Зафар Абдуллоев
Таърихи таваллуд | 18 май 1925 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ғафуров |
Таърихи даргузашт | 1998 |
Маҳалли даргузашт | Хуҷанд |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
Зафар Абдуллоев (18 майи 1925, Ёва, уезди Хуҷанд – 1998, шаҳри Хуҷанд) — яке аз барқароркунандагони сохти советӣ дар Тоҷикистон. Агрономи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистонро (1960) хатм кардааст. Соли 1938 ҳамроҳи падараш ба водии Вахш кӯчид. Соли 1943 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, ҳамчун аскари қаторӣ дар ҳайати Фронти 1-и Назди Балтика зидди фашистон ҷангидааст. Дар яке аз муҳорибаҳо маҷрӯҳ шуда ба зодгоҳаш баргаштааст. Солҳои 1945 – 1951 табелчӣ, сипас муҳосиб дар колхозҳои ба номи Сталин ва «Қизил Аскар» ноҳияи Ворошиловобод, 1951 – 57 котиби ҳизбии колхозҳои ба номи Сталин ва Хрушеви ҳамин ноҳия, 1960 – 76 раиси колхози «40-солагии Октябр», 1974 – 1976 директори заводи пиллахушккунӣ, 1979 – 1987 раиси колхози ба номи М. Горкийи ноҳияи Колхозобод. Аз соли 1987 нафақагир буд.
Ҷоизаву орденҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1), медалҳо, Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.