Зарфи мақсад
Зоҳир
'Зарфи мақсад' мақсади содир шудан ё нашудани амалу ҳолатро нишон медиҳад. Миқдори зарфи мақсад ҳам монанди зарфи сабаб хеле кам аст: қасдан, ифтихоран, барқасд, лутфан, таъкидан
Мисолҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вай ба ягон ҳавлӣ бедарак қадам намемонад (Ҷалол Икромӣ).
- Беҳуда сӯи мо нигоҳ намекард (Ҳаким Карим).
- Барои ин ки рози ниҳонии шавҳарашро ошкор намояд, қасдан вай бештар ва бештар озодона рафтор менамуд (Ҳаким Карим).
Ба ғайр аз калимаҳои алоҳида ба сифати зарфи сабаб таркибҳои устувори дидаю дониста, донистаю надониста, бемавриду бамаврид ҳам омада метавонанд. Таркибҳои номбурда бештар хусусияти гуфтугӯӣ доранд ва истифодаи онҳо дар забони адабӣ ҳам тадриҷан зиёд шуда истодааст.
Мисол
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дидаю дониста хотираҳои ҳаяҷоноварро нақл мекунем (Фазлиддин Муҳаммадиев).
- Маҳмуди бедодгар ба сӯхтори қасри дониш дидаю дониста роҳ дод (Сотим Улуғзода).
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология. — Душанбе: Дониш, 1985. — 271 саҳ.