Заҳролудшавӣ
Ин саҳифа дар ҳоли ҳозир аз ҷониби корбар Дӯстмурод Саид (баҳс) 11:16, 16 Декабри 2025 (UTC) фаъолона таҳрир шуда истодааст. |
Заҳролудшавӣ, заҳрогинӣ — аз таъсири заҳрҳои дохилӣ ва берунӣ осеб дидани андомгони одаму ҳайвон.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Хосса заҳролудшавии шадид бештар рӯй медиҳад. Заҳролудшавӣ ҳангоми ба андомгон роҳ ёфтани моддаҳои кимиёии гуногун, аз ҷумла доруҳо ҳам сар мезанад. Моддаҳои кимиёие, ки боиси заҳролудшавии шадид мешаванд, хеле зиёданд, масалан, доруҳо, васоити кимиёии рӯзгор, оростагӣ ва беҳдошти шахсӣ, маводди ҳашароткушӣ, заҳри ҳайвоноту рустаниҳо ва ғ. Вобаста ба таъсир онҳо ангезанда, сӯзонанда, маддаовар, буғикунанда, хобовар, ихтилоҷӣ ва ғ. мешаванд. Бештари ин моддаҳо, сарфи назар аз меъёр ва тарзи роҳ ёфтанашон ба андомгон, таъсири фардӣ доранд (яъне фақат ба ҳуҷайра ва бофтаҳои муайян зарар мерасонанд). Аз ин рӯ, онҳоро ба заҳрҳои хун (гази карбон, селитра ва ғ.), заҳрҳои асаб (алкуҳул, доруҳои хобовар ва ғ.), заҳрҳои гурдаю ҷигар (пайвастҳои филиззоти вазнин, заҳри баъзе занбӯруғҳо ва ғ.), заҳри дил (заҳри баъзе рустаниҳо аз гурӯҳи алкалоидҳо) ва заҳри меъдаю рӯда (маҳлули ғализи кислотаю ишқорҳо) тақсим мекунанд. Сабаби солҳои охир бисёр ба мушоҳада расидани заҳролудшавии шадид дар муҳити зист захира шудани моддаҳои кимиёӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар мамолики Аврупо аз ҳар ҳазор нафар аҳолӣ 1 нафар бо заҳролудшавии шадид дар бемористон бистарӣ мешавад. Шумораи умумии аз заҳролудшавии шадид фавтидагон нисбат ба шумораи умумии фавтидагон аз фалокати нақлиёт чанд баробар зиёдтар аст. Хосса афзоиши теъдоди заҳролудшавии шадид дар байни атфол боиси ташвиши табибон шудааст. Он бештар дар натиҷаи беназорат нигоҳ доштани дору ва маводди кимиёӣ рух медиҳад.
Заҳролудшавӣ аз воситаҳои кимиёии рӯзгор, ғизо, занбӯруғҳо, маводди кимиёии кишоварзӣ, оксиди карбон (гази ғубор), рустаниҳо, шароб, дорувор ва ғ. беш аз пеш меафзояд.
Заҳролудшавӣ аз воситаҳои кимиёии рӯзгор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар натиҷаи истифодаи нодурусти маводди кимиёие, ки дар рӯзгор истифода мешаванд (масалан, воситаҳои оростагӣ ва доғбар, инсектитсидҳо, хокаҳои ҷомашӯйӣ, локу ранг ва ғ) ба вуҷуд меояд. Ба воситаҳои оростагӣ лосёнҳо, атриёт ва шампуну рангҳо барои мӯи сар мансубанд. Дар таркиби онҳо спирти этил, амил ва бутил вуҷуд дорад, ки силсилаи асабро табоҳ сохта, боиси заҳролудшавии вазнин бо ихтилоли нафаскашӣ ва кори дил мешаванд. Дар ҳолатҳои заҳролудшавии сабук сардард, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, ихтилоли кори меъдаву рӯда (исҳол, дарди шикам) рух медиҳад. Инсектитсидҳоро дар рӯзгор барои нест кардани ҳашарот (масалан, тахтакана, нонхӯрак ва ғ.) истифода мебаранд. Пайвастҳои органикии фосфор (хлорофос, карбофос ва ғ.) аз ҷумлаи онҳо буда, боиси заҳролудшавии шадид ва музмин мегарданд. Воситаҳое, ки дар таркиби онҳо диметилфталат мавҷуд аст («Тайга», «Ангара» ва ғ.), барои маҳви ҳашароти болдори зараррасон истифода мешаванд. Диметилфталат дар андомгон ба спирти метил табдил меёбад. Он хеле заҳрнок буда, зери таъсири асид (кислота)-ҳои формиат ва формалдегид таҷзия ва сабаби ихтилоли фаъолияти асабҳои марказӣ мешавад. Ҳангоми тасодуфан ба андомгон роҳ ёфтани ин моддаҳо (зиёда аз 50 мл) одам беҳуш, дамгир ва оқибат нобино мешавад. Асидҳое, ки дар рӯзгор ҳамарӯза истифода мешаванд, муҷиби заҳролудшавии вазнин шуда метавонанд. Масалан, маҳлули 80-фоизаи асиди атсетат ва асиди хлорид ба таркиби воситаҳои шустани ванна дохил мешаванд; асидҳои карбол ва оксалат ҷузъи таркибии маводди зангзудо мебошанд. Аз ишқорҳо бештар содаи каустикӣ, спирти навшодир (маҳлули обии аммиак) ва ишқори калий хавфноканд. Ғайр аз ин, маҳлули ишқорҳо ба таркиби воситаҳои муҳимми рӯзгор — нитхинол, персол ва ғ. дохил мешаванд. Аксарияти онҳо беранг ва бебӯй мебошанд. Бинобар ин, онҳоро набояд бо хӯроквориҳо якҷо нигоҳ дошт.
Ҳангоми ба андомгон роҳ ёфтани асид ё ишқори қавӣ дар даҳон ва роҳи нафас дарди шадид пайдо мешавад. Сӯхтани луобпарда боиси варам ва бисёр рафтани оби даҳон, ба вуҷуд омадани дард барои фурӯ бурдан монеъ мешавад. Дар натиҷа мумкин аст оби даҳон ба роҳи нафас афтад ва кас нафасгир шавад. Дар чунин мавридҳо ба чумча дока печонида, даҳонро тоза мекунанд. Агар аломатҳои нафастангӣ падид ояд, нафаси сунъӣ медиҳанд (бо усули даҳон ба бинӣ, зеро сӯхтани луобпардаи даҳон истифодаи дигар усулҳоро маҳдуд мекунад). Дар одамоне, ки аз асиду ишқорҳо заҳролуд шудаанд, қайи омехта бо хун ва гоҳе хунравии бисёр мушоҳида мешавад. Бинобар ин шустани меъда қатъан мамнӯъ аст, зеро он метавонад боиси афзудани қай ва ба роҳи нафас афтодани асиду ишқорҳо гардад. Ба осебдида 2-3 истакон об (беҳтараш бо ях) менӯшонанд. Ба ҳеч ваҷҳ кӯшиши аз байн бурдани таъсири моддаи заҳрнок, яъне ба ҷабрдида хӯрондани сода ё амсоли он ҷоиз нест, зеро дар натиҷаи таъсири мутақобили онҳо гази карбонат бисёр ҷудо шуда, меъдаро васеъ ва дарду хунравиро бештар мекунад. Баъзе асидҳо, аз ҷумла асиди атсетат, ба хун гузашта, эритротситҳоро маҳв месозанд. Дар натиҷа фаъолияти узвҳои ҳаётан муҳим халалдор мешавад (масалан, нақси шадиди гурда сар мезанад). Асид ё ишқори ба пӯст, луобпардаи чашм ё лабҳо рехтаро бо 1-2 л об мешӯянд. Асиди оксалат, ки ба таркиби баъзе воситаҳои шустушӯ дохил мешавад, баъди ба андомгон роҳ ёфтан боиси иллати шадиди гурда мегардад. Воситаҳои доғбар дар таркибашон карбоҳидридҳои хлорнок (трихлорэтилен, чорхлориди карбон) дошта, ба ҷигару гурдаҳо зарар мерасонанд. Заҳролудшавӣ аз рангҳои анилинӣ муҷиби ихтилоли гардиши хун шуда, ба интиқоли оксиген халал мерасонад. Дар натиҷа пӯсту луобпардаҳо кабуди хокистарӣ ва хун қаҳваранг мешавад.
То омадани табиб, агар бемор ҳушёр бошад, ӯро ба қай водор кардан лозим аст (ба истиснои заҳролудшавӣ аз асиду ишқорҳо). Бемори беҳушро парӯ хобонда (бе болишт), рӯяшро ба як тараф мегардонанд, то ки маводди қай ба роҳи нафас наафтад. Ҳангоми ба ҳалқ фурӯ рафтани забон, агар ҷоғҳо ҷафс ва ба нафаскашӣ монеъ шаванд, сари беморро оҳиста ба ақиб бурда, ҷоғи поинро ба пеш ва боло мекашанд, то ки осебдида бо бинӣ нафас гирифта тавонад.
Зарфе, ки дар он воситаҳои кимиёии рӯзгорро нигоҳ медоранд, бояд ҳавоногузар бошад. Дар хона истифода бурдани маводде, ки муассисаҳои ҳифзи тандурустӣ барои рӯзгор тавсия накардаанд, ҷоиз нест. Ба ҳалкунандаҳои гуногуне, ки дар таркибашон дихлорэтан доранд, диққати махсус бояд дод, зеро ҳатто нафас кашидани буғи онҳо боиси сар задани оризаҳои ногувор мегардад.
Заҳролудшавӣ аз ғизо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар натиҷаи истеъмоли хӯроки олуда бо микробҳои беморизо ё заҳри онҳо ба вуҷуд меояд. Микроби аз ҳама хавфнок ботулинус буда, заҳри қотил дорад. Меъёри марговари ботулинус 0,0002 мг аст; 1 мг-и он метавонад беш аз 3 ҳазор нафар одам ва 200 граммаш аҳолии рӯи заминро нобуд созад. Баъд аз чанд соати оғози зуҳуроти заҳролудшавӣ (яъне пайдо шудани қай, исҳол, дарди шикам) чашм хира гашта, нутқ ва фурӯбарӣ бинобар фалаҷ шудани мушакҳои балъуму ҳанҷара халал меёбанд (нигар Ботулизм). Сипас фалаҷшавии мушакҳои дигар, аз ҷумла мушакҳои нафаскашӣ афзуда, ниҳоят муҷиби фавти мариз мегардад. Заҳролудшавӣ аз баъзе намуди стафилококкҳо бемории маъмул аст. Стафилококкҳо дар шароити муқаррарии хона дар ғизоҳое, ки ниёз ба пухтан надоранд (пирожниҳои кремдор, маҳсулоти ширӣ, ғизои дудхӯрда, паштетҳо, винегрет ва ғ.), бе мамониат афзоиш мекунанд. Одамоне низ метавонанд манбаи сироят аз хӯрокворӣ гарданд, ки гирифтори бемориҳои римноки стафилококкӣ мебошанд. Онҳоро ба пухтупаз роҳ додан лозим нест. Дар ин самт риояи тарзи нигоҳдошти хӯрокворӣ низ муҳим аст.
Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо то омадани табиб меъдаи беморро шустан лозим аст. Истифодаи доруҳои зидди дарунравӣ қатъан мамнӯъ аст, чунки онҳо барои аз андомгон хориҷ кардани микробҳои беморизо мамониат менамоянд. Ҳангоми ботулизм (дар соатҳои аввали оғози он) бетаъхир гузаронидани зардоби зидди он маризро аз марг наҷот медиҳад.
Гурӯҳи калони заҳролудшавӣ аз ғизоро заҳрсироят (токсикоинфексия)-ҳо ташкил медиҳанд. Онҳоро баъзе намудҳои микробҳои рӯда (масалан, салмонеллаҳо) ба вуҷуд меоранд. Бемориҳои исҳоли хунин, паратифҳо ва домана на фақат аз заҳри микробҳо, балки бар асари худи онҳо низ пайдо мешаванд. Заҳрсирояти ғизоиро фақат табиб дар шароити беморхона табобат мекунад. Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз ғизо қабл аз консерв кунондан меваю сабзавотро бояд нағз шуст. Дар хӯрок истифода бурдани консервҳои қуттиашон бодгирифтаю дамида, сӯрох ва нақсдор қатъан мамнӯъ мебошад. Риояи қоидаҳои пухтупаз ва беҳдошти шахсӣ низ муҳим аст.
Заҳролудшавӣ аз дору
[вироиш | вироиши манбаъ]Заҳролудшавӣ аз дору хеле маъмул буда, бинобар худсарона истеъмол кардани доруҳои гуногун (аналгин, аспирин, паратсетамол ва дигар доруҳои маъмули ба онҳо монанд, инчунин доруҳои хобовар) рух медиҳад. Пас аз истеъмоли меъёри зиёди доруи хобовар сустӣ, хоболудӣ ва ҳисси гаронии сар, гоҳо баръакс, ҳаяҷони рӯҳии монанд ба мастӣ пайдо мешавад. Баъди чанд муддат хоб ба беҳушӣ табдил меёбад. Дар ин маврид бедор кардани одам ғайриимкон аст. Дар даҳону бинӣ луоб гирд омада, нафаскашӣ хирросӣ ва тез-тез, сипас рӯякӣ ва дер-дер мешавад. Агар заҳролудшавӣ сабук бошад, одам беҳуш нашуда, ба хоби сахти тӯлонӣ меравад. Заҳролудшавӣ аз доруҳои оромкунандаи асаб (седативӣ) ду давра дорад. Дар давраи аввал ҳаяҷон, калавидани сар ва носомонии нутқ ба мушоҳида мерасад. Бемор аз ҷой ҷаста мехезад, кӯшиш ба гурехтан мекунад; ҳаракатҳо бетартиб, роҳгардӣ ноустувор, набз тез, нафаскашӣ хирросӣ ва тез буда, ранги рӯй меканад. Дар давраи дуюми заҳролудшавӣ (агар он вуҷуд дошта бошад) одам аз ҳуш меравад. Маъмулан, истеъмоли аз меъёр зиёди доруҳои хобовару таскинбахш ба одамони калонсол ва гирифтори бемории дилу рагҳо ва узвҳои нафаскашӣ таъсири сахт мерасонад. Заҳролудшавӣ аз чунин доруҳо боиси илтиҳоби шуш гашта, барои ҳаёт хатари ҷиддӣ дорад. Бинобар ин зуд мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват карда, ба қадри имкон ба ҷабрдида ёрӣ расондан зарур аст. Агар одам ҳушёр бошад, ӯро хобонда, гиребон ва камарбандашро мекушоянд, сарро баланд мебардоранд. То омадани табиб ба ҷабрдида 5-6 истакон оби гарм ё маҳлули содаи хӯрокӣ нӯшонида, бо ангушт бехи забонашро зер карда, қай меоранд. Сипас ба ӯ чойи талх ё қаҳва нӯшонида, 100 г нони сиёҳи хушк мехӯронанд. Нӯшонидани шир мумкин нест, зеро шир боиси зуд ба рӯда гузаштани заҳр ва дар андомгон то дер вақт боқӣ мондани он мешавад. Беморро танҳо намегузоранд, зеро ӯ бар асари ҳаяҷон мумкин аст кӯшиши хестан карда афтад ва сахт лат хӯрад. Одами аз заҳролудшавӣ беҳушгаштаро метавонад фақат ёрии дурусти тиббӣ наҷот бахшад. Қабл аз омадани мошини ёрии таъҷилӣ беморро ба паҳлу хобонда, рӯяшро ба чап ё рост мегардонанд, то моддаи қай ва луоб ба роҳи нафас наафтанд. Сипас ба қошуқча дока печонида, луоб ва оби даҳонро тоза мекунанд, дандонҳои сунъиро мегиранд ва забонро берун мебароранд. Ҳар сари чанд вақт ба бемор бӯй кунондани спирти навшодир муфид аст (пахтаро 4-5 см дуртар аз бинӣ нигоҳ медоранд). Шустани меъда дар ҳолати беҳушии бемор қатъиян манъ аст, зеро об ба роҳи нафас афтода, боиси аз нафастангӣ фавтидани бемор мешавад. Дар сурати нафас накашидани ҷабрдида ва кабуд шудани ранги рӯй ва лабу даҳон фавран бояд нафаси сунъӣ дод. Ёрии дурусти аввалине, ки то омадани табиб расонда мешавад, метавонад одамро аз марг наҷот диҳад. Заҳролудшавӣ аз хинин ва пахикарпин дар байни занон зиёд дучор меояд. Бисёр занҳо чунин доруҳоро барои исқоти ҳамл истифода мебаранд. Таъсири заҳрогини хинин бо халал ёфтани кори силсилаи марказии асаб ва дилу рагҳо падид меояд. Аломатҳои он дилбеҳузурӣ, қай, беҳолӣ, садо додани гӯш, заъфи биноӣ ва шунавоӣ, халаи шикам ва ғ. буда, пас аз 30 дақиқа истеъмоли меъёри заҳрогини дору (зиёда аз 1 г) зуҳур мекунанд. Ҳангоми заҳролудшавии вазнин эҳтимол дорад ташаннуҷ ва ихтилоли кори дил (то пурра аз задан мондани он) ба мушоҳида расад. Пахикарпин мисли хинин ба силсилаи марказии асаб таъсир карда, боиси халал ёфтани фаъолияти мағзи сар, нафаскашӣ ва гардиши хун мешавад. Он мумкин аст ҳатто кори дилро қатъ кунад. Нишонаҳои заҳролудшавӣ аз пахикарпин дилбеҳузурӣ, қай, дарди шикам, сархчархзанӣ, дарди сар, ихтилоли биноию шунавоӣ, калавида роҳ гаштан, ташаннуҷ, ноҷӯрии нафаскашӣ ва ғ. мебошанд. Ҳангоми заҳролудшавии хеле вазнин ҷабрдида беҳуш гашта, нафас қатъ мегардад, дилу рагҳо заъф меёбанд. Исқоти ҳамл берун аз бемористон бо истифода аз пахинкарпин ва хинин, маъмулан, натиҷаи дилхоҳ надода, бо заҳролудшавии шадид анҷом мепазирад. Тадбирҳои ёрии аввалин дар ин маврид мисли тадбирҳои ёрии аввалин ҳангоми заҳролудшавӣ аз доруҳои хобовар ва таскинбахш мебошанд. Бо пайдо шудани аломатҳои заҳролудшавӣ даъват намудани табиб ҳатмист. Агар бемор ҳушёр бошад, то омадани табиб меъдаашро мешӯянд. Дар сурати беҳуш будани ӯ ёрии аввалинро бо усули қаблан зикршуда мерасонанд. Бемороне, ки дар онҳо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз пахикарпин зоҳир гаштаанд, бояд ҳатман бистарӣ карда шаванд. Онҳоро фақат бо занбар аз ҷое ба ҷое бурдан мумкин аст, зеро ҳангоми якбора тағйир ёфтани вазъи бадан, фишори хун ғайричашмдошт паст мефурояд. Умуман, аломатҳои заҳролудшавӣ аз доруҳои гуногун мумкин аст аз ҳамдигар фарқ кунанд. масалан, ҳамзамон падид омадани аломатҳои ихтилоли гувориш, халал ёфтани кори дил ва заиф будани набз далел ба заҳролудшавӣ аз гликозидҳои дил (дигоксин, коргликон) мебошад. Халаи сахти гурда ва қатъ шудани пешоб, ки бо хориш, дамидани доначаҳо бар пӯст ва табу тасф сурат мегиранд, нишонаи заҳролудшавӣ аз сулфаниламидҳо (сулфадиметоксин) аст. Дарди шадид ва қабзияти шикам, таъхири қазои ҳоҷат, дилбеҳузурӣ, қай, дамкӯтоҳӣ, баъзан якбора паст шудани ҳарорати бадан аз таъсири заҳролудовари аспирин дарак медиҳанд. Ба ин аломатҳо мумкин аст хира шудани чашм, рафтани оби даҳон ва кори номураттаби дил низ ҷӯр гарданд. Аз даҳон ва сару тан омадани бӯи хос низ нишонаи заҳролудшавӣ аз доруҳо аст. масалан, ҳангоми зиёд кардани вояи пенитсиллин ё ҳосилаҳои он аз одам бӯи аспхона меояд. Заҳролудшавӣ аз нақеъи шобезак ё атропин боиси васеъ шудани гавҳараки чашм ва сурхии пӯст мегардад. Сурх шудани пӯст мумкин аст нишонаи заҳролудшавӣ аз асиди бор ва тобиши дорчинӣ пайдо кардани он аломати заҳролудшавӣ аз бромидҳо низ бошад. Заҳролудшавӣ аз морфин, героин ва кодеин гавҳараки чашмро танг мекунад. Дар ҳама гуна мавридҳо бе тавсияи табиб истеъмол кардани дору, ҳатто доруҳои ба назар «безиён», ҷоиз нест.
Заҳролудшавӣ аз занбӯруғҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Заҳролудшавӣ аз занбӯруғҳо бештар дар баҳору тирамоҳ мушоҳида мешавад. Сабаби асосии чунин заҳролудшавӣ надонистани таркиби биологии занбӯруғҳост. Занбӯруғҳо ба се гурӯҳ — хӯрданбоб, шартан хӯрданбоб (пеш аз пухтани хӯрок онҳоро дар об ҷӯшонда, обро мепартоянд) ва заҳрнок ҷудо карда мешаванд. Одамон бештар аз занбӯруғҳои заҳрнок ва шартан хӯрданбоб заҳролуд мегарданд. Хосса телпаки морак, магаскушак (мухомор) ва шайтонзанбӯруғ хатарнок мебошанд. Заҳролудӣ аз телпаки морак хеле вазнин аст (то 90 дарсади осебёфтагон мефавтанд). Телпаки морак дар таркибаш ду навъ заҳри қаттол — фаллоидин (зудтаъсир аст) ва аманитин (дертаъсир мебошад) дорад, ки ҷигар ва гурдаро аз кор мебароранд. Заҳролудшавӣ аз телпаки морак чор давраро дар бар мегирад: давраи ниҳонӣ (аз лаҳзаи истеъмоли занбӯруғ 8-24 соат тӯл мекашад), осеб ёфтани кори меъдаю рӯда (1-6 шаборӯз давом карда, ҷисм бинобар исҳол обу намаки заруриро талаф медиҳад), ихтилоли кори ҷигару гурдаҳо (баъди 5-6 рӯз оғоз меёбад), давраи шифо (агар бемор зинда монад) бо барқарор шудани кори узвҳои зарардида. Нишонаҳои заҳролудшавӣ (дилбеҳузурӣ, қай, дарди шикам, баъзан исҳоли омехта бо луобу хун) бисёр вақт ногаҳон шиддат меёбанд. Заҳролудшавӣ дар кӯдакон хеле вазнин рух дода, бинобар ихтилоли фаъолияти ҷигар боиси марг мегардад. Заҳролудшавӣ аз магаскушак нисбатан кам вомехӯрад, зеро аз занбӯруғҳои хӯрданбоб фарқ кардани он душвор нест. Мускарин ном заҳре, ки дар таркиби магаскушак мавҷуд аст, боиси пурҳаяҷонӣ, ихтилоҷ, тангии мардумаки чашм, рафтани оби даҳон, арақшорӣ, дарди шикам, дилбеҳузурӣ ва қай мегардад. Дертар ҳазён ва галлютсинатсия падид меояд. Нишонаҳои аввалини заҳролудшавӣ пас аз 1,5-6 соати истеъмоли занбӯруғ пайдо мешаванд. Аломатҳои заҳролудшавӣ аз занбӯруғҳои шартан хӯрданбоб дилбеҳузурӣ, қай ва исҳол мебошанд, ки баъди 1-3 соати истеъмоли занбӯруғ ба мушоҳида мерасанд. Осебдида баъди 1-2 рӯз шифо меёбад. Бахязанбӯруғ гелвеллат ном асиде дорад, ки эритроситҳоро об (ҳемолиз) мекунад. Нишонаҳои аввалини заҳролудшавӣ аз он дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қай ва сардард буда, баъд аз 2-3 рӯз зардпарвин инкишоф меёбад. Асиди гелвеллат ҳангоми дуруст пухтани занбӯруғ безарар мешавад.
Ҳангоми заҳролудшавӣ аз занбӯруғҳо то омадани табиб меъда ва рӯдаи беморро шуста, ӯро бистарӣ мекунанд. Меъдаро бо оби ширгарм, намакоб ё маҳлули сусти маргансоф (KMпO4) мешӯянд. Барои шустани рӯдаҳо маводди исҳоловар (равғани канадона ё намаки исҳол) ва барои тамоман тоза шудани онҳо аз ҳуқна истифода мекунанд. Бо мақсади барқарор намудани оби бадан ба бемор ҷуръа-ҷуръа додани оби шӯртаъм ё чои талх муфид аст. Истеъмоли машруботи спиртӣ манъ аст, чунки он ҷабиши заҳри занбӯруғро метезонад. Сари вақт ба беморхона бурдани зарардида имкон медиҳад, ки табобат бо истифода аз дастгоҳи «гурдаи сунъӣ» амалӣ шавад.
Заҳролудшавӣ аз маводди кимиёии кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бинобар истифодаи нодурусти заҳрҳои ҳашароткуш, моддаҳои маҳвсозандаи хояндаҳои зараррасон, дефолиантҳо (маводди баргрезон) ва ғ. сурат мегирад. Дар кишоварзӣ моддаҳои гуногуни заҳрнок истифода мешаванд. Барои безарар кардани ғалладона бештар маводди органикии симобдор — гранозан, меркуран ва ғ-ро кор мефармоянд. Онҳо ба ҷисми одам бо роҳи нафас, инчунин тавассути меъдаю рӯдаҳо, пӯст ва луобпардаҳо ворид мешаванд. Аломатҳои заҳролудшавӣ аз гранозан ва меркуран дар муҳлатҳои гуногун зоҳир мегарданд. Ҳангоми заҳролудшавии сабук дарди сар, дилбеҳузурӣ, қай, рафтани оби даҳон, дарди шикам, беҳолӣ ба мушоҳида мерасанд, даҳон таъми оҳан мекунад. Бар асари заҳролудшавии вазнин беҳолӣ, сардард, сарчархзанӣ, беҳушӣ, заъфи хотира, ихтилоли хоб (хоболудии рӯзона, бехобии шабона), тундмизоҷӣ, серҳаяҷонӣ, тарсу ваҳм, фиреби назар (галлютсинатсия) ва шунавоӣ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷаи осеби силсилаи асаб дасту по фалаҷ мешавад. Баъзан фаъолияти меъдаю рӯдаҳо халал ёфта, гингивит, стоматит ва бемориҳои дигар рух медиҳанд. Ба моддаҳои заҳрноке, ки дар таркибашон маргимуш доранд (пеститсидҳо), ангидриди арсенат, сабзаи порисӣ ва ғ. мансубанд. Маргимуш ба андомгон тавассути роҳи нафас ва аъзои ҳозима ворид шуда, бештар дар устухон, гурда, ҷигар, мӯю нохун ва пӯст гирд меояд. Заҳр агар аз роҳи ҳозима таъсир карда бошад, даҳон таъми оҳан карда, дилбеҳузурӣ, қайи думодум ва дарди шадиди шикам рух медиҳад. Қай сабзранг ва наҷосат мисли биринҷоба шуда, пешобронӣ ба таъхир меафтад, аломатҳои зардпарвин, кабудшавии пӯст ва заъфи кори дил ба вуҷуд меоянд, ҷабрдида аз ҳуш меравад. Дар сурати заҳролудшавии шадид пас аз чанд соат бинобар қатъ шудани нафаскашӣ ҷабрдида мефавтад. Нишонаҳои заҳролудшавӣ аз чанг ё буғи доруҳо рехтани оби дида, атса задан ва сурфаи ҳамроҳ бо дарди ҷонкоҳи сари сина аст; нафас танг ва пӯст кабуд шуда, ҳарорат аввал баланд, баъд якбора паст мефурояд, дарун меравад. Даҳани фаранг ва моеи бордосӣ дар таркибашон мис дошта, барои нест кардани ҳашароти зараррасони боғу токзор истифода мешаванд. Ҳангоми ба роҳи нафас афтодани онҳо одам табларза карда, ҳарорат баланд (то 40º) мешавад, беҳолӣ, сардард ва дарди мушакҳои дасту по, хунравии бинӣ, бронхити шадид, дарди меъда, дилбеҳузурӣ ва қай рух медиҳад. Бемор пас аз 2-3 шаборӯз шифо меёбад. Барои мубориза бо касалиҳои занбӯруғии рустанӣ ва нобуд кардани кана аз сулфурҳои хока ва коллоидӣ истифода мебаранд. Сулфур пӯст ва луобпардаҳоро сӯзонда, сабаби пайдоиши дерматит, қубоъ, конъюнктивит, ларингит ва бронхит мешавад. Ҳангоми муддати дароз ба роҳи нафас афтодани гарди сулфур бемориҳои пневмокониоз ва гастрит сар мезананд. Ангидриди сулфит, ки барои маҳв кардани ҳашарот пешбинӣ шудааст, луобпардаи чашм ва роҳи нафасро месӯзонад. Дар сурати заҳролудшавии сабук аз он сурфа, зуком, гирифтагии овоз, сурху обрав шудани чашм мушоҳида мешавад. Заҳролудшавии вазнин аз ангидриди сулфит бо партофтани балғами хунолуд, хунравии бинӣ, нафастангӣ, кабуд шудани пӯст, хафакон зоҳир мегарданд. Анабазин-сулфат ва никотин-сулфат низ аз ҷумлаи пеститсидҳо буда, бо роҳи нафас, аъзои ҳозима ва пӯст ба андомгон ворид мешаванд. Онҳо ба силсилаи марказии асаб, хосса ба маркази нафаскашӣ, таъсири бад расонда, ҷаврдидаро нафасгир мекунанд. Ҳангоми заҳролудшавии шадид аз анабазин-сулфат сарчархзанӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ, баъзан қай, беҳолии мушакҳо, рафтани оби даҳон, серарақӣ ба амал меояд. Дар ҳолатҳои вазнин ҳаяҷони рӯҳӣ, ихтилоҷ ва беҳушӣ сар зада, бар асари қатъ гаштани нафаскашӣ ва фаъолияти дил бемор мефавтад. Заҳролудшавии шадид аз никотин-сулфат кам ба мушоҳида мерасад. Аломатҳои он мисли заҳролудшавӣ аз анабазин-сулфат аст. Барои мубориза бо ҳашароти зараррасони ғалладона бромиди метилро истифода мебаранд. Он доруи хеле заҳрнок аст. Давраи аввали заҳролудшавӣ ноаён сурат мегирад. Баъдтар беҳолии умумӣ, сарчархзанӣ, сардард, дилбеҳузурӣ, қай, ларзиши дасту по, ихтилоли босира ва фишорпастӣ ба вуҷуд меояд. Ба ин нишонаҳо ҳамчунин мушакпаррӣ, ларзиши забон ва дасту по, дубинӣ, калавида роҳ рафтан ва васеъ шудани мардумаки чашм ҷӯр мешаванд. Гексахлоран (гексахлорсиклогексан; ГХСГ) ва гексахлорбутадиен аз ҷумлаи пеститсидҳои хлорорганикианд. Бемадорӣ, дарди сар, сарчархзанӣ, заъфи ҳофиза, бехобӣ ва тундмизоҷӣ нишонаҳои заҳролудшавии сабук аз онҳо мебошанд. Заҳролудшавии вазнин бо осебёбии силсилаи асаб — камҳаракатии дасту по ва фалаҷшавӣ падид меояд. Мумкин аст фаъолияти ҷигар, гурда ва меъда низ халал ёбад. Агар заҳр ба андомгон аз роҳи нафас ворид шуда бошад, то омадани табиб ҷаврдидаро ба ҳавои тоза бароварда, либосҳои доруолудро мекашанд, ҷойҳои лучи баданро бо об мешӯянд. Ҳангоми ба аъзои ҳозима афтодани заҳр, ба ҷаврдида 3-4 истакон оби шӯртаъм (0,5 чумча намак ба як истакон об) нӯшонда, қай овардан лозим аст. Ин корро 4-5 бор такрор бояд кард. Сипас ба ӯ як қошуқ намаки исҳоловар медиҳанд. Истеъмоли 5-6 қурси бесалол ё бекарбон, ҳамчунин нони хушк ва чои гарм низ муфид аст. Беморро бе болишт, беҳтараш парӯ хобонда сарашро ба рост ё чап мегардонанд, то ки ҳангоми қай роҳи нафас банд нашавад. Моддаҳои кимиёиро фақат дар зарфҳои стандартӣ ва ҳавоногузар нигоҳ медоранд (бе навиштаҷот ва дар шиша нигоҳ доштани онҳо норавост). Дар косаю табақ ё дегча ҳал кардани пеститсидҳо мамнӯъ аст. Агар дар дастурамал таъкид шуда бошад, ки 1 қурс карбофосро дар 3/4 истакон об ҳал кардан лозим аст, ин чунин маъно дорад, ки бо истакон фақат миқдори обро чен ва доруро дар зарфи дигар ҳал мебояд кард. Биноҳои иқоматиро ҳангоми ҳузур надоштани одамон, инчунин набудани ҳайвоноти хонагӣ, паранда ва моҳиҳо безарар мегардонанд. Зарфу хӯрокиҳоро аз ошхона баровардан лозим. Дорузан бояд даҳону биниашро бо чаҳор қабат дока баста, ба чашм айнаки махсус пӯшад. Пас аз истифодаи инсектитсидҳо ҳаво додани хона шарт аст. Шаб ба хонаи хоб пошидани доруҳои хлорофосӣ қатъан манъ аст. Доруҳо бояд дар ҷои барои кӯдакон дастнорас гузошта шаванд. Дар ҳузури одамони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ, силсилаи асаб, дилу рагҳо ва зиқи нафас истифода бурдани инсектитсидҳои фосфорорганикӣ мамнӯъ аст. Ҳангоми дору пошидан ба дарахтон низ риояи тадбирҳои эҳтиётӣ шарт аст. Ба коҳу, шалғамча, туршак ва сабзавоти дигар дору намезананд. Ба дарахтони мева ва буттамева фақат то гул кардани онҳо дору мепошанд.
Заҳролудшавӣ аз оксиди карбон (II)
[вироиш | вироиши манбаъ]Заҳролудшавӣ аз оксиди карбон (II) бинобар риоя накардани қоидаҳои истифодаи бухорӣ, масалан, бармаҳал бастани дудкаш (дудбаро) ё вайрон будани он, сӯхтор, ихроҷи газ ва амсоли инҳо ба амал меояд. Заҳролудшавӣ аз газҳои мошин (то 10 % СО доранд) ҳангоми кори муҳаррики автомобил дар ҷойҳои шамолнорас, дуру дароз нишастан дар кабинаи автомобил ё автобусе, ки дарҳои он пӯшидаанд, инчунин таъсири дуди тамоку (3-6 % СО дорад) рух медиҳад. СО аз ҷумлаи газҳои заҳрноки саноатист. Он беранг буда, дар шакли холис бӯи сусти сирпиёзро дорад. Одам СО-ро ҳангоми нафас гирифтан ҳис намекунад, аз ин рӯ заҳролудшавӣ ноаён фаро мерасад. СО нахуст ба хун, сипас ба силсилаи асаб, бофтаи мушакҳо ва дил зарар мерасонад. СО-е, ки аз шуш ба хун гузаштааст, ба ҳемоглобин нисбат ба оксиген 250—300 баробар тезтар таъсир расонда, пайвасти устувори карбоксиҳемоглобинро ба вуҷуд меорад. Ҳемоглобин бо СО пайваст шуда, қобилияти аз шуш ба ҳуҷайраҳо бурдани оксигенро гум мекунад. Ихтилоли фаъолияти хун сабаби норасоии оксиген дар ҳуҷайраҳо, қабл аз ҳама дар мағзи сар, мегардад. Бинобар коҳиши миқдори оксигени хун нафастангӣ оғоз меёбад. Заҳролудшавӣ аз СО дар кӯдакон, занони ҳомила ва ашхоси гирифтори бемориҳои шушу дил хеле вазнин аст. Заҳролудшавӣ баъди 2-4 соат қарор доштан дар ҳавое, ки 0,22-0,23 мг/л СО дорад, ба вуҷуд меояд. Дар сурати 1-3 дақ. қарор доштан дар ҳавое, ки миқдори СО 14 мг/л аст, марг фаро мерасад. Аломатҳои нахустини заҳролудшавӣ аз СО дарди сар (баъзан дарди шадид), сарчахрзанӣ, ғуввоси гӯш ва сиёҳӣ задани чашм мебошад. Агар таъсири СО қатъ нагардад, муддате заъфи умумӣ, сурфаи хушк ва қай падид меояд, вале одам аз ҳуш намеравад; мумкин аст таваҳҳуми пайваста бо фиреби босира ва сомеа пайдо шуда, беҳолӣ, рӯҳафтодагӣ ва хоболудӣ хуруҷ кунад. Баъдан одам беҳуш, пӯст сурх, мардумаки чашм васеъ, нафас аввал хирросиву тез, сипас рӯякӣ ва ноаён мешавад. Осебдидаро фавран ба ҳавои тоза бароварда, ба тахтапушт мехобонанд, гиребон ва камарбандашро мекушоянд. Дуру дароз нафас кашидани ҳавои тоза беҳтарин воситаи табобат аст. Агар имкон бошад, аз болишти оксигендор бояд истифода кард. Ба пешонӣ ва қафаси сина ях мемонанд. Агар осебдида ҳушёр бошад, пас ба ӯ чойи гарм ва қаҳва медиҳанд. Ба шахси беҳуш пахтаи бо спирти навшодир таркардаро эҳтиёткорона бӯй мекунонанд. Дар ҳолати нафас нагирифтан ё якбора қатъ шудани он фавран ба нафасдиҳии сунъӣ (бо усули даҳон ба даҳон ё даҳон ба бинӣ) шурӯъ менамоянд. Баъди ин осебдидаро зуд ба муассисаи табобатӣ бурдан лозим аст.
Заҳролудшавӣ аз рустаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Заҳролудшавӣ аз рустаниҳо бештар дар мавсими гарми сол дар байни сайёҳоне, ки рустаниҳо ё занбӯруғҳои ношиносро дар ғизо истифода мебаранд, инчунин дар байни кӯдаконе, ки тобистон ба фароғатгоҳҳо мераванд, ба вуқӯъ мепайвандад. Диққати кӯдакони хурдсол (хусусан то 5-сола)-ро намуди зебои ғуҷуммева ва рустаниҳо ҷалб мекунад. Бинобар ин онҳо мехоҳанд аз чунин «меваҳо» бичашанд. Худмуолиҷа бо ҷӯшобаву шираи рустаниҳо низ боиси заҳролудшавии шадид мегардад. Истеъмоли рустаниҳои заҳрнок ба фаъолияти меъдаю рӯдаҳо халал ворид месозад. Аз ин лиҳоз фарқ кардани заҳролудшавӣ аз рустаниҳо аз заҳролудшавӣ аз ғизо басо мушкил аст. Бисёр рустаниҳо аслан заҳрноканд, дар баробари ин рустаниҳои муфиде низ ҳастанд, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани таркиби кимиёӣ (масалан, картошкае, ки зимистон дар саҳро мондааст) ё бо занбӯруғҳои заҳрнок олуда шудан (ҳангоми нигоҳдории нодуруст) заҳролуд шудаанд. Заҳри таркиби рустаниҳо ба алкалоидҳо, гликозидҳо, баъзе равғанҳои эфирӣ ва асидҳои органикӣ (асиди сианид, оксалат) мансубанд. Алкалоидҳо пайвастҳои мураккаби органикӣ буда, таркиби онҳо аз карбон, ҳидроген ва нитроген иборат аст. Намаки алкалоидҳо дар об зуд ҳал ва дар меъдаву рӯда тез ҷабида мешавад. Хусусияти асосии гликозидҳо он аст, ки онҳо бе душворӣ ба ҷузвҳои таркибии худ — карбоҳидратҳо (қандҳо) ва чанд моддаи заҳрноки дигар таҷзия мегарданд. Раванди ҳосил ва ҷамъ шудани заҳри рустаниҳо гуногун буда, вобаста ба марҳалаи рушд, шароити иқлим ва хок якбора тағйир меёбад. Ҳассосияти ҳайвонот ва инсон ба таъсири заҳр гуногун аст. масалан, нисбат ба одам аспу саг ба 1 кг вазн 10, кабӯтар 100, қурбоққа 1000 баробар зиёдтар ба таъсири алкалоидҳои хашхош (кӯкнор) тоб меоранд. Заҳрогинии бисёр рустаниҳо маълум бошад ҳам, ҳар сол шумораи заҳри нав ба нави онҳо меафзояд. Ҳангоми заҳролудшавӣ аз рустаниҳо қабл аз ҳама нишонаҳои осеби силсилаи асаб ба мушоҳада мерасад. Баъзан маводди заҳрноки рустанӣ фаъолияти маркази асабро ангехта, дар ҳолатҳои дигар, баръакс, онро фурӯ менишонад ё фалаҷ мегардонад. Вобаста ба ин, дар ҳолати якум нишонаҳои ҳаяҷони зиёд, ихтилоҷи дасту по, ихтилоли шуур, хориши пӯст ва дар пеши чашм намудор шудани «пашшача»-ҳо бартарӣ доранд. Мардумаки чашм васеъ, пӯст хушку тафсон ва набзу нафасгирӣ тез мешавад. Ин аломатҳо дар мавриди заҳролудшавӣ аз шобезак, банги девона, шоҳдона, явшон, аҷалгиёҳ ва дигар рустаниҳои заҳрашон асабгиро ба мушоҳида мерасанд. Дар ҳолати дуввум аломатҳои заъфи ҳассосияти пӯст, хоболудӣ, рӯҳафтодагӣ, душвории ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ ва беҳушӣ бартарӣ доранд; набз ва нафасгирӣ заиф шуда, одам арақ мекунад, бадан сард мешавад. Ин гуна нишонаҳо ҳангоми заҳролудшавӣ аз кӯкнору чилбуғум рух медиҳанд. Бисёр рустаниҳои заҳрнок ба луобпардаи узвҳои ҳозима таъсир расонида, боиси дарди шадиди шикам, дилбеҳузурӣ, қай ва исҳол мешаванд. Дар натиҷа оби бадан талаф ёфта, беҳолӣ, нафастангӣ, заъфи фаъолияти дил ба вуҷуд меояд. Ба ин гурӯҳ рустаниҳое мансубанд, ки дар таркибашон сапонинҳо (зарбат, картошкаи нешзада, ангури сагак, хардал ва ғ.) мавҷуданл. Заҳри рустаниҳое, ки фаъолияти дилро халалдор месозанд (масалан, ҷӯшобаи панҷаи Алӣ, гули барфак, испарак, бедгул), гликозид ном дорад. Гликозидҳоро ба сифати дору низ истифода мебаранд, зеро онҳо мушаки дилро таҳрик дода, суръати кашиши онро танзим менамоянд. Меъёри зиёди заҳри чунин рустаниҳо кори дилро беҳад тезонда, онро аз дарки боздорандаи ҷунбаҳои силсилаи асабҳои марказӣ, ки тавассути асаби гумроҳ фиристода мешавад, маҳрум менамояд. Асари чунин заҳр бо аломатҳои задани дил (ба ихтилоли фаъолияти он вобаста аст), паридани ранги рӯй ва беҳушӣ зоҳир мегардад. Гликозидҳои рустании панҷаи Алӣ ва амсоли он дар андомгон захира мешаванд. Бинобар ин, пас аз истеъмоли андаке аз онҳо (15-20 қатра) мумкин аст нишонаҳои заҳролудшавӣ ба вуҷуд оянд. Ҳамчунин дар таркиби ҷӯшобаи ин рустаниҳо сапонин ва дигар пайвастҳои органикӣ мавҷуд аст, ки луобпардаи узвҳои ҳозимаро табоҳ сохта, сабаби дилбеҳузурӣ, қай ва исҳол мегардад. Заҳролудшавӣ аз ҷӯшобаи чемеритса бо ногаҳон суст шудани набзу дилзанӣ (баъзан дар 1 дақ. то 20-30 бор) оғоз ёфта, боиси беҳушӣ ва фавти бемор мешавад. Бархе аз рустаниҳо (масалан, салиба, чойчӯба ва талхаки гулобӣ) бештар ба ҷигар таъсир мерасонанд. Бинобар ин, онҳоро заҳрҳои ҷигар меноманд. Алкалоиди ин рустаниҳо сабаби беиштиҳоӣ, ихтилоли ҳазми хӯрок (дилбеҳузурӣ, исҳол), зардпарвин, хориши пӯст, дарди ҷигар ва ихтилоли фаъолияти рӯҳӣ (ҳаяҷони нутқ, ки ба хоболудӣ иваз мешавад) мегардад. Ҳангоми заҳролудшавӣ аз рустаниҳо фавран бо ангушт қай овардан зарур аст. Қабл аз ин ба осебдида 1-2 истакон оби гарми шӯртаъм (0,5 қошуқча намак ба 1 истакон об) менӯшонанд. Қайро 5-6 бор такрор намуда, баъдан ягон маводди ҷабанда (80-100 г нони сиёҳи хушк ё 3-4 қурси ангишти фаъол — карболен) медиҳанд. Сипас нӯшонидани доруи исҳоловар (30-50 г намаки сулфати натрий ё сулфати магний дар 0,5 истакон об) муфид аст. Дар мавриди безобита шудани бемор то расидани табиб ӯро дар бистар хобонда, ба сараш ягон чизи сард мегузоранд. Ҳангоми беҳушӣ сари ӯро аз пойҳо пасттар гузошта хобондан лозим аст. Агар нафасгирӣ ва фаъолияти дил қатъ гардад, бо усули даҳон ба даҳон нафас дода, дилро масҳ мекунанд.
Заҳролудшавӣ аз шароб
[вироиш | вироиши манбаъ]Заҳролудшавӣ аз шароб дар натиҷаи истеъмоли машруботи спиртдор ба амал меояд. Миқдори алкуҳуле, ки шахсро заҳролуд мекунад, ба синн, ҷинс, вазни бадан ва ҳолати ҷисмонии ӯ вобаста аст. Заҳролудшавӣ, маъмулан, пас аз якбора истеъмол кардани миқдори зиёди шароб (бештар аз 500 мл) ё дар андак вақт бисёр нӯшидани он падид меояд. Дар одамони бемору заиф ва хаста, инчунин дар кӯдакон миқдори начандон зиёди шароб метавонад сабаби заҳролудшавӣ гардад. Дар мавриди заҳролудшавии сабук аз спирти этил фаъолияти рӯҳӣ халал ёфта, кори дил тез ва фишори хун баланд мешавад, сар чарх мезанад, дилбеҳузурӣ ва қай ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми заҳролудшавии вазнин ихтилоли амиқи силсилаи марказии асаб (ҳатто то дараҷаи аз ҳуш рафтан) ба вуқӯъ мепайвандад. Нафаскашӣ ва фаъолияти дил халал ёфта, ҳисси дард аз байн меравад, одам арақ мекунад, рухсораҳо сурх ва хунрагҳои сафедии чашм намоён мешаванд, аз даҳону бинӣ луоб (баъзан луоби кафкнок) мешорад, дарун меравад. Дар натиҷаи ба роҳи нафас гузаштани луоб ва ғизои қайкарда, инчунин ба дарун рафтани забон нафаскашӣ душвору хирросӣ мешавад. Дар ҳолатҳои ба миқдори хеле зиёд истеъмол кардани шароб маркази нафаскашӣ, ки дар мағзи сар қарор дорад, хароб, нафаскашӣ кӯтоҳ, набз тез ва фишори хун паст мешавад. Заҳролудшавӣ аз шароб оризаҳои ногувор низ дорад. масалан, дар одами гирифтори бемории қанд он мумкин аст муҷиби иғмои диабетӣ (нигар Диабети қандӣ) шавад. Истеъмоли зиёди шароб дар ашхоси гирифтори бемории ғалаёни хун (ҳипертония) ва атеросклероз сабаби халал ёфтани гардиши хун дар мағзи сар, сактаи мағзи сар ё сактаи дил мешавад. Заҳролудшавӣ аз алкуҳули сунъӣ — баъзе моддаҳои кимиёӣ низ бисёр дучор меояд. Чунин моддаҳо қалбакӣ ва ҳақиқӣ мешаванд. Ба гурӯҳи аввал маҳлулҳои техникие мансубанд, ки дар таркиби худ ба ҷои спирти этил этиленгликол, атсетон, спирти метил, дихлорэтан доранд. Гурӯҳи дуввум моддаҳоеро дар бар мегирад, ки дар таркибашон спирти этил доранд (масалан, маҳлули доруҳо ва атриёти ороишӣ). Этиленгликол дар андомгони одам ба маводди хеле заҳрогин — асидҳои гликол ва оксалат табдил меёбад. Ҳангоми заҳролудшавӣ аз он фаъолияти силсилаи марказии асаб халал ёфта, аввал ҳаяҷон, ташаннуҷ, баъдан беҳушӣ, нафастангӣ ва ихтилоли кори дил рух медиҳад. Дар натиҷаи ҳосил шудани намакҳои асиди оксалат, ки ҷӯякчаҳои гурдаро масдуд мекунанд, нақси шадиди гурда ба вуқӯъ мепайвандад. Дар байни одамон заҳролудшавии оммавӣ аз этиленгликол ва спирти метил низ бисёр ба мушоҳида мерасад. Ҳолатҳои нӯшидани атсетон низ кам нестанд. Атсетон роҳи ҳозимаро сӯзонда, боиси илтиҳоби музмини луобпардаи меъда — гастрит мегардад. Заҳролудшавии аз ҳама вазнин дар натиҷаи истеъмоли дихлорэтан ба вуҷуд меояд. Дихлораэтанро барои тоза кардани либос, пайвастани навори магнитофон ва ғ. истифода мебаранд. Он дар баробари дигар узвҳо ба силсилаи дилу рагҳо, ҷигар ва гурда низ зарар мерасонад. Дар чунин маврид осеби дилу рагҳо хеле зуд инкишоф меёбад, ки табобати он душвор аст. Дихлорэтан заҳри қотил буда, танҳо муолиҷаи фаврии муштарак бо истифода аз гурдаи сунъӣ метавонад ҷаврдидаро аз марг раҳонад. Доруҳое, ки дар таркиби худ спирти этил доранд, зиёд ба фурӯш бароварда мешаванд. Бинобар ин онҳоро ҳар кас метавонад пайдо кунад. Баъзе марҳамҳо аз анестезин иборатанд, ки миқдори заҳрноки он муҷиби иллати хун мегардад. Дар натиҷа хун оксигенро ба узву бофтаҳо интиқол дода наметавонад. Аз ин сабаб ранги пӯст ва пардаҳои луобӣ кабуд шуда, худи хун мисли заҳролудшавӣ аз анилин ё селитра қаҳваранг мегардад. Воситаҳои атторӣ ва ороишӣ низ дар таркибашон спирти этил доранд. Аз ин сабаб ҳангоми истеъмоли онҳо аломатҳои заҳролудшавӣ мушоҳида мешаванд. Одамони майзада ҳатто ишҳобаоби спиртиро, ки барои дасткорӣ кардани мебел ба кор меравад, истеъмол мекунанд. Дар таркиби он, ғайр аз спирти этил, нигрозин ном моддаи рангбахш мавҷуд аст. Ҳангоми нӯшидани ишҳобаоб, ҳамзамон бо заҳролудшавии вазнин, пӯсти бадан ва луобпардаҳо то чанд моҳ кабуд мешаванд. Нӯшидани арақи дастӣ низ бехавф нест. Ҳангоми кашидани он ба миқдори зиёд равғани сивуха ҳосил мешавад, ки ба кори меъдаю ҷигар таъсири манфӣ мерасонад.
Бо мақсади ёрӣ ба ҷаврдида бетаъхир меъдаро шустан лозим аст. Бо ин мақсад ба бемор 3-4 истакон об (ба ҳар истакон об як чумча содаи хӯрокӣ ҳамроҳ карда мешавад) нӯшонида, сипас бо чумча бехи забонро зер мекунанд ва ӯро ба қай намудан водор месозанд. Баъд ба ӯ чои талх ё қаҳва додан лозим аст. Меъдаи одами беҳушро метавонад фақат корманди тиб, маъмулан, гурӯҳи ёрии таъҷилӣ бишӯяд. То расидани ёрии таъҷилӣ зарардидаро парӯ хобонда (бе болишт) сарро ба тарафи рост ё чап мегардонанд, то ки ҳангоми қай кардан роҳи нафас баста нашавад. Ба ӯ бӯй кунондани спирти навшодир низ муфид аст. Ёрии аввалин ҳангоми заҳролудшавӣ аз спирти метил ва этиленгликол қадре тафовут дорад. Агар зарардида беҳуш набошад, ба ӯ 100—150 мл спирти этил (арақ) менӯшонанд. Спирти этил позаҳри фаъол буда, таҷзияи спирти метил ва этиленгликолро дар андомгон ба таъхир меандозад.
Заҳролудшавӣ аз ҷонварон
[вироиш | вироиши манбаъ]Заҳролудшавӣ аз ҷонварон дар бештари мавридҳо бинобар газидани ҳайвоноти заҳрдор рух медиҳад. Дар дунё дар як сол аз газидани морҳои заҳрнок беш аз 1 млн одам зарар дида, тақр. 30-40 ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат мерасанд. Дар ИМА соле то 5 млн ҳодисаи одамонро газидани ҳашароти бандпой (занбӯр, тортанак, каждум ва ғ.) ба қайд гирифта мешавад. Оқибати маргвори неш задани занбӯрҳо нисбат ба газидани ҷарангмор се баробар зиёд аст. Ҳайвонот ва ҳашарот дар ҷараёни рушду такомули дуру дароз ва мутобиқат ба муҳити зист заҳр пайдо мекунанд. Роҳи маъмули ба ҷисми дигарон фиристодани заҳр неш задан (тортанакҳо, занбӯрҳо) ва газидан (морҳо) мебошад. Усули заҳролудсозии нофаъол низ вуҷуд дорад. Он дар натиҷаи тасодуфан дар хӯрок афтодани ҷонварони заҳрнок сар мезанад. Дар дунё морҳои заҳрнок хеле бисёранд. Дар Тоҷикистон бештар намудҳои гуногуни гурза дучор меоянд. Ҳуҷуми гурза ба одам, маъмулан, хусусияти мудофиавӣ дорад. Ҷои газидаи он сурх шуда, дард ва варам мекунад; асари заҳр мумкин аст ба тамоми бадан интиқол ёбад. Зуд дар андомгон паҳн шудани аломатҳои заҳролудшавӣ натиҷаи таъсири протеаза ва гиалуронидаза аст. Ин ферментҳо боиси нуфузпазирии барзиёди рагҳо ва таровиши қисми моеи хун ба бофтаҳо мегарданд. Заҳролудшавии вазнин пайваста ба баланд шудани ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ ва қай ҷараён мегирад. Баъзан, алалхусус дар кӯдакон, ташаннуҷ, ихтилоли рӯҳӣ (ҳазён) ва суст гаштани фаъолияти дил мушоҳида мешавад. Заҳри морҳои дигар, масалан, кубро ва афъӣ бештар таъсири умумӣ дошта, заъфи мушакҳо, аз ҷумла мушакҳои гулӯ ва забонро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷа одам наметавонад ҳарф занад ё чизеро фурӯ барад. Аломати мудҳиши чунин заҳролудшавӣ фалаҷи мушакҳои роҳи нафас аст, ки он ба таъсири заҳри кураре шабоҳат дорад. Бо мақсади расондани ёрии аввалия фавран аз ҷои моргазида қатраҳои хунро фишурда мебароранд, заҳрро бо даҳон макида, туф мекунанд. Сӯзондани ҷои моргазида ва буридани атрофи он хавфнок аст, зеро хатари ба захм ворид шудани микробҳои бемориовар меафзояд. Тофтабандӣ кардани он ҷо низ мумкин нест, зеро гардиши хун халал ёфта, варам ва хунмурдагӣ (аломати он кабуд шудани пӯст аст) ба амал меояд. Бо ёрии ҷабира (шина) ё ашёи дигар беҳаракат нигоҳ доштани узви зарардида (чун дар ҳолати шикасти устухон) хеле муҳим аст. Ба андомгон зудтар гузаронидани позаҳр (дар муассисаҳои муолиҷавӣ мавҷуд аст) аҳаммияти махсус дорад. Маъмулан, якбора зардоби зидди кузозро низ мегузаронанд, чунки захм барои сирояти ангезандаҳои он мусоидат мекунад. Дар ҳама ҳолатҳои газидани мор бояд фавран ба духтур муроҷиат кард. Дар сурати газидани ҳашароти заҳрнок, хусусан ғунда ва бий (тарантул), ёрии аввалия ва тарзи муолиҷа мисли газидани мор аст. Ҷои газидаи онҳо дард мекунад. Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирии садама (шок) ба ҷаврдида доруҳои таскинбахш (аналгетикҳо ва ғ.) медиҳанд. Якбора газидани занбӯрҳои бисёр низ барои одам хавфнок аст, хусусан агар андомгон нисбат ба онҳо ҳассосияти зиёд дошта бошад. Дар ин сурат ғайр аз варами ҷузъии бофтаҳо табларза ва дарди сахти сар низ мушоҳида мешавад, ташаннуҷ ва ихтилоли шуш ба вуҷуд меояд. Ҳангоми пайдоиши аломатҳои мазкур ба пешонӣ латтаи тар ё зарфи яхдор мегузоранд, ба ҷаврдида як истакон чои сиёҳи ширин нӯшонида, як қурс аспирин медиҳанд, сипас духтурро даъват менамоянд. Агар касро занбӯр газида бошад, неши онро аз захм баровардан лозим аст. Муолиҷаи заҳролудшавӣ имконпазир аст. Дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, марказҳое мавҷуданд, ки барои ташхиси фаврӣ (муайян намудани заҳр дар хун, пешоб ва ғ.) ва табобати заҳролудшавӣ аз усулҳои замонавӣ («гурдаи сунъӣ», «ҷигари сунъӣ» ва ғ.) истифода мебаранд. Онҳо дар соҳаи токсикологияи клиникӣ (илми махсус оид ба заҳршиносӣ), ки масоили заҳролудшавии шадидро меомӯзад, пажӯҳишҳо анҷом медиҳанд. Баъзе бемориҳо, масалан, сактаи дил ва сактаи мағзи сар (махсусан дар одамони солхӯрда) мумкин аст бо аломатҳои заҳролудшавӣ (дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қай, заъф) ҷараён гиранд. Чунин аломатҳо ҳангоми аппендитсити шадид, инсидоди рӯда, энтерит ва дигар бемориҳо низ мушоҳида мешаванд. Бинобар ин дар чунин маврид шустани меъда ва истифодаи намакҳои мусҳил мумкин аст оризаҳои ногувор ба вуҷуд орад. Аз ин рӯ то омадани духтур андешидани тадбирҳои ёрии таъҷилӣ дар сурате ҷоиз аст, ки агар ба заҳролудшавӣ бовари комил ҳосил шуда бошад. Усулҳои умумии пешгирии заҳролудшавии шадид: 1) роҳ надодан ба худмуолиҷа — яъне худсарона ягон доруи номаълумро хӯрдан ё марҳами номаълумеро ба пӯст молидан; 2) нигаҳдории дурусти доруҳо — дар доруқутӣ бояд фақат доруҳои ёрии аввалин ва зарурӣ маҳфуз бошанд; бе навиштаҷот нигоҳ доштан ё дар шишачаи дигар гирифтани дору мамнӯъ аст; ҳама намуди доруро бояд дар ҷойи барои кӯдакон дастнорас нигоҳ дошт; 3) риояи қоидаҳои истифодаи маводди кимиёии рӯзгор — ин гуна маводро алоҳида ва дур аз хӯрокворӣ нигоҳ доштан лозим аст; ҳар як мавод бояд тамғакоғази аниқ дошта бошад; ба шишаҳои май ё пиво рехтани маҳлули васоити кимиёии рӯзгор (хусусан инсектитсидҳои моеъ) мамнуъ аст; 4) эҳтиёткорӣ дар ҷамъоварии занбӯруғу ғуҷуммеваҳо — дуруст дарёфтани занбӯруғу ғуҷуммеваҳои хӯрданӣ аз заҳрогини онҳо; 5) худдорӣ кардан аз истеъмоли ҳар навъ арақи сунъӣ ва ғизоҳои шубҳаангез; 6) риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ. заҳролудшавӣ дар ҳайвонот бештар дар натиҷаи истеъмоли хӯроки гандида, нафас гирифтани ҳавои заҳролуд, газидани ҷонварони заҳрдор ва ғ. ба вуҷуд меояд. Дар байни хӯрданиҳои ҳайвонот хусусан заҳролудшавӣ маъмул аст. Он мумкин аст ба воситаи истеъмоли хӯроки олуда ба заҳрҳои бактериявӣ ва занбӯруғӣ, пеститсидҳо, тухми рустаниҳои заҳрнок ва зараррасонҳои анбор, нодуруст тайёру нигаҳдорӣ кардани хӯрок рух диҳад. Гӯшти ҳайвонеро, ки ба сабаби заҳролудшавӣ забҳ карда шудааст, баъди дар озмоишгоҳ санҷидан ва исбот шудани безарарии он истеъмол мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заҳролудшавӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.