Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зарпеша

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зарпеша
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
Hypericum elongatum
Ledeb.

Зарпеша, гули зарпоша ё чойкаҳак (лот. Hypericum elongatum) — як навъ рустании бисёрсола.

Аз 30 то 90 см қад мекашад. Серпоя, сабзи кабудтоб, бӯрранг. Баргаш дарозрӯя (дарозиаш 1-3 см, бараш 0,2-0,8 см), нештаршакл. Хӯшагулаш ҷорубак, сергул. Гулаш сафедтоб ё зарди тилоранг (моҳҳои май — июл мешукуфад). Ғӯзааш дорчинӣ. Зарпеша дар Марокаш, Испания, Эрон, Туркия, Қрим, Арманистон, Озарбойҷон ва Осиёи Марказӣ мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар мавзеъҳои ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, марғзор, нишебии қаторкӯҳи Қурама, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, навоҳии Сирдарё (дар баландии 1400—2700 м аз с.б.) мерӯяд.

Хусусиятҳои шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зарпеша гиёҳи доруист. Дар давраи гулшукуфт баргу шохчаҳои тарраки онро ғундошта даста мебанданд ва дар ҷои соя ва шамолрас мехушконанд. Баргу пояи тари он бӯи баласон карда, андаке талхмазза аст. Онро то 3 сол нигоҳ доштан мумкин аст. Дар таркиби баргу пояи Зарпеша 8-18 % моддаҳои даббоғӣ, 1,5-2 % флавоноидҳо, 0,15- 0,17 мг% витамини С, 5-7,5 мг% каротин, 0,1-0,3 % равғани эфир, 7-9 % қанд, 6-8 % луоб, 15-16,5 % сапонин, зифт ва асидҳои органикӣ мавҷуд аст. Табибони мардумӣ нақеи Зарпешаро барои муолиҷаи газак ва захми меъда, исҳол, дарунравӣ, бавосир, бемориҳои гурдаву ҷигар, тарбод ва ғ. ба кор мебаранд. Чойи гули он барои рафъи зардпарвин ва ҷӯшоби баргу пояаш барои табобати реши ҷигар муфид аст. Дар ҳолати хуншории милки дандонҳо бо Зарпеша даҳонро обгардон мекунанд