Зариф Наимов
Зариф Ҷомиевич Наимов | |
Таърихи таваллуд | 13 апрел 1967 (57 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳамадонӣ ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Зариф Ҷомиевич Наимов (тав. 13.04.1967, д. Файзобод, н. Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) — педагоги тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зариф Наимов маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №4 ва №52-и н. мазкур гирифтааст. Солҳои 1985-1987 қарзи шаҳрвандии худро дар Ҷумҳурии Афғонистон адо намудааст. Соли 1987 ба Донишкадаи забон ва адабиёти руси Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1992 бомувафақият хатм кардааст. Соли 1992 дар мактаби миёнаи №59-и шаҳри Душанбе ба сифати муаллими тайёрии тодаъватӣ то моҳи майи соли 1993 фаъолияти педагогӣ бурдааст. Солҳои 1995-1996 ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мегардад. Баъдан даҳ сол (1996-2006) дар мактаби миёнаи №49-и пойтахт ба фаъолияти педагогӣ машғул шуда, дар вазифаи муаллими тайёрии тодаъватӣ ва муаллими забон ва адабиёти рус фаъолият бурдааст. Соли 2006-ум аз тариқи конкурс ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интиқол ёфта, дар кафедраи умумидонишгоҳии педагогика то соли 2009 ба сифати муаллими калони кафедра кор кардааст. Ҳамзамон дар ҳаҷми 0, 5 воҳиди корӣ дар кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов кор қардааст. Солҳои 2009-2012 дар вазифаи мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон фаъолият мекард. Солҳои 2012-2014 дар вазифаи муаллими калон ва дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекард. Аз моҳи апрели соли 2014 то моҳи марти соли 2016 дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои таълим ва тарбияи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон устоди ДМТ шуда кору фаъолият кардааст. Соли 2015 ва соли 2020 аз ҷониби интихобкунандагон Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум ва шашум интихоб шудааст. Аз моҳи марти соли 2016 ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов таъин шуда, то феврали соли 2019 кор кардааст. Рисолаи докториашон дар мавзуи «Тайёр намудани муаллимон 486 ба фаъолияти педагогӣ ҳангоми гузариш ба низоми 12 - солаи таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда истодааст. Аз соли 2019 дар вазифаи дотсент ва мудири кафедраи Педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кору фаъолият дорад. Муаллифи 54 мақолаи илмӣ дар соҳаи таҳсилот, 10 барномаи таълимӣ ва тавсияҳои методӣ дар соҳаи педагогика.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Педагогикаи умумӣ (маҷмуаи таълимӣ). Д., 2017.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 13 апрел
- Зодагони соли 1967
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон