Jump to content

Зарфи тарзи иҷрои амал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зарфи тарзи иҷрои амал — тариқи воқеъ шудани амал ва чигунагии ҳолату вазъиятро мефаҳмонад ва вобаста ба ин хусусияти худ ба феъл нигаронида мешавад. Вай нисбат ба дигар хелҳои зарф миқдоран бисёр буда, тобишҳои гуногун дорад. Зарфҳои тарзи амал инҳо мебошанд: нағз, бад, якбора, саросема, хурсандона, хушбахтона, самимона,далерона, маъюсона, худ ба худ, шифоҳӣ, хаттӣ, чунон ва ғайра.

  • Абӯалӣ саросема ба ин ҷо расида қарор гирифт (Сотим Улуғзода).
  • ...зуд-зуд нафаскашон ба тарозубон гуфт (Фотеҳ ниёзӣ).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология. — Душанбе: Дониш, 1985. — 268 саҳ.