Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зангиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зангиён
Парчам
Таърихи таъсис 1127
Нигора
Иштирокдори Siege of Aleppo[d] ва Siege of Alexandria[d]
Пойтахт Мавсил, Димишқ ва Ҳалаб
Навъи ҳукумат подшоҳӣ
Пули миллӣ динор[d]
Ба ҷои хилофати Фотимиён[d]
Таърихи фурӯпошӣ 1250
Тасвири нақшаи мавқеият
Дини расмӣ ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зангиён — дудмони атобакҳои салҷуқӣ, ки дар Шарқи Наздик ҳукумат доштанд (1128—1283).

Асосгузори сулола Имодуддини Зангӣ (ҳукмронӣ 1128—1146) буд, ки дар аҳди султон Муҳаммади I (ҳукмронӣ 1105—1118) атобаки Мавасил ва Ҳалаб (1127—1146) таъйин гардид. Солҳои 1128—1138 Имодуддини Зангӣ ш-ҳои Насибин, Ҳарон, Ҳалаб ва Ҳаморо ишғол намуда, дар Сурия ва Димишқ аморати Зангиён-ро ташкил кард. Имодуддини Зангӣ баъди шикаст додани сипоҳи салибиён ва ишғоли шаҳри Эдесса аз ҷониби халифа ба унвонҳои «Зайну-л-ислом», «ал-малик ал-мансур» сарфароз гардид. Пас аз фавти Имодуддин Зангӣ (1146) аморати Зангиён пароканда шуда, писаронаш Нуруддин Маҳмуд (ҳукмронӣ 1146-74) дар шимоли Шом ва Сайфуддин Ғозии I (ҳукмронӣ 1146—1149) дар Мавасил худро мустақил эълон карданд. Дар аҳди Нуруддин Маҳмуд ш. Бағдод (1154) ва қисме аз Миср (1168) ба ҳайати мулкҳои Зангиён ҳамроҳ гардиданд. Соли 1180 Салоҳуддини Айюбӣ сипоҳи салибиёнро шикаст дода, мулкҳои Зангиёнро дар Сурия соҳиб шуд.

Зангиён дар Мавсил то соли 1222 ҳукмронӣ карда, аз соли 1185 расман тобеи Айюбиён буданд. Шохаи дигари сулолаи Зангиён дар Синҷор (дар шимолу ғарби Ироқ) ҳукумат доштанд. Зангиён дар таърих ҳамчун муборизони зидди салибиён, бунёдкунандагони биноҳои муҳташам ва ҳомиёни илму фарҳанг шуҳрат ёфта буданд.