Зармоҳӣ
| Зармоҳӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Серебряный карась (Carassius gibelio) | ||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||
|
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Cyprinidae.
|
||||||||||
| Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
| Carassius Nilsson, 1832 | ||||||||||
| ||||||||||
Зармоҳӣ (лот. Carassius) — як ҷинси моҳӣ.
Тавсифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Болҳои шиноварии тахтапушташ дароз, дандонҳояш якқатора. Зармоҳӣ ду намуд дорад: тилоранг ё муқаррарӣ ва нуқрагун. Зармоҳии тилоранг (C. carassius) дар Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ, Осиё (д-ҳои Волга, Лена) вомехӯрад. Дарозиаш то 45 см, вазнаш то 3 кг. Тахтапушташ қаҳваранги сиёҳтоб, паҳлуҳояш тилоранг, болҳои шиновариаш сурхча. Дар кӯлу обанбор ва дарёчаҳои сустҷараён зиндагӣ мекунад. Ба тағйироти шароити муҳит тоб меорад. Дар мавриди яхбандӣ ё хушкидани обанборҳо худро то умқи 70 см зери гил карда, зимистон ё тобистони гармро паси сар менамояд. Дар 3-4-солагӣ болиғ мегардад. Моҳҳои апрел — июн дар рустаниҳои обӣ ҳисса-ҳисса тухм (то 300 ҳазор адад) мегузорад. Ғизои зармоҳии тилоранг зоопланктон, зообентос ва детрит аст.
Зармоҳии нуқрагун (C. auratus) дар ҳавзаи уқёнуси Ором, рӯдҳои Сибир ва поёноби рӯдҳои ҳавзаи Арал паҳн гардидааст. Дар Тоҷикистон дар дарёҳои Сир, Ому, поёноби Вахш, Кофарниҳон, обанборҳои «Баҳри Тоҷик», Мӯъминобод, Селбур ва Яшилкӯл дучор меояд. Ду зернамуд дорад: C. autarus autarus ва C. a. gibelio. Дарозиаш то 45 см, вазнаш зиёда аз 1 кг. Рангаш нуқрафом, шикамаш сиёҳ. Бештар моҳии модина буда (наринаи онҳо кам вомехӯрад), дар натиҷаи бордоршавӣ аз наринаҳои дигар моҳиҳо афзоиш меёбанд (аз тухм фақат модинаҳо мебароянд — гиногенез). Ғизои зармоҳии нуқрагун обсабзҳо, ҳайвонҳои бемуҳраи хурд ва ғ. мебошанд. Зармоҳӣ моҳии гаронбаҳост.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зармоҳӣ / А. Расулов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.