Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарпечак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зарпечак
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Зарпечак, зардпечак, заҳрпечак, афтимун[1] (лот. Cūscuta) — ҷинси рустаниҳои яксолаи ангал (паразит); мансуби зарпечакҳост.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зарпечак береша ва бебарг аст. Вай ба танаю навдаи рустаниҳои дигар печида, шира ва моддаҳои ғизоии онҳоро ҷаббида мегирад. Пояаш борики дароз, ришта ё мӯякмонанд, зарди сабзтоб, гулобӣ ё бунафши тира. Гулаш хурд (2-7 мм), сафедча, гулобӣ ё сабзтоб, дар хӯшагул ҷойгир аст (моҳҳои июн — июл мешукуфад). Самараш ғӯзаи мудаввар, тухмшакл ё дарозрӯя, 2-6 тухм мебандад. Тухмаш хурд (дарозиаш 1-3 мм), ба тағйири ҳарорат ва таъсири моддаҳои кимиёӣ тобовар аст (он ҳатто ҳангоми аз узвҳои ҳозимаи ҳайвонот гузаштан низ қобили сабзиш мебошад). Як бех зарпечак, мас., С. epiliman то 3100, С. campestris то 15500, C. lehmanniana то 30 ҳазор тухм дорад. Зарпечак аз тухм ва пораҳои пояаш зиёд мешавад. Баъди неш задан барои гирифтани ғизо дар ҷустуҷӯи рустанӣ морвор тоб мехӯрад. Муқаррар кардаанд, ки зарпечак дар ҷустуҷӯи рустании дигар то 35 см ва бештар аз он дароз мешавад. Дар сурати наёфтани ғизо зарпечак баъди 16-25 шаборӯзи сабзиш мехушкад. Зарпечаки аз як тухм рӯида метавонад то 6 м2 масоҳатро фаро бигирад. Бештар тавассути тухми зироат, ҳайвонот, мошин, об, шамол, пору ва ғ. паҳн мешавад. Тухмаш дар хоки гарму сернам (то умқи 1 см) нағз месабзад; ҳавои гарму хушк барои нумӯи он хеле мувофиқ аст. Дар Тоҷикистон 25 намуди зарпечак (C. camprestris, C. epithymum, C. approximata, C. lehmannina, C. lupuliformis ва ғ.) дучор меояд. Зарпечакҳо алафи бегонаи ниҳоят хавфнок буда, ба полизу обчакорӣ, гулпарварӣ, зироати хӯроки чорво ва дарахту бутта зарари калон мерасонанд. Мас., дар натиҷаи зарари зарпечак (C. camprestris) миқдори қанди лаблабу 2,66, зағирпоя 20-30 (тухмаш 70) ва ҳосили юнучқа (аз C. approximata) 50 % кам шуда, сифати ғизоии рустаниҳои хӯроки чорво коҳиш меёбад. Зарпечакҳои C. lehmanniana ва C. bucharica буттаю дарахтони мева ва ороиширо мехушконанд. Зарпечак ба рустанӣ печида мубодилаи моддаҳои онро вайрон ва сабзишу инкишофашро суст мекунад. Он на фақат ҳосили рустаниро кам мекунад, балки сифати онро низ паст намуда, боиси бад шудани таъми мева мегардад. Хошоки олуда ба зарпечак мағор мезанад, сифати ғизоии худро гум, чорворо касал ва ҳатто нобуд мекунад. Зарпечак паҳнкунандаи касалиҳои вирусии рустаниҳо низ мебошад. Бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бо зарпечак риояи қоидаҳои агротехникӣ, агрокимиёию биологӣ, шудгори амиқ, киштгардони хушсифат, дам додани замин ва ғ. муҳим аст. Ба заминҳое, ки зарпечак пахш кардааст, пошидани гербитсидҳои нитрофен (20-25 кг/га), ДНОК (10-15 кг/га), маҳлули 10%-аи даҳани фаранг ва ғ. нафъ дорад.

  1. Зарпечак // Замин — Илля. Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 142. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). ISBN 978-99947-33-89-9.