Jump to content

Зафар Розиқов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зафар Розиқов
Разыков Зафар Абдукаххаравич
Таърихи таваллуд 27 декабр 1951(1951-12-27) (72 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд
Кишвар ТоҷикистонТоҷикистон
Фазои илмӣ олим
Ҷойҳои кор Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия

Зафар Розиқов (Разыков Зафар Абдукаххаравич; 27 декабри 1951, Ленинобод) — муҳандиси соҳаи кӯҳкорӣ, доктори илми техникӣ (2004).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Академики Академияи муҳандисии ҶТ (1999). Факултаи истихроҷ ва коркарди конҳои нафту гази Донишгоҳи давлатии нафту гази Русияро бо ихтисоси технология ва механиконии комплексии истихроҷи конҳои нафт ва газ (1973) ва Академияи идоракунии ФР-ро хатм кардааст (1992). То соли 1977 дар иттиҳодияи истеҳсолии умумиитифоқии «Тюменгазпром»-и Вазорати саноати гази ИҶШС оператори истихроҷи газ, муҳандиси басти хидмати оперативӣ-истехсолӣ, инструктори шӯъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи шаҳрии ҲКИШ-и ш.Надими в. Тюмен кор кардааст. Баъдан технологи истихроҷи нафт (1977-1078), сардори шуъбаи сохтмони асоси (1978-1979), муовини директори генералии иттиходияи истеҳсолии «Тоҷикнафт» (1979-1982), муовини аввали раиси Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба назорати бехатарии гузаронидани кор дар саноат ва назорати кӯҳкорӣ (1982-1987), муовини мудири шуъбаи саноати Кумитаи марказии ХК Тоҷикистон (1987-1988), котиби кумитаи шаҳрии ХК Тоҷикистон дар ш.Чкалов (1988-1991), сардори шуъба, муовини сармухандис (1991-1995), муовини аввали директори генералии корхонаи давлатии «Востокредмет» (1995-1997), директори генералии корхонаи давлатии «Востокредмет» (аз с.1997), профессори кафедраи телекоммуникатсия ва радиоэлектроникаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (аз с.2004). Самтҳои асосии фаъолияти истеҳсоли ва илмии Р. гидрометаллургия, хӯлаҳои оҳан, тозакунии металлҳои қимматбаҳо, экология мебошад. Муаллифи 80 асар ва мақолаи илмӣ. Иштироккунандаи як қатор конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ (Вена, 1998; Алмаато, 2001, Чусовой, 2002, Вашингтон, 2004, Қайроққум, 2005). Узви Мачлиси миллии Мачлиси Олии ҶТ (2000-2005) буд.[1]

  • Экология уран-прерабатывающего предприятия. -Худжанд, 1999;
  • Урановые месторождения Таджикистана. -Чкаловск, 2002 (в соавт.);
  • Производство ферромолибдена. -Чкаловск, 2005 (в соавт.).
  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]