Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Захм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Захм
Захми ангушт
Захми ангушт
МКБ-10 T14.114.1
МКБ-9 872 ва 893
eMedicine / 
MeSH D014947

Захм (лот. vulnus, eris n.) — ҷароҳат, осеби василавии бофтаҳо, ки дар натиҷаи он пӯст, луобпарда ва мушакҳо зарар мебинанд.

Аз захми амиқ на фақат ба пӯст ва чарббофти зери он, ҳамчунин ба мушаку устухонҳо, асаб, паю бандакҳо, баъзан ба рагҳои калони хун низ осеб мерасад. Аз ҷароҳати нав хун меравад. Чунин ҷароҳат дарднок ва канорҳояш бози аз ҳам дур мебошад. захм бардоштани рагҳои калон ва узвҳои дарун, ки дарди шадид доранд, барои ҳаёт хатари ҷиддӣ пеш меорад. Ба захм роҳ ёфтани микробҳо, аз ҷумла ангезандаҳои кузоз ва ҳорӣ низ басо хавфнок аст. Онҳо захмро ба хурӯҷ меоранд, шароити мусоид пайдо карда, афзоиш меёбад. Ба захме, ки дар натиҷаи буридан, халидан ё кӯфтан ба вуҷуд меояд, ангезандаи бемориҳо нисбатан кам роҳ меёбанд. Дар ин гуна захмҳо қобилияти ҳаётии бофтаҳо фақат дар мавриде вайрон мешавад, ки агар онҳо аз ашёи захмрасон бевосита осеб дида бошанд. Ашёи захмрасон ҳар қадар тезу бурро бошанд, ҷароҳат ҳамон қадар хурд мешавад. Шакли чунин захмҳо мураккаб нест. Хуни захмҳои бурида ва кӯфта ба берун мешорад. Аз сабаби он ки захми халида чандон хунрав ва кушода намешавад, ба он роҳ ёфтани микробҳо душвор аст. Аз микробҳо сироят ёфтани захми бофтаҳое, ки бо хун бағоят хуб таъмин мешаванд (рӯй, пӯсти сар ва ғ.), аҳёнан ба мушоҳида мерасад. Захмҳои дарида, захми тир ва ҷои газидаи ҷонварон калон мебошанд. Ҳангоми даридани захм порчаи калони пӯст бо чарббофти зери он беҷо мешавад. Аз ин гуна захмҳо, маъмулан, бофтаҳои зиёде нобуд мегарданд; хунрагҳои хурди девораи захм кафида, бо лахтҳои хун баста мешаванд. Дар захми қабат-қабат хун ҷамъ мешавад. Ин ҳолат боиси сар задани сирояти анаэробӣ мегардад. Захмҳои чиркнок низ хатарноканд, чунки риму зардоби яра ба бофтаҳои солими наздик гузашта, онҳоро маҳв мекунанд; дар атрофи захм римхонаву дабилаҳо пайдо мешаванд, ки нишонаи ба дигар қисмҳои бадан интиқол ёфтани риму зардоб аст. Дар баъзе мавридҳои захм бардоштан мумкин аст уфунат ба вуҷуд ояд. Агар риму зардоб бисёр ва куҳна бошад, шахси маҷрӯҳ беҳуш мешавад. Ба захмҳои калон сироят кардани ангезандаи кузоз низ аз эҳтимол дур нест.

Захмҳои хурд ва бидуни риму фасод зуд шифо меёбанд. Дар тӯли 7–10 рӯз канорҳои захм ба ҳам омада, баъд дар ҷои он изи борике боқӣ мемонад (масалан, дар захми ҷарроҳӣ). Захми калон ва кушода тадриҷан бо бофтаҳои тоза пур мешавад. Шифои ин гуна захм чанд ҳафта ё моҳ давом мекунад. Бо мақсади ифлос ва бо микробҳо олуда нашудани захм ба пӯсти атрофи он маҳлули спиртии йод молида, бо бандинаи тоза мебанданд. Агар аз захм хун равад, пеш аз ҳама, бояд онро боздошт. Дар сурати хавфнок будани захми даст ё пой ин узвҳо ҳатман ноҷунбон карда мешаванд. Агар захм бо хок, ҷисмҳои бегона, моддаҳои радиоактив ё заҳрнок олуда бошад, пас ёрии таъҷилии ҷарроҳ зарур аст. Ҳангоми садама, хунравии зиёд ва захми тир ё корд (масалан, дар сари сина, шикам) маҷрӯҳро бояд зуд бо занбар то назди нақлиёти санитарӣ бурд. Шахсе, ки ӯро саг, гурба ё ҳайвони дигар газидааст, бояд фавран (ҳатто агар захм хурд ҳам бошад) ба табиб муроҷиат кунад. Захми хурду сатҳӣ ва тоза дар сурати расондани ёрии аввалини дуруст зери бандина сиҳҳат мешавад. Агар баъди 1–2 шаборӯзи захм бардоштан он дард кунад (далели оғози бемории сироятӣ), ҳатман ба ҷарроҳ муроҷиат бояд кард (хусусан баъди захми ангушти даст, ки метавонад ба хасмол табдил ёбад).

Захмҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

  • аз рӯи вазъияти пайдоиш-ҷарроҳй (осептикӣ), тасодуфӣ, ҷангӣ ва ғайра;
  • нисбат ба мавзеи осеби бофта-калон ё хурд;
  • аз рӯи механизми осеб ва олоти захмро ба вуҷудоваранда-лат, бурида, дарида ва ғайра;
  • аз рӯи шакл-хаттй, сӯрохдор, ситорашакл;
  • сироятнок, заҳролудшуда ва ғайра;
  • аз рӯи аломатҳои анатомӣ- бофтаҳои пӯсту мушак, рагҳо, асаб, банду буғум ва ғ.