Jump to content

Зауролоф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Зауролоф (англ. Saurolophus) — ҷинси хазандаҳои мунқа­риз аз оилаи динозаврҳои мурғобинӯл, зерқатори орнито­подҳо. Дар ҷумҷума теғаи дарозе доштанд, ки аз устухон­ҳои бинӣ ташаккул ёфта, дар паси сар овезон буд (вази­фаи он маълум нест). Зауролофҳо хазандаҳои калонтарини (даро­зиашон 10 м, вазнашон 1900 кг)­ рустанихӯри дупо бу­да, мисли дигар динозаврҳои мурғобинӯл ҳаёти дубаҳра (обхокӣ) доштанд. Боқимондаҳои (ду намуд)­ Зауролоф аз таҳни­ шастҳои табошири болои Амрикои Шимолӣ ва Осиёи Мар­казӣ ёфт шудаанд.