Jump to content

Занбӯруғкуш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Занбӯруғкушҳо)

Занбӯруғкуш, қорчкуш (форсӣ: قارچ‌کش‎), фунгисид (аз лот. fungus «занбӯруғ» + лот. caedo «мекушам») — моддаҳои кимиёист (моеъи бордо, хлороксиди мис, каптан, маҳлули оҳаку сулфур, коллоиди сулфур, формалин, грапозан ва ғайра), ки бар зидди касалиҳои занбӯруғии рустаниҳо истифода мешаванд.

Фунгисидҳоро ба таркиби хок ворид месозанд, ба воситаи онҳо тухмиҳоро безарар мекунанд. Онҳоро ба рустаниҳо мепошанд ва рустаниҳоро ба воситаи онҳо гардолуд мекунанд[1].

Ба рустанӣ, тухмӣ, кӯчат, хок, анборҳои сабзавот ва ғайра асосан маҳлули 0,5—2-фоиза ва баъзан хокаи занбӯруғкушҳоро мепошанд. Ба зидди касалиҳои ниҳоли пахта, ҷуворимакка, нахӯд ва дигар лӯбиёиҳо моддаи ТМТД, барои ҳифзи тухмӣ бошад, асосад гранозан ва меркуранро истифода мебаранд.