Зауроптеригияҳо

Зауроптеригияҳо (англ. Sauropterygian) — хазандагони мунқариз. Дар давраи мезозой (245–64,5 млн сол қабл) зиндагӣ кардаанд. Зауроптеригияҳо нотозаврҳо, плезиозаврҳо, эҳтимол плакодонтҳоро дар бар мегирифтанд. Зауроптеригияҳо барои дар об зиндагӣ кардан хеле мутобиқ шуда буданд. Зауроптеригияҳои аз ҳама бузургҷусса – плезиозаврҳо буданд, ки то 12 м дарозӣ доштанд. Зауроптеригияҳо назар ба ихтиозаврҳо ва мозазаврҳо хубтар шино мекарданд. Нотозаврҳо дар давраи триас (245–208 млн сол пеш) зиста, Зауроптеригияҳои нисбатан сода ба шумор мерафтанд. Онҳо, эҳтимол, саравлоди плезиозаврҳо (аз охири давраи триас то давраи табошири охир зиндагӣ кардаанд) буданд. Нотозаврҳо думи кӯтоҳ, тани дароз ва пойҳои шабеҳ ба пойҳои муҳрадорони хушкигард доштанд (эҳтимол дар хушкӣ низ ҳаракат мекарданд). Боқимондаи плезиозаврҳо дар Англия, Олмон, инчунин аз таҳнишастҳои давраи табошири поини ИМА ёфт шудаанд. Ҷуссаи онҳо ғафс, шикам ва устухони косашон нисбатан паҳн буд; пойҳои белшакли пурқувват, ангуштони сербанд доштанд. Дандонҳои паҳни плакодус (Placodus) ва З.и дигар барои майда кардани нармбаданҳо мувофиқ буданд. Бисёр плакодонтҳо зиреҳ доштанд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Unit 220: 100: Lepidosauromorpha. Palaeos. July 15, 2003. Retrieved January 19, 2004.
- A review of the Sauropterygia. Adam Stuart Smith. The Plesiosaur Directory. Retrieved April 17, 2006.
- Paleofile taxalist - lists every species and synonyms. Retrieved February 26, 2006
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зауроптеригияҳо // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 166-167. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.