Заҳирии Самарқандӣ
Зодгоҳ | |
---|---|
Кишвар |
Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муҳаммад Заҳирии Самарқандӣ (форсӣ: محمد بن علی بن محمد ظهیری سمرقندی; ? — қарни XII) — нависанда, тарҷумон, таърихнигор ва шоири форс-тоҷик ва муаллифи «Синдбоднома».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии ӯ маълумоти хеле кам аст. Мувофиқи гуфтаи Муҳаммад Авфӣ дар тазкираи «Лубобу-л-албоб», Заҳирии Самарқандӣ муддате дар дарбори Қарохониҳои Самарқанд котибӣ карда, «Соҳиби девон»-и иншои Рукнуддин Масъуд будааст.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифони тазкираҳо таъкид кардаанд, ки Заҳирии Самарқандӣ дар насри мусаҷҷаъ се китоби бузург таълиф карда будааст. Китоби якуми ӯ "Самъу-з-Заҳир фи ҷамъи-з-заҳир " («Гуфтори Заҳир барои маҷлиси хос») ном дошта, зоҳиран дар боби усули давлатдорӣ будааст. Ин асар то замони мо боқӣ намондааст. Китоби дуюми ӯ «Ағрозу-с-сиёсат фи аърози-р-риёсат» («Мақсадхои сиёсат дар идора кардани давлат») китоби таърихшиносӣ дар боби сиёсат ва усули давлатдорӣ буда, аз гуфтори шоҳони асотирӣ — Ҷамшед то шоҳони асри XII — Санҷар ибни Маликшоҳ, пахлавонон, донишмандони эронию араб, юнонӣ ва ғайра фароҳам омадааст. Заҳирии Самарқандӣ дар ин китоб ҳангоми шарҳу тавзеҳи гуфтаҳои гузаштагон аз баъзе воқеаҳои замони худ ёдовар шудааст, ки аҳамияти таърихӣ доранд.
Муҳимтарин асари Заҳирии Самарқандӣ, ки уро дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳамчун насрнавис машҳур кард, «Синбоднома» мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- سندبادنامه، تألیف محمّدبن علی ظهیری سمرقندی (قرن ششم)، مقدمه، تصحیح و تحقیق محمّدباقر کمالالدّینی، انتشارات میراث مکتوب، چاپ اوّل، تهران ۱۳۸۱. شابک ۹۶۴−۶۷۸۱−۷۲−۱