Заркамар
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Заркамар | |
|---|---|
| Боғи деҳа | |
| Кишвар |
|
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
| Ноҳия | ноҳияи Файзобод |
| Ҷамоат | Деҳоти Мискинобод |
| Таърих ва ҷуғрофия | |
| Аҳолӣ | |
| Шумора | 5650 тан (2017) |
| Миллатҳо | тоҷикон |
| Дин | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| коди телефон | +992 3135 |
Заркамар — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ҷамоати деҳот 2 км, то маркази ноҳия 30 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 5650 нафар (январи 2017), тоҷикон. Деҳа соли 1926 бунёд шудааст.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, 16 мағоза, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, осиёби барқӣ, 4 чойхонаи ҷамъиятӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ машғуланд[1]. Заминҳо ба воситаи наҳр аз дарёчаи Заркамар обёрӣ мешаванд.
Шахсиятҳои шинохта
[вироиш | вироиши манбаъ]Нависанда ва узви Иттифоқи нависандогони Тоҷикистон Муҳаббати Юсуф[2] дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.
- ↑ Аъзои нави Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Онҳо кистанд? | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus(тоҷ.). asiaplustj.info. 23 сентябри 2025 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заркамар // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.