Jump to content

Синдбоднома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Синдбоднома
Забони навиштаҷот ё осор/асар арабӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

«Синдбоднома» (форсӣ: سندبادنامه‎) — китобе аз осори насри бадеии форс-тоҷик, ки дар шакли ҳикоят андаруни ҳикоят мураттаб шуда, машҳури олам гардидааст.

Муаррихон қадимтарин нусхаи ин асарро аз таълифоти аҳди Ашкониён донистаанд. Вале сарчашмаи «Синбоднома»-и имрӯза ривояти паҳлавии асар аст. Дар асри 8 «Синбоднома»-и паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шуда, дертар ба таркиби «Ҳазору як шаб» даромад. Матни арабии асри 8 ба суриёнӣ ва дар асри 11 матни суриёнӣ ба юнонӣ тарҷума шуда, ба ин васила «Синбоднома» сайри олам кард. То имрӯз тарҷумаҳои испанӣ, ибронӣ, арманӣ, гурҷӣ, туркӣ, лотинӣ, франсавӣ, италиявӣ, англисӣ, немисӣ, русӣ, венгерӣ, булғорӣ, полякӣ, словакӣ, чехӣ, руминӣ ва шведии «Синбоднома» маълум аст.

Машҳуртарин таҳрири имрӯзаи «Синбоднома» аз адиби тоҷтк Заҳирии Самарқандист, ки мазмунаш ин аст: дар иқлими Ҳиндустон Курдис ном шоҳи одилу фарзонае буд. Ин шоҳ аз ваҷҳи бефарзан дӣ ғам мехӯрд. Дар пиронсолӣ писаре ёфт. Таълиму тарбияи фарзанди шоҳ ба ӯҳдаи Синдбоди ҳаким гузошта шуд. Чун шоҳзода дар илму дониш комил гашт, пеш аз он ки ба имтиҳони шоҳу дарбориён равад, Синдбод устурлоб пеши офтоб дошта, дарёфт, ки то ҳафт рӯз ҷони шоҳзода дар хатар хоҳад буд, бинобар ин таъкид кард, ки то ҳафт рӯз бо касе сухан напайвандад ва худаш ғоиб шуд. Канизаке аз канизакони шоҳ дер боз ошиқи шоҳзода буд, назди ӯ рафта арзи таманно кард. Шоҳзода ишқи ӯро рад кард ва аҳд намуд, ки пас аз ҳафт рӯзи хомӯшӣ бевафоии ка- низакро ба шоҳ хоҳад гуфт. Канизак аз тарси ҷон назди шоҳ рафта, шоҳзодаро ба хиёнат муттаҳам кард ва шоҳ дар ғазаб шуда, ба қатли писар фармон дод. Дар ин миён ҳафт нафар вазири оқилу фарзонаи шоҳ ба химояти шоҳзодабархоста дар бевафоии занон ва зарари таъҷил ҳикоёти тамсилӣ меоварданд ва иҷрои қатлро ба таъхир меандохтанд, то нп ки ҳафт рӯзи наҳс сипари шуда, шоҳзода бегуноҳии худро собит кард.

Ҳамин ҳикояти васила 34 ҳикояти дохилаеро, ки Синдбод, ҳафт тан вазири шоҳ, канизак ва шоҳзода ба тақвияти сухану даъвои худ овардаанд, ба ҳам марбут сохта, мундариҷаи ғоявии «Синдбоднома»-ро шакл додааст. Заҳирӣ дар зимни асари худ ақидаҳои иҷтимоиашро доир ба усули давлатдорӣ баён карда, ба шоҳони замон дастури амал додааст. Тарзи баёни нависанда мушКиёнаи пуртакаллуф буда, эабони асар аз санъатҳои бадеӣ саршор аст. Олими турк Аҳмади Оташ дар асоси чанд нусхаи қадимаи ин китоб, ки дар китобхонаҳои Туркии маҳфуз мондааст, матни интиқодии «Синдбоднома»-и Заҳириро таҳия карда ба табъ расонд. «Китоби ҳаким Синдбоднома», ки дар Душанбе соли 1971 ба табъ расидааст, шакли мухтасар ва содда гардондашудаи матни интиқодии Оташ аст.

  • Синдбоднома / Ҷ. Азизқулов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).