Заргулдор
| Заргулдор | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Самец подвида Oriolus oriolus kundoo. Пакистан | ||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||
|
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Oriolus.
|
||||||||||
| Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
| Oriolus oriolus (Linnaeus, 1758) | ||||||||||
| Ареал | ||||||||||
|
██ Гнездовой ареал ██ Миграции |
||||||||||
| Вазъияти ҳифз | ||||||||||
| ||||||||||

Заргулдор, залғам, зарғилдоқ (лот. Oriolus oriolus) — як навъ паранда, мансуби заргулдорҳост.
Дарозиаш 24-25 см (боли наринааш 197—163 мм, модинааш 132—153 мм), вазнаш 56-97 г. Наринааш зарди тилоранг; аз бехи нӯл ҷониби чашм хатти сиёҳ дорад. Пару болаш сиёҳ, доғҳои зард дорад. Нӯл ва чашмонаш сурхчатоб. Пару боли модинааш аз боло сабзи зардгуна, аз поин сафеди зардтоб; бол ва думаш маллаи сабзранг. Заргулдор дар ҷангалзорҳои кӯҳии Африқои Шимолу Ғарбӣ ва Авруосиё, Муғулистони Ғарбӣ ва Хитой лона мегузорад; дар шимоли Ҳиндустон парандаи муқимист. Дар Тоҷикистон охирҳои апрел пайдо шуда, охирҳои август парида меравад. Ғизои заргулдор ҳашарот ва меваҳо мебошанд. Заргулдорҳо танҳо, ҷуфт-ҷуфт, баъзан села-села зиндагӣ мекунанд. Хониши заргулдор ба навои най монанд буда, наринаю модина ҳамовоз мешаванд. Дар нӯги дарахтон аз нахи рустаниҳо, баргҳои хушк, пат, пар лонаи сабадшакл месозад. Моҳҳои май — июн 3-4 тухми хол-хол мегузорад. Тухмҳоро заргулдори модина 16-17 шаборӯз мехобонад. Чӯҷаҳо баъди 16-18 рӯзи аз тухм баромадан парвозӣ мешаванд. Заргулдор ҳашароти зараррасонро нест мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — 648 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Флинт Ф. Е. (ва диг.). Птицы СССР. М., 1968;
- Абдусалямов И. А. Фауна Таджикской ССР. Т. 19. Ч. 2. Д., 1973.
