Зебо Қосимова
Зебо Қосимова | |
Таърихи таваллуд | 16 июн 1930 |
Зодгоҳ | СамарқандҶШС Ӯзбекистон |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Зебо Абдулҳакимовна Қосимова (16.06.1930, гуз. Чорраҳаи шаҳри Самарқанд) — омӯзгор, дорандаи нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зебо Абдулҳакимовна Қосимова 16.06.1930 дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Соли 1930 бо аҳли оила ба шаҳри Сталинобод (ҳоло – шаҳри Душанбе) кӯчида омадааст. Дар мактаби миёнаи №1 шаҳри Сталинобод хондааст (1937-1947). Техникуми педагогии занонаи шаҳри Сталинобод (1951), факултети забон ва адабиёти русии ИПС ба номи Т.Г. Шевченко (ДОТ ба номи Т.Г. Шевченко)-ро хатм кардааст (1955). Лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (1955-1958). Соли 1959 ба кори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (УДТ ба номи В.И. Ленин) гузаштааст (1959-1961). Муаллим, муал. калони кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (УДТ ба номи В.И. Ленин)(1961-2006).
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи зиёда аз 40 номгӯй маводи таълимӣ ва ҳаммуаллифи 13 номгӯй дастури илмию методӣ, аз ҷумла:
- «Масъалаҳои методика ва психологияи таълими забони русӣ дар мактабҳои миёнаи тоҷикӣ» (Д., 1973),
- «Маҷмӯаи матнҳо барои нақли хаттӣ» (Д., 1977),
- «Дастури методӣ доир ба курси амалии забони русӣ дар донишкадаҳои олии ғайризабонӣ», қ. 1( Д.,1983),
- «Супоришҳои таълимӣ аз грамматика дар курсҳои амалии забони русӣ» (Д.,1988),
- «Забони русӣ». Китоби дарсии усули илмии баён барои донишҷӯёни соҳаи физика (Д., 2006),
- «Забони русӣ». Китоби дарсии усули илмии баён барои донишҷӯёни соҳаи риёзиёт (Д., 2007) ва ғ.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- медали «Ветерани меҳнат» (1988) ва Ифтихономаҳои Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст
.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - С. 198 ISBN 978-99947-958-2-6