Зангормоҳӣ
Намуди зоҳир
| Зангормоҳӣ | ||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Нарина ва ду модинаи зангормоҳӣ, баҳри Адриатикӣ дар соҳили ҷанубии Фаронса | ||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||
|
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Symphodus.
|
||||||||
| Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||
| Symphodus tinca (Linnaeus, 1758) | ||||||||
| Мутародифот | ||||||||
|
|
||||||||
| Вазъияти ҳифз | ||||||||
| ||||||||

Зангормоҳӣ, рулёна (англ. Symphodus tinca) — моҳии баҳрӣ, мансуб ба оилаи моҳиҳои ғафслаб.
Дарозиаш 15 см, вазнаш 290 г. Рангаш сабзтоб, тахтапушташ сиёҳгун; тан ва болҳои шиновариаш доғҳои сурху кабуд ва аз паҳлуҳо ду рахи дарозрӯя доранд. Зангормоҳӣ дар маҳалҳои наздисоҳилии уқ. Атлантика (аз халиҷи Бискай то соҳилҳои Марокко, ҳамчунин дар баҳри дохилӣ, аз ҷумла б. Сиёҳ ва б. Азов) дар минтақаҳои наздисоҳилӣ, дар умқи то 50 м, дар байни сангу харсангҳои бо обсабзҳо пӯшондашуда зиндагӣ мекунад. Дар лагуна (халиҷ ё кӯли аз баҳр ҷудошуда)-ҳои шӯр кам ба назар мерасанд. Зангормоҳӣ то 15 сол умр мебинад. То 58 ҳазор тухм мегузорад. Ғизои зангормоҳӣ ҷонварони бемуҳра, хосса нармбаданҳо мебошанд. Ҳаваскорони моҳидорӣ онро сайд мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Symphodus tinca мувофиқи маълумоти Системаи иттилотии орояшиносии муҷтаммаъ (ITIS)(англ.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зангормоҳӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 43муаллиф=. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
