Зардӯзӣ

Зардӯзӣ (форсӣ: زَردوزی) — навъе аз ҳунармандист, ки тавассути риштаҳои заррини сафеду зард рӯи матоъ нақшҳои гуногун дӯхта мешаванд.
Чунин тарзи дӯхт бо нафосату шукӯҳи бадеии худ аз санъатҳои дигар фарқ мекунад. Асосан рӯи матои махмал зардӯзӣ мекунанд. Дар гузаштаи дур зардӯзӣ дар рӯи чарм, карбос ва матои пашмӣ низ маъмул буд. Дар маъхазҳои адабию бадеӣ ва таърихӣ оид ба зардӯзӣ гуфтаҳо ва навиштаҷоти сайёҳони машҳури хориҷӣ, ки дар давраҳои гуногун ба шаҳрҳои Осиёи Миёна омада буданд, оварда шудаанд. Онҳоро сарулибоси зардӯзишудаи аҳли ҷоҳ ба ҳайрат оварда буд. Ин навъи санъат, асосан дар асри 19 дар ш. Бухоро равнақ ёфт. Дар дарбори амир корхонаи махсуси зардӯзӣ сохта, устоҳои моҳирро муттаҳид карда буданд. Либоси зардӯзиро ғайр аз аҳли ҷоҳ дигар касе ҳуқуқи пӯшидан надошт. Дар дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Самарқанду Ҳисор низ маҳаллаҳои алоҳидаи зардӯзон вуҷуд дошт. Дар санъати зардӯзӣ асосан ду навъи нақшдӯзӣ — заминдӯзӣ ва гулдӯзӣ маъмул аст. Дар заминдӯзӣ нақшҳо ба ҳам пайваст гардида, тамоми замин (таг)-и матоъро яклухт фаро мегиранд ва дар матоъ ҷои холӣ намемонад. Дар гулдӯзӣ танҳо нақши рӯи матоъ дӯхта мешавад. Зардӯзон нақшҳои аз картону коғази махсус тайёркардаи худ ё наққошони касбиро рӯи матои (асосан шоҳимахмал) таранг кашидашуда гузошта, бо ришта кӯк мекунанд. Баъд риштаи зарро рӯи нусха монда, аз ду тараф бахя мезананд (яъне зар ба пушти матоъ намегузарад). Усули заминдӯзӣ ниҳоят мураккабу нозук ва заҳматталаб аст. Бо ин усул аз қадим камзӯл, камарбанд, воскат, чойхалта, тоқиҳои мардонаву занона, кафш, ҷиҳози аспҳо ва ғ-ро зардӯзӣ мекарданд. Дар санъати имрӯзаи тоҷик бештар навъи гулдӯзӣ маъмул буда, онро барои зинат додани ҳар навъ ашёи савғотӣ, сарулибоси занон, арӯс, пеши бару остин ва домани ҷомаҳои мардонаю кӯдакона истифода мебаранд. Дар байни тоҷикон, хусусан тӯппиҳои зардӯзии занона — зартӯппӣ ва ҷомаҳои зардӯзӣ машҳуранд. Аз ҷомаҳои зардӯзӣ бештар ҳунармандони тоҷик ва дастаҳои ҳунарӣ дар барномаҳои консертӣ истифода мебаранд. Санъати ресидан ва тайёр кардани риштаи зар ду навъ мешавад; аввал риштаи зарро гирди риштаи абрешимӣ ё коғазӣ ба андозае наздику зич мепечонанд, ки ришта тамоман намоён намешавад. Дар тарзи дуввум риштаи зарро даври риштаи абрешимӣ ё коғазӣ пружинашакл (аз ҳам дур) мепечонанд. Ҳар яке аз ин риштаҳо мавриди истифодаи худро доранд. Риштаҳои зар асосан нуқра ва 10-20 дарсад тило низ доранд. Ҳамчунин паҳну борик ҳам мешаванд. Баъди ба охир расидани зардӯзии нусха гирди онро тофта (2-3 қатор зарро бо 3-4 қатор ришта метобанд) мегиранд ва байни гулҳоро бо сангҳои қиматбаҳо, камарзиш ва пулакчаҳои рангоранги филиззию садафӣ пур мекунанд.
Зардӯзони ҳозираи тоҷик нозукиҳои ҳунари гузаштаро такмил дода, нақшҳои нави зебову пурмазмун эҷод намудаанд. «Офтоб», «Булбул», «Ғунча», «Садбарг», «Гулшан», «Навдаи маҷнунбед», «Қӯшбодом», «Буҷул», «Хишт», «Чашми булбул», «Хол», «Мавҷ» ва ғ. аз қабили беҳтарин нақшҳо буда, технологияи махсус ва банду басти мураккаб доранд. Ҳоло дар Душанбе дар ҶММ «Дилором», Маркази маишию савдо (Хонаи хидмати маиши)-и «Садбарг», ҶСК «Гулдаст», КВД «Гулдастони Пойтахт-90», «Шероз» (Хуҷанд) ва чандин корхонаҳои хурди хусусӣ ба истеҳсоли маҳсулоти зардӯзӣ машғуланд. Ҳамчунин, қариб дар тамоми Тоҷикистон зардӯзони алоҳида анъанаҳои қадимии зардӯзиро инкишоф дода, барои рушди ин ҳунар шогирд тайёр мекунанд. Амали зардӯзони Тоҷикистон Б. Аҳророва («Герби Тоҷикистон»), Б. Аҳмадова, М. Ҳабибова (камзӯлчаву каллапӯш) ва М. Ҳайдарова (сӯзанӣ) дар намоишгоҳҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва байналмилалии Монреал, Қоҳира, Прага, Лейпсиг ва ғ. баҳои баланд гирифтаанд. Маҳсули ҳунари зардӯзони тоҷик имрӯз ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи мамлакат талабгорони зиёд доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зардӯзӣ / Н. Шарипов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.