, А. А. Михайлов, М. С. Молоденский (асосгузорони гравиметрияи геодезӣ), И. Д. Жонголович (асосгузори усулҳои муайян кардани шаклу андозаҳои Замин дар асоси ахбори радифҳои маснӯъ), Ф. Н. Красовский ва А. А. Изотов (андозаҳои нави эллипсоиди Заминро муайян карданд) саҳми бузург гузоштаанд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ барои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти геодезия Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои асосиро корхонаҳои тобеи он – Институти лоиҳакашию таҳқиқотии «Фазо», Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз», ва Корхонаи аэрогеодезии «Душанбе» анҷом медиҳанд. Аз ҷониби муассисаҳои мазкур корҳои фотограмметрӣ (тайёр намудани нақша-суратҳо бо истифода аз аксҳои кайҳонӣ), корҳои геодезӣ, корҳои заминсозӣ (кадастри замини заминҳои кишоварзӣ, заминҳои шаҳру шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот, корҳо оид ба муайян намудан ва ба тартиб овардани сарҳадҳои заминистифодабарандагон ва маъмурӣ), омода намудани харитаҳои соҳавӣ барои истифода дар бахшҳои мухталифи корбарии замин ва ғ. анҷом дода мешаванд.

Яке аз дастовардҳои заминсанҷии Тоҷикистон аз тарафи Институти лоиҳакашию таҳқиқотии «Фазо» эҷод намудани тӯр (шабакаҳо)-и геодезии радифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯи координатии умумиҷаҳонии WGS-84 мебошад. Тӯри зикршудаи геодезӣ истифодаи васеи технологияи муосирро имконпазир мегардонад. Дар асоси Тӯри геодезии радифӣ пайвасткунии нақшавии аксҳои кайҳонӣ ва дар заминаи он тайёр намудани маводди харитавӣ ба роҳ монда шудааст. Ин шакли фаъолият имкон медиҳад, ки барои эҳтиёҷоти соҳаи кадастри замин маводди харитавӣ бо тарзи рақамӣ ва ранга дар миқёсҳои гуногун тайёр карда шавад. Инчунин дар авиатсия (ҳавонавардӣ) он имконияти парвоз бо хатсайри кӯтоҳтарин, муайян намудани мавқеи ҷойгиршавии объектҳо дар вақти дилхоҳ, имкони истифодаи асбобҳои муосир, ба монанди навигаторҳо, кор бо маводди харитавӣ бо истифода аз барномаҳои компютериро хеле осон мекунад.

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Куштин И. Ф., Куштин И. В. Инженернал геодезия, Ростов на Дону, 2002;
  • Киселев М. И., Киюшин Е. Б., Михелев Д. Ш., Фельдман В. Д. Инженерная геодезия . М., 2004;
  • Попов В. Н., Чекалин С. И. Геодезия, М., 2007. .