Jump to content

Заминшиносии минтақаӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Заминшиносии минтақаӣ — яке аз бахшҳои заминшиносӣ, ки сохти заминшинохтии минтақаҳои алоҳидаи қишри Замин, қитъаҳо, иншооти чиндор, платформаҳо ё қисми алоҳидаи онҳоро меомӯзад.

Вазифаҳои асосии заминшиносии минтақаӣ аксбардории геологӣ, аксбардории чоҳҳои пармашуда дар майдони бо таҳшиниҳо ғарамшуда, омӯхтани сохти геологии амиқиҳо бо усули геофизикӣ (гравометрия, магнитометрия, сейсмометрия) мебошад. Дар натиҷаи корбурди якҷои ин методҳо харитаи геологии майдони омӯхташуда ва буриши кӯндаланг сохта мешавад. Аз рӯи харита ва бурришҳо таърихи тараққиёти геологияи минтақа, мавқеъ, сохтору шакли қабатҳои чиндор дар фазои минтақа нишон дода мешавад.