Jump to content

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ
Кишвар
Қаламрави додрасӣ Тоҷикистон
пешинаи Комиссариати халқии зироат
Вазорати зироатҳои ҶШС Тоҷикистон
ва Вазорати чорводории ҶСШ Тоҷикистон
Вазорати хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон
Вазорати хоҷагии қишлоқ ва маҳсулоттайёркунии ҶШС Тоҷикистон
Вазорати истеҳсол ва тайёр намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ
Кумитаи давлатии агросаноатӣ
Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат
Роҳбарӣ
Масъули иҷроия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири масъул Саъдӣ Каримзода
Вебгоҳ moa.tj

Вазорáти кишоварзи́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ. Фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии эътирофшуда аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон медиҳад.

Таърихи таъсис

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳанӯз 14 декабри 1924 бо қарори Кумитаи инқилобии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон Комиссариати халқии зироат таъсис дода шуд. Вазифаи асосии Комиссариат ташкили умури кишоварзӣ ва барпо намудани хоҷагиҳои дастаҷамъӣ (колхозҳо) буд. 27 марти 1946 бо Укази Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон Комиссариати халқии зироат ба ду вазорати мустақил — Вазорати зироатҳои ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати чорводории ҶСШ Тоҷикистон ҷудо шуд. Як сол баъд ду вазорат якҷоя карда шуда, Вазорати хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфт. Соли 1953 Вазорати хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон бо Вазорати хоҷагии ҷангал муттаҳид гардида, Вазорати хоҷагии қишлоқ ва маҳсулоттайёркунии ҶШС Тоҷикистонро ташкил доданд. Баъдан соли 1957 бо Вазорати совхозҳои ҶШС Тоҷикистон якҷоя шуда, Вазорати хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон ташкил дода шуд. Соли 1962 Вазорати истеҳсол ва тайёр намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, соли 1985 Кумитаи давлатии агросаноатӣ, соли 1991 аввал Вазорати кишоварзӣ ва соли 2006 Вазорати кишоварзӣ ва ҳиф зи табиат номгузорӣ шуд. Аз соли 2008 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт.

Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • Роҳбарият;
  • Раёсати рустанипарварӣ;
  • Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинӣ;
  • Раёсати молия ва муҳосибот;
  • Раёсати чорводорӣ, паранда­парварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ;
  • Раёсати илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ;
  • Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ;
  • Раёсати сиёсати техникӣ ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ;
  • Раёсати корҳо;
  • Раёсати робитаҳои байналмилалӣ;
  • Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ;
  • Шуъбаи аудити дохилӣ;
  • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус.

Муассисаю ташкилоти зертобеи вазорат

[вироиш | вироиши манбаъ]
Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ҳангоми муоинаи гандумзор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ҳангоми муоинаи гандумзор

Муассисаю ташкилоти зертобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хадамоти назорати давлатии байторӣ; Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ; Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ; Бозрасии назорати давлатии тухмӣ; Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ, КВД оид ба воридот, захира ва фурӯши зоти чорво; КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон»; КВД «Саноати меваю сабзавотпарварии Тоҷикистон»; КВД «Навъҳои тухмии Тоҷикистон»; КВД «Дафтар, хидматрасонии биноҳои маъмурӣ»; КВД «Асали Тоҷикистон»; КВД «Тоҷикниҳолпарвар»; КВД «Тоҷикдеҳқоншифо»; КВД «Мадад»; КВД «Тоҷикагролизинг»; КВД «Мубориза бар зидди малах»; КВД «Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ»; КВД «Моҳии Тоҷикистон»; Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон; Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон; Муассисаи давлатии «Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию таҳқиқотии меҳнат»; Муассисаи таълимии Коллеҷи махсусгардонидаи ноҳияи Бохтар; Муассисаи давлатии таълимии Мастчоҳ; Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»; Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон»; Муассисаи ҷумҳуриявии «Хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии чорво»; Муассисаи давлатии «Зотпарвар»; Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»; Муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химизатсияи кишоварзӣ; Муассисаи давлатии «Лабораторияи ҷумҳуриявии назорати иммуногинетикӣ»; Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Хуросон оид ба парвариши зоти гӯсфанди тоҷикӣ; Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ; Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи рушди чорво ва чарогоҳҳо»; раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фаъолияти низомномавии муқарраргардида ваколатҳои зеринро низ доро мебошад: таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои дарозмуддат, миёнамуддат ва кӯтоҳмуддати рушди соҳаи кишоварзӣ; расондани мадади методию ташкилӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷм ва баланд бардоштани сифати маҳсулот, таҳияи тавсияҳо оид ба ҷорӣ намудани усулу тарзҳои нав ва самарабахши истеҳсолот, селексияи рустаниҳо, парвариши чорвои зотӣ, паранда, моҳӣ, занбӯри асал, истифодаи техникаи замонавӣ, пеститсидҳо ва воситаҳои дигари муҳофизати рустаниҳо; таҳия намудани тадбирҳое, ки ба ташаккул ёфтани амнияти озуқавории мамлакат, рушди истеҳсолоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд; ҷалб намудани сармоягузории хориҷию ватанӣ барои рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ ва рақобат, ташаккули бозори дохилии маҳсулоти кишоварзӣ; ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи замин, заҳрхимикатҳо, нуриҳои маъданӣ, табиӣ ва технологияи муосир; дар ҳамдастӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ додани сертификати мутобиқати сифат ва маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ ва ғайра.

Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳимми истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд. Дар Авесто, хусусан қисматҳои Видеват ва Готҳо, оид ба деҳқонӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, обёрии заминҳо, чорводорӣ маълумоти фаровон мавҷуд аст. Минбаъд тибқи иттилои ҷуғрофидонҳо ва муаррихони пешин кишоварзӣ дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ривоҷу равнақи бешоҳиба доштааст. Баъди ба Русия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна хусусиятҳои кишоварзии мардуми Осиёи Миёна ва бахусус Тоҷикистон, тағйир ёфта, ба талаботи саноати Русияи подшоҳӣ мувофиқ кунонда шуд; бо афзудани талабот ва баланд рафтани нархи пахта заминҳои кишти пахта босуръат васеъ карда мешуданд. Ҳанӯз А. И. Вавилов — олим ва сайёҳи машҳур Осиёи Миёнаро яке аз марказҳои зироати дунё ҳисобида, борҳо таъкид карда буд, ки кӯҳсори Тоҷикистон ва Бадахшон яке аз марказҳои қадимтарини зироат мебошад. Раванди пахтакорӣ ва рушди дигар со ҳаҳои кишоварзӣ, аксаран ҳамчун манбаи ашёи хом, минбаъд ҳам ривоҷ гирифт. Дар ҷумҳурӣ муассисаи нахустини илмӣ оид ба зироат соли 1927 (Стансияи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон) ташкил гардид. Соли 1930 Стансияи минтақавии таҷрибавии пахтакории Тоҷикистон (дар ноҳияи Ҷилликӯл) таъсис ёфт. Соли 1950 дар Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон Шуъбаи пахта корӣ ифтитоҳ гардид. Соли 1956 Институти таҳқиқоти илмии зироат ба кор шурӯъ кард. Минбаъд дар солҳои гуногун Институти хокшиносӣ, Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки дар ривоҷу равнақи соҳа саҳми бузург доранд.

Пас аз истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таҷдиди замин» соли 1993 марҳалаи қисман тақсим намудани заминҳои манотиқи кӯҳдоман оғоз гардид. Солҳои 1995-96 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 ҳазор га замин ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд. Дар ин раванд супориши давлатӣ ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон карда шуд, ки ин ба соҳибихтиёрии деҳқон мусоидат намуд. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ гардондани моликият дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонд. Таъсис ёфтан ва фаъолият намудани 111 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ, аз ҷумла 890 ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), 819 хоҷагии деҳқонии коллективӣ, 357 хоҷагии кооперативӣ натиҷаҳои ин раванд мебошанд. Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводди хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии парвариши зироати кишоварзӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, — ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва паранда дар солҳои охир мутаносибан хеле боло рафт.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Айни замон ҳамкориҳо бо давлатҳои ИДМ, СҲШ, Авруосиё дар соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ ба роҳ монда, созишномаҳои зерин ба имзо расидаанд: Созишнома байни Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ; Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ; Созишнома байни Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии об ва коркарди саноати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ; Созишнома байни Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ; Созишнома байни Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар комплекси агросаноатӣ; Созишномаи ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Белорус; Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сиёсати аграрии Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ; Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии об ва чорводории Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ҳамкории тарафайн ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои зидди малах ва ҳашароти зараррасони дигари махсус хавфнок ва касалиҳои рустаниҳо; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи рустаниҳо; Созишнома байни Ҳукумати Муғулистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ.

Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналхалқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналхалқии Барномаи озуқаи СММ (ФАО ООН), Агентии Шветсия оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ (SIDA), Барномаи рушди СММ (ПРООН), Комиссияи Аврупоии Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушди, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ (JICA) дар бахши ҳалли проблемаҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тухми парварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ, мубориза алайҳи зараррасонҳо, бозомӯзии мутахассисон ва амсоли инҳо ҳамкорӣ дорад.

Роҳбарони вазорат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҳбарони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Қурбӣ (1924-25), А. Азимов (1925-27), С. Анваров (1927-28), С. Абдуллоев (1931-32), М. Урунхоҷаев (1933-34), Н. Ширинов (1936-37), П. Бобокалонов (1937-38), Ҷ. Искандаров (1938), Қ. Раҳимов (1939-40), Р. Раҳимҷонов (1940), М. Саидов (1940-45), Ҷ. Расулов (1945), Ҳ. Қурбонов (1945-47), С. Масаидов (1947-51), А. Абдуллоев (1951-53), Д. Холматов (1953-61), Ғ. Алиев (1953), Х. Мирзоянс (1961-65), А. Махсумов (1965-71), Р. Набиев (1971-73), М. Зоиров (1973-82), А. Бобоев (1982-85), А. Тӯраев (1985), В. Воҳидов (1988-90), А. Бобоев (1990-91), Ҳ. Акбаров (1992), Ҳабибулло Табаров (1992—1994), Қ. Тӯраев (1994-96), М. Баротов (1996-98), Ш. Кабиров (1998—2001), Г. Раҳматов (2001—2004), В. Мадаминов (2004—2006), А. Қодирӣ (2006—2008), Қ. Қосимов (2008-2015), М. Зокиров (то 2016), Иззатулло Сатторӣ (аз 2016).

  • Ғафуров Б. Ғ. Тоҷикон, таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна. Китоби 1. Душанбе, 1983;
  • Махсумов А. Н. Основные проблемы богарно-го земледели в Таджикистане. Душанбе, 1965;
  • Вавилов Н. И. Азия-источник видов «Растительные ресурсы»/ Том 2, Душанбе, 1966;
  • Аграрный сектор Таджикистана. К 20-летию независимости Республики Таджикистан. Душанбе, 2011.
  • moa.tj — вебгоҳи расмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.