Jump to content

Зеҳнии Кобулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зеҳнии Кобулӣ

Мавлоно Зеҳнии Кобулӣ (форсӣ: ملا ذهنی کابلی‎; қарни XV — қарни XVI) — шоир ва хаттоти форс-тоҷик, яке аз шогирдони Мир Алишер Навоӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба қавли Навоӣ («Маҷолису-н-нафоис»), Зеҳнии Кобулӣ ба илмҳои замон ва санъати хаттотӣ майлу рағбат дошт. Дар анвои гуногуни адабӣ шеър мегуфт. Ин байт аз сурудаҳои ӯст:

Ман, ки ҳамчун зулфи мушкинат парешон мондаам,
Гардане каҷ карда бар рӯйи ту ҳайрон мондаам.