Занҷири дар
Зоҳир
Занҷири дар — ҷузви дару дарвоза, силсилае, ки аз ҳалқаҳои филиззии бо ҳам пайваст иборат аст. Занҷири дар, ки аз 3 то 4–5 ҳалқа дошт, дар берун ва даруни дар насб мегардид ва маъмулан ду вазифаро адо мекард: яке барои бастани дар (аз дарун ё берун) ва дигаре ба хотири огоҳ кардани соҳибони хонавода аз ташрифи касе. Чун Занҷири дарро ба тахтачӯби дар мезаданд, он садои зангӯламонанде мебаровард ва соҳибхона аз омадани шахси бегона ё худӣ огоҳ шуда, дарро мекушод.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Занҷири дар // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 53. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.