Jump to content

Занбӯрпарварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Занбӯрпарварӣ — яке аз қадимитарин бахшҳои кишоварзӣ, ки парвариши занбӯри асал (бо мақсади гирифтани асал, мум, инчунин гардолудонии рустаниҳо) машғул аст. Шири шоҳзанбӯр, заҳри занбӯр, прополис ва гарди гул низ маҳсулоти занбӯрпарварист. Занбӯрпарварӣ таърихи басо қадимӣ дорад.

Қадимтарин нақши сангшудаи занбӯрҳо соли 2006 аз ҳудуди Бирма (Мянма) пайдо карда шуд, ки умри онро тақрибан 100 млн сол тахмин кардаанд. Соли 1968 дар ғорҳои назди деҳаи Азохи Қаробоғи Кӯҳӣ кӯзаҳои сафолие бо тасвири занбӯр ёфт шуданд, ки тақр. 150 ҳазор сол умр доштанд. Оид ба аҳаммияти асал ва заҳри занбӯр дар бисёр китобҳои тиббии қадим маълумот дода шудааст. Бино ба катибаҳои Мисри Қадим ва Юнону Ҳиндустон одамон зиёда аз 4 ҳазор сол қабл ба занбӯрпарварӣ шуғл доштанд. Солҳои пеш одамон асалро аз занбӯрҳои ваҳшӣ (аз ковокии дарахтон ва тарқиши шахҳо) мегирифтанд. Баъдтар онҳо дар ковокӣ ва кундаи дарахтон барои занбӯрҳо «хона» сохтанро омӯхтанд. Соли 1814 олими рус П. И. Прокопович кандуи чаҳорчӯба ихтироъ кард, ки барои нигоҳубини оилаҳои занбӯри асал басо мувофиқ буд. Олими олмонӣ И. Меринг мумварақе сохт, ки занбӯрҳо дар он хона бунёд карда, асал мегузоштанд. Занбӯрпарвари чех Ф. Грушка асалкашак ихтироъ кард, ки аз шонҳо гирифтани асалро осон намуд. Оилаҳои занбӯри асалро ба Осиёи Марказӣ (Самарқанд ва Ҷиззах) солҳои 1870-80 тоҷирони рус овардаанд. Солҳои 1897-98 аз Руссия ба Хуҷанд ва Панҷакент 19 оилаи занбӯри асал оварда шуд. Нахустин кандуҳои занбӯри асал дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ (н-ҳои Ҳисор, Шаҳринав, Хуҷанд, Конибодом) солҳои 1932-34 пайдо шуданд.

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1932 аз Қафқоз ба Тоҷикистон 140 оилаи занбӯри асал ворид шуд. Охирҳои соли 1935 дар ш. Хуҷанд, н-ҳои Панҷакент, Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), Шаҳринав, Ҳисор ва Янгибозор (ҳоло ш. Ваҳдат) 2000 оилаи занбӯри асал мавҷуд буд, вале бинобар номусоид будани шароити парвариш қисми зиёди онҳо нобуд шуданд. Бинобар ин, зарурати дар заминаи занбӯрҳои ваҳшии маҳаллӣ тараққӣ додани занбӯрпарварӣ пеш омад. Ба ҷустуҷӯи оилаи занбӯрҳо хонандагони мактабҳо сафарбар карда шуданд. Дар натиҷа дар дараи Қаротоғ занбӯрҳои хокистарранг ёфт шуданд, ки барои ташкил намудани 170 оила (ҳар оила тақр. 100 ҳазор занбӯр дошт)-и занбӯри асал замина гузошт. Соли 1946 дар Варзоб ва соли 1949 дар Ғарм (ҳоло Рашт) низ оилаҳои занбӯри асал пайдо карда шуданд. Ҳамин тавр, адади оилаҳои занбӯри асал соли 1947 ба 4, соли 1950 ба 7 ва соли 1960 ба 70 ҳазор расид. Соли 1952 дар ш. Душанбе идораи «Занбӯрпарварӣ» ташкил карда шуд. Соли 1957 онро ба ноҳияи Янгибозор кӯчонида, истеҳсоли мумварақ, канду ва болопӯши онро ба роҳ монданд, сехи кандусозӣ ва мағозаи фурӯши асбобу анҷоми занбӯрпарварӣ ташкил карда шуд. Соли 1954 ба ВМКБ чанд оилаи занбӯри асал бурда шуд, ки мурод аз он гардолуд кардани дарахтони Боғи ботаникии Помир буд. Соли 1984 дар н. Қалъаихумб (ҳоло Дарвоз) с-зи занбӯрпарварӣ ташкил ёфт, ки 1565 оилаи занбӯри асал дошт (аз ҳар оила соле зиёда аз 18 кг асал гирифта мешуд). Солҳои 70-80 асри 20 занбӯрпарварӣ дар ҷумҳурӣ хеле тараққӣ кард. Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли асал дар байни ҷумҳуриҳои дигар то ҷои севвум боло рафт. Асали Мӯъминобод ва Тавилдара соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ шуданд. Соли 1992 дар ҷумҳурӣ 250000 оилаи занбӯри асал мавҷуд буд. Иттиҳодия ва Ассосиатсияи занбӯрпаварони Тоҷикистон ташкил ёфт, ки дар 42 ноҳия фаъолият мекарданд. Дар 360 хоҷагии занбӯрпарварӣ 7500 нафар машғули кор буданд. Дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчунин 16 хоҷагии махсуси занбӯрпарварӣ ташкил ёфт, ки 31000 оилаи занбӯри асал дошт. Дар хоҷагиҳои занбӯрпарварии Хуҷанд, Ӯротеппа, Зафаробод, Темурмалик, Ховалинг, Муъминобод, Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин), Файзобод, Ҳисор (деҳаи Арҷинак) ва Тавилдара 1500-4500 оилаи занбӯри асал мавҷуд буд (аз ҳар оилаи занбӯр то 20 кг асал мегирифтанд). Дар замони нооромиҳои сиёсии кишвар занбӯрпарварӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Дар ҷумҳурӣ аз 250 ҳазор оилаи занбӯри асал, ки дар соли 1992 мавҷуд буд, соли 2005 ҳамагӣ 49 ҳазор оила боқӣ монд. Фаъолияти хоҷагиҳои калони занбӯрпарварӣ, мас., совхози занбӯрпарварии н. Мӯъминобод куллан қатъ гашт. Соли 2005 дар ҷумҳурӣ ду барномаи давлатӣ — «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-10» ва «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-16» қабул гардид. Дар натиҷа адади оилаи занбӯри асал аз 46000 ба 207000 расид. Тибқи қарори мазкур соли 2013 ба ҷумҳурӣ 500 оилаи занбӯри асали хушзот ворид ва ба хоҷагиҳо тақсим карда шуд (ВМБК — 80, вил-ҳои Суғд — 70, Хатлон — 150, ноҳияҳои тобеи марказ — 200). Корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» ва Ассотсиатсияи занбӯрпарварони Тоҷикистон таъсис ёфт. Соли 2005 дар факултаи зооинженерии ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тахассуси занбӯрпарварӣ ва кафедраи парандапарварӣ ва занбӯрпарварӣ таъсис дода шуд. Олимони ҷумҳурӣ оид ба рӯёндани гунаи тоҷикии занбӯри асал пажӯҳиш анҷом медиҳанд. Дар Тоҷикистон ҳамасола «Иди асал» баргузор мешавад.

  • Алиев Ғ. Таърихи занбӯрпаварӣ ва маслиҳат ба занбӯрпарварон. Д., 1990;
  • Харченко И. Н., Рыдин В. Е. Пчеловодство. М., 2015.