Зардхок
Намуди зоҳирӣ
Зардхок | |
| Кишвар | |
|---|---|
| Ҷойгиршавӣ | |
| Handled, mitigated, or managed by | иқлими мартуб |
Зардхок — хоке, ки зери дарахтони паҳнбарги ҷангали субтропикии серрутубат асосан аз варақсангҳои гилӣ ва маҳсули бодлесии ҷинсҳои сахт ба вуҷуд меояд.
Ранги зард аз ҳисоби дар таркиби он мавҷуд будани гидрати оксиди оҳан зоҳир мешавад. Ғафсии умумии қабати хокии зардхок 30- 70 см-ро ташкил медиҳад. Чор намуди зардхокро фарқ мекунанд: хоки зард, хоки зарди хокистартоб, зардхоки глеевӣ, зардхоки глеевии хокистартоб. Зардхок дар Хитой, қисми ҷанубии ИМА, ҷанубу шарқии Австралия, Зеландияи Нав, ғарби Гурҷистон, Абхозистон, минтақаҳои наздисарҳаддии шаҳри Сочии Русия ва Ленкорани Озарбойҷон масоҳатҳои бузургро ишғол мекунад. Асосан, барои парвариши ангур, боғҳои ситрусӣ ва сабзавот истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зардхок // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 124. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.