Заминшиносии давраи чорум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Геологияи давраи чорум, геологияи антропоген, антропоген (анг. Quaternary system) — давраи охирини эра (даврон)-и кайнозои таърихи заминшинохтии ҳоло идомадори Замин, ки ба системаи охирини эратемаи кайнозой мувофиқ аст; дар ҷадвали хроностратиграфӣ пас аз давраи (системаи) неоген меояд. Комиссияи байналмилалии стратиграфӣ– КБС (моҳи майи 2012) ва Иттиҳоди байналмилалии илмҳои геологӣ дар Сессияи 34-уми Конгресси байналмилалии геологӣ (КБГ) оғози давраи чорумро 2588 млн сол қабл маъқул шуморидааст.

Таҳнишастҳои чоруминро ҳамчун гурӯҳи мустақил бори аввал дар миёнаи садаи XVIII ҷудо намуда буданд. Соли 1760 олими итолиёӣ Ҷ. Ардуино ҳамаи ҷинсҳои кӯҳиро ба чор гурӯҳ тақсим намуда, ҷавонтарини онҳоро «қисми чоруми кӯҳҳо» номида буд. Соли 1825 бо пешниҳоди олими фаронсавӣ Ж. Денуайе таҳнишастҳои баъди севвумин ҳамчун системаи махсуси чорум ҷудо карда шуданд. Ч. Лайел соли 1830 истилоҳи таҳнишастҳои «навтарин» ва соли 1832 барои ифода намудани ҳамаи таҳнишастҳои аз плиотсен ҷавонтар, истилоҳи «плейсотсен»-ро пешниҳод намуд. Соли 1846 геологи швейсариягӣ Э. Фобс истилоҳи «плейсотсен»-ро танҳо барои ифода намудани таҳнишастҳои давраи яхбандӣ, ғайр аз таҳнишастҳои замони муосир, тавсия намуд ва минбаъд истилоҳи «плейсотсен» ҳамчун ифодагари таҳнишастҳои давраи яхбандӣ роиҷ гардид. Барои ифодаи таҳнишастҳои муосир П. Жерве истилоҳи «голотсен»-ро пешниҳод намуд. Соли 1922 А. П. Павлов пешниҳод намуд, ки истилоҳи «давраи чорум» бо истилоҳи «анропоген» ё «давраи антропоген» иваз карда шавад, зеро дар ин давра инсон арзи вуҷуд намудааст. Соли 1963 дар ИҶШС истилоҳҳои «чорум» ва «антропогенӣ» ҳаммаъно эътироф шуданд. Соли 1963 бо қарори КБС тамоми системаи чорумин ба қисмҳои асосии зайл тақсим карда шуд: чоруми поёнӣ – QI, чоруми миёна – QII, чоруми болоӣ – QIII ва муосир – QIV. Азбаски маънии истилоҳҳои «шуъба» ва «табақа» (ярус) дар ин нақша ба маънии шуъба ва табақаҳои системаҳои точаҳорум мувофиқ намеоянд, ин истилоҳҳо дар нақшаи системаи чорум мувофиқан бо мафҳумҳои «таҳнишаст» ва «қабат» (горизонт) иваз карда шудаанд. Сарҳадди поёнии системаи чорум дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз таги таҳнишастҳои бокуии минтақаи геологии атрофи баҳри Хазар (Каспий) ва ҳамшабеҳи онҳо гузаронида мешавад. Дар ин ҳудуд давомнокии система тақр. 800000 солро ташкил медиҳад. Вале баъзан мувофиқи тавсияи Сессияи 18-уми КБГ сарҳадди давраи чорум аз табақаи калабрии минтақаи баҳри Миёназамин, ё ҳудуди кишварҳои ИДМ-ро аз таги табақаи апшерон, ҳатто поинтар – табақаи акчагил ва шабеҳи континентии онҳо мегузаронанд. Ба давраи чорум ворид намудани қисми плиотсени болоӣ давомнокии давраи чорумро то ба 2,5–2,4 млн сол мерасонад. Дараҷаи таксономии ин қисмҳо аз табақа ва минтақа поинтар аст, чунки ҳамаи давраи чорум аз рӯи ҳаҷм ба як минтақа – Globorotalia truncatulinoides мувофиқ аст.

Таҳнишастҳои давраи чорумии ҳудуди Тоҷикистон дар ҳамаи минтақаҳои тектоникӣ дучор меоянд ва пастиҳои байникӯҳӣ, водиҳои дарёҳои калону шохобҳои онҳо, баъзан қитъаҳои баландкӯҳро фаро гирифтаанд. Дар қисми шимолии Тоҷикистон, дар минтақаи тектоникии Туркистон – Олой (Василковский, 1935) таҳнишастҳои давраи чорумро ба комплексҳои чоруми поёнии Сyх – QI, чоруми миёнаи Тошканд – QII, чоруми болоӣ ё Мирзочӯл – QIII ва комплекси муосири Сирдарё – QIV тақсим менамоянд; дар минтақаи тектоникии Ҳисор (Костенко, 1958) таҳнишастҳои давраи чорумро ба комплекси чоруми поёнии Вахш – QI, комплекси чорумини миёнаи Илок – QII, комплекси чоруми болоии Душанбе – QIII ва комплекси муосири Ому – QIV тақсим кардаанд. Дар таркиби таҳнишастҳои давраи чоруми минтакаи тектоникии Зарафшон (Василев, 1962; Лоскутов,1962) комплексҳои чоруми миёна ё Элок – QII, комплекси чоруми болоӣ ё Душанбе – QIII ва комплекси чоруми ҳозиразамон ё Ому –QIV-ро ҷудо намудаанд.

Таҳқиқоти палеогеографӣ нишон медиҳанд, ки ба давраи чорум хунукшавии умумии иқлими Замин бештар хос мебошад. Ба самти сардӣ дигаршавии иқлими Замин дар ин давра боиси тағйирёбии мавқеи минтақаҳои табиии ҷуғрофиёӣ гардид. Аксарияти навъҳои ҳайвоноти ширхӯри давраи неоген аз байн рафта, гурӯҳҳои ба давраи чорумин хос – филҳо, барзаговҳои имрӯзӣ, аспҳои тоқасум ташаккул ёфтанд. Ҳар як давраи яхбандӣ баъди худ таҳнишастҳои моренавӣ, флювиглятсиалӣ ва кӯлӣ – пиряхӣ боқӣ мегузошт. Дар марҳалаҳои яхбандии бузургтарин (максималӣ) майдони таҳнишастҳои пиряхзо аз масоҳати пиряхҳои замони имрӯза беш аз се баробар зиёд мегардид. Пиряхҳо масоҳатҳои зиёди уқёнусҳоро фаро мегирифтанд, сарҳадди майдони ҷинсҳои яхбастаи бисёрсола то ба ҷануби Фаронса поин мефуромад. Махсусан дар замони плейсотсени болоӣ, ки иқлим хеле хушку хунук буд (бо вуҷуди нисбатан танг будани майдони яхбандӣ), дар минтақаҳои атрофи пиряхҳо ландшафти паҳновари хосси тундраву даштҳо ба вуҷуд омад; минтақаи бешазорҳо ба самти ҷануб ҷой иваз намуда, дар баъзе мавридҳо тамоман аз байн рафт. Дар минтақаҳои наздипиряхӣ таҳнишастҳои лёсс ва лёссмонанд ба вуҷуд омаданд; ҳайвоноти сардидӯст: мамонтҳо, каркаданҳои пашмдор (ҳоло вуҷуд надоранд), говмешҳо, гавазни шимолӣ, рӯбоҳи шимолӣ, кабки қутбӣ (ки ҳатто дар арзҳои Қрим ва Қафқози Шимолӣ дучор меомаданд), ҳамчунин ҳайвоноти даштӣ ва бешадаштӣ – аспҳо, говҳои ёбоӣ (бизонҳо), гавазнҳои бузургшох зиндагӣ менамуданд. Дар замонҳои байнияхбандӣ иқлим баъзан аз ҳозира гармтар мешуд. Дар замонҳои яхбандиҳо сатҳи оби баҳр нисбат ба замони имрӯза то 100 м ва бештар паст мефуромад; дар ҷойҳои гулӯгоҳҳои имрӯза «пулҳои хушк» пайдо мешуданд, ки тавассути онҳо ҳайвоноти хушкиҳо аз як қитъа ба қитъаи дигар мегузаштанд. Дар замонҳои байнияхбандӣ сатҳи оби баҳрҳо аз нав барқарор гардида, то ба дараҷаи имрӯзааш наздик мешуд. Тақр. 10000 сол қабл дар сарҳадди плейсотсен ва голотсен иқлими рӯи Замин куллан тағйир ёфт. Сатҳи уқёнуси Олам нисбат ба сатҳи имрӯзааш тақр. 100 м баландтар шуд. Ландшафти минтақаҳои бузург, олами наботот хеле тағйир ёфтанд; бисёр намудҳои ҳайвонот, ки ба шароити нав мутобиқ шуда натавонистанд, аз байн рафтанд. Дар Нимкураи шимолӣ (Амрикои Шимолӣ ва шимоли Авруосиё) сарҳадди бешазорҳо дар баъзе минтақаҳо то ба 1000 км боло рафт. Давраи чорумин айёми ташаккулёбӣ ва инкишофи инсон ба ҳисоб меравад. Дар ибтидои давраи чорумин одамизод арзи вуҷуд кард, ки намояндаи қадимтарини он питекантроп (аз оилаи одамсуратҳо – Hominidae) буд. Дар давраи чорумини болоӣ (тақр.1,5–2 млн сол қабл) Homo sapiens (одами шуурдор) ба вуҷуд омад, ки бошишгоҳҳои он дар бисёр ҷойҳо, аз ҷумла дар ҷануби Тоҷикистон – Кӯлдара ёфт шудааст. Дар давоми давраи чорумин ҳаракатҳои тектоникӣ ва оташфишониҳои вулканҳо низ хеле пуравҷ буданд. Таҳнишастҳои континентии давраи чорумин аз намудҳои гуногуни генетикӣ: таҳнишастҳои бо яхбандиҳо вобаста (моренаҳо, таҳнишастҳои флювиоглятсиалӣ ва кӯлӣ-пиряхӣ) ва пайдоишоти лёсс, аллювиӣ, регҳои тилодор, пролювиӣ, кӯлӣ, колювиӣ иборатанд. Дар баҳрҳо таҳнишастҳои делтавӣ, органикӣ, гилҳои жарфоб, конкретсияҳои оҳану манган васеъ паҳн гаштаанд.

Азбаски таҳнишастҳои давраи чорум хусусиятҳои худро доранд ва бо маҷмӯи усулҳои махсус омӯхта мешаванд, ба омӯзиши масъалаҳои давраи чорумин шохаи махсуси геология – Г. дарёи ч. машғул аст. Барои барқарор намудани таърихи давраи чорумин ҷадвали стратиграфӣ бояд тақсимоти муфассал (нисбат ба давраҳои пешина) дошта бошад. Барои иҷрои ин мақсад, пеш аз ҳама, таҳқиқоти геоморфологӣ аҳаммият доранд. Барои асосноккунии биостратиграфии бахшҳои таҳнишастҳои континентӣ бештар аз таҳлили боқимондаи ҳайвоноти ширхӯр, моллюскҳо, тухми наботот ва ғ. истифода менамоянд. Азбаски дар давраи чорумин борҳо тағйирёбии умумисайёравии иқлим ба вуҷуд омадааст, барои тақсимоти таҳнишастҳои давраи чорумин ҳамчунин усулҳои иқлимӣ-стратиграфӣ (омӯзиши зоо- ва фитосеноз, маълумоти литологӣ, палеонтологӣ, палеокриологӣ ва ғайра) аҳаммияти хосса доранд. Барои таҳнишастҳои баҳру уқёнусҳо ба ғайр аз омӯзиши фаунаи моллюскҳо ва микроорганизмҳо, инчунин муайянкунии палеоҳарорати об тавассути усули изотопи оксигени 18О аҳаммият дорад. Ҳамчунин аз усулҳои радиологии муайянкунии синни таҳнишастҳо ва усулҳои палеомагнитӣ истифода менамоянд. Бо истифода аз ин усулҳо барои масоҳати тамоми ИДМ харитаи таҳнишастҳои давраи чорумин (1:5000000, соли 1960) тартиб дода шудааст.

Бо омӯзиши масъалаҳои давраи чорумин дар бисёр кишварҳо пажӯҳишгоҳҳои махсус, корхонаҳои истеҳсолии геологӣ, ки аксбардории таҳнишастҳои давраи чоруминро ба уҳда доранд, машғуланд. Дар конгрессҳои Ассотсиатсия оид ба омӯзиши давраи чорумин (International Union for Quaternary research - INQUA), конгрессҳои байналмилалии геологӣ ва ҷуғрофиёӣ, конференсияҳои минтақавӣ, ҷаласаҳои Комиссия оид ба омӯзиши давраи чорумин ва ғ. масъалаҳо ва проблемаҳои Г. дарёи ч. баррасӣ мегарданд. Оид ба Г. дарёи ч. нашрияҳои даврӣ: «Бюллетень Комиссии по изучению четвертичного периода», «Труды Комиссии по изучению четвертичного периода», «Anthropozoikum», «Biuletin Peryglacjalny» (Лаҳистон) ва ғ. нашр мешаванд. Омӯзиши таҳнишастҳои давраи чорум барои ҷустуҷӯи конҳои обрӯфт, маводди сохтмон, ҳалли масъалаҳои геологияи муҳандисӣ, ҳидрогеология, ҳифзи муҳити зист ва экология аҳаммияти бузург доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Громов В. И. Палеонтологическое и археологическое обоснование стратиграфии континентальных отложений четвертичного периода на территории СССР. М., 1948;
  • Марков К. К., Лазуков Г. И., Николаев В. А. Четвертичный период (Ледниковый период – Антропогеновый период). Т. 1–3. М., 1965–67;
  • Четвертичный период в США / Пер. с анг. Т. 1. М., 1968; Зубков В. А. Геохронология СССР. Т. 3. Новейший этап. М., 1974;
  • Васильев В. А. Стратиграфия четвертичных отложений Таджикистана // Сб.: Новейший этап геологического развития Таджикистана. Д., 1962;
  • Лоскутов В. В. О возрасте вахшского комплекса и проблеме нижней границы четвертичной системы // Докл. АН Тадж. ССР. Т. 20, № 9, 1977;
  • Шадчинев А. С., Бахтдавлатов Р. Б. Геологическое строение и полезные ископаемые фанерозоя Таджикистана. Д., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Геологияи давраи чорум / М. Ҷанобилов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.